Чт07192018

Last updateПн, 16 Июль 2018 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ИҶТИМОЪ

ОБОДКОРИҲО ДАР ҶАВОНОН

Наврӯз ҷашнест, ки бо омад-омади худ аз эҳёи табиат, оламу одам мужда мерасонад. Беҳтарин ва зеботарин анъанаву одатҳои қавмҳои ориёӣ маҳз аз Наврӯз шакл гирифтаву густариш ёфтаанд. Дар ҳамаи деҳу ҷамоатҳои кишвар бо аваллин муждаи баҳору омади Наврӯз мардум пайи ободонию зебогардонии хонаву манзил, деҳаву маҳалла ва навоҳии худ камари   ҳиммат мебанданд. Нақши инро мо дар меҳнати дастҷамъонаи сокинони Ҷамоати деҳоти Ҷавонон мушоҳида менамоем. Дар ин ҷамоат деҳае нест, ки барномаи ободкории худро матраҳ накарда бошад. Заҳмати мардуми деҳаи Арзановаи ҷамоати мазкур тасдиқи гуфтаҳои мо мебошад. Аҳли ин деҳа бо сарварии раиси маҳалла-ҷавони серғайрату пуркор Суҳроб Саидов аллакай аз масофаи 7,5 км ба деҳа хати оби нӯшокиро овардаанд ва ният доранд дар арафаи ҷашни Наврӯз расми ифтитоҳи онро баргузор намоянд.

Бунёди майдони варзишии футболбозӣ , ки дар сатҳи ҳозиразамон қарор дорад, аз дигар ободкории ин мардуми меҳнатқарин ва сарвари оқилу некандеши он Суҳроб Саидов гувоҳӣ медиҳад. Ва имрӯзҳо мардуми деҳа бо сарварии ин ҷавонмарди ободпеша амали неку хайри дигар-девор бардоштани   атрофи оромгоҳи деҳаро, ки он ҳам яке аз фазилатҳои маъруфи Наврӯз аст, рӯи кор гирифтаанд.

Аслан ободии ҳар як деҳа пеш аз ҳама аз чӣ аҳвол доштани роҳҳои байни маҳаллаҳои он баҳо дода мешавад. Зеро ба назари ҳар як шахси вориди деҳа гашта аввалтар аз ҳама ҳолати ободии роҳҳои он бармехӯрад. Ин аст, ки мардуми деҳаи Арзанова қарор додаанд, ки дар арафа ва рӯзҳои ҷашни Наврӯзи дилафрӯз роҳҳои байни кӯчаҳои деҳаашонро аз сари нав сангфарш ва тахту ҳамвор намоянд.

Дар саргаҳи ин ҳама ободсозию бунёдкории сокинони ин деҳа эҳтиром ва иттифоқу дастҷамъии мардумаш меистад, ки раиси маҳалла Суҳроб Саидов тавонистааст, онро ба вуҷуд биёрад. Аз иттилое, ки аз намояндагони ин ҷамоати деҳот гирифтем, онҳо тасмим доранд дар арафаи ин ҷашни пуршукӯҳ муассисаи таълимии дорои 200 ҷойи нишастро дар деҳаи Навобод, бунгоҳи нави тиббиро, ки муҷаҳҳаз бо тамоми таҷҳизотҳои зарурӣ   дар деҳаи Хамисавра бо дастгирию роҳбарии бевоситаи раиси маҳалла Асадулло Шарипов қомат рост кардааст, майдончаҳои варзиширо дар деҳаҳои Обисангбур ва Арзанова, ҳамчунин оғози бунёди ду бунгоҳи тиббиро бо дар назардошти утоқҳои ташхисӣ ва доругузаронӣ дар деҳаи Карсанг, хати оби нӯшокии деҳаи Арзановаро расман ифтитоҳ бахшанд. Ҳамчунин равшаникунонии деҳаҳои атрофи шоҳроҳи Душанбе-Роғун дар ҳудуди ҷамоат ба анҷом расид.

Вақте ки сухан дар бораи сохтмону ба истифода додани муассисаи таълимии деҳаи Навобод меравад, нақши мутахассиси ҳамин ҷамоат Кароматулло Саидовро ёдовар нашудан имкон надорад. Зеро ӯ аз оғози корҳои сохтмони муассисаи мазкур то ба имрӯз рафти сохтмонро бевосита роҳбарӣ намудааст, ки инро раиси Ҷамоати деҳоти Ҷавонон Ҷаҳоногир Боев ва муовини раиси ноҳия Н. Раҷабова махсус қайд намуданд.  

Хулоса, гумон меравад, ки Наврӯзи имсола дар ёдҳо ва хотири мардуми Ҷамоати деҳоти Ҷавонон то дергоҳ ҳамчун фасли ободкорию бунёдсозӣ бо сарварии раиси ҷавону кордони он Ҷаҳонгир Боев нақш хоҳад баст.