Пн12102018

Last updateСр, 05 Дек 2018 4pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ИҶТИМОЪ

УСТОШАМС – МАКОНИ КУЛОЛӢ

Ё МАКТАБИ ҲУНАРИ КУЛОЛГАРИИ ЗАРАФО РАҲИМОВА ОМӮХТАНИСТ

Мардуми он авлодан ба касби кулолгарӣ машғуланд. Кӣ аъзои Иттифоқи рассомони Тоҷикистон шодравон Зарафо Раҳимоваро намешиносад? Офаридаҳои ин зани ҳунарманд дар намоишгоҳҳои Ҳиндустон, Яман, Япония Италия, Франсия, Германия, Москваю Ленинград ва дигар ҷойҳо баҳои баланд гирифтанд. Ӯ ҳангоми ҳаёт будан ҳунари зебои худро ба Ҳоҷимо Зоирова (равонаш шод бод), Ҷумъагул Қурбонова, Сайлӣ Муродова, Анор Ҳусейнова, Сочигул Асоева ва даҳҳои дигар омӯхтааст, ки маҳсули меҳнати онҳо аз устодашон монданӣ надорад. Имрӯз муаррифгари ин намуди ҳунари мардумӣ – кулолгарӣ сокини ҳамин деҳа Сочигул Асоева мебошад. Мо аз Сочигул Асоева, ин кулолгари хушзеҳну гулдаст боре ҳангоми меҳмони хонадонашон шудан, пурсида будем, ки аз рӯи ҳисоби худ чанд намуди асбоб аз хоки кулолӣ сохтаанд?

- Ростӣ, ҳисоб накардам. Лек, ана нигаред, ба чанд намуде, ки дар наздам истодааст: табақ, коса, чойҷӯш, офтоба, сиба, чармидон, хум, тағора, кӯза, чахдек, ҷӯликӣ, чироғ, қошуқдон, қулқулак, қалпӯшакча, ҳуштак… Имрӯз ягон маъракаи ноҳиявию ҷумҳуриявие нест, ки бе намоиши ҳунарҳои апаи Сочигул Асоева гузарад. Чанд сол пештар дар саҳнаи толори муҷтамеи давлатии «Кохи ваҳдат»-и пойтахт маросими ифтитоҳи нахустфестивали байналмилалии ҳунар ва муди «Диёри ҳусн» баргузор гардида буд. Дар нахустфестивал меҳмонони зиёде аз кишварҳои Афғонистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва ғайра иштирок доштанд. Ба фестивал беҳтарин дастовардҳои кишварҳои ҳамҷавор таҳти навою таронаҳои миллии минтақаҳо ба намоиш гузошта шуда буд. Дар ин намоиш аз 120 давлати дунё 103 намунаи маҳсули ҳунармандӣ пешниҳод шуда буд, ки аз байни онҳо 12 намудаш соҳиби Сертификати «Нишони сифат» гардид. Хушбахтона, аз ҷумҳуриамон маҳсули ҳунари дасти кулолгари деҳаи Устошамс Сочигул Асоева соҳиби ин нишони олии ҳунармандӣ гардид. Дар ин  нахустфестивал ҳусну таваҷҷуҳи зиёди одамон ба ҳунари ин зани файзободӣ бештар дар он буд, ки маҳсули ҳунари ӯ соф дастию эҷодкорона буд. Меҳмонон гаштаю баргашта намунаҳои ҳунари пешниҳоднамудаи ӯро тамошо карда, ба сеҳри дастони ҳунарманди ӯ таҳсину офарин мехонданд. Собиқ раиси шаҳри Душанбе М.Убайдуллоев дар ҷамъбасти нахустфестивал изҳор намуд, ки ба чунин шарафи бузург ноил гардидани маҳсули ҳунармандии ин зани деҳотӣ ифтихори ҳамаи мо, мардуми тоҷик аст. Яъне ӯ бо ҳунараш мардуми Файзободро дар ҷаҳон муаррифӣ намуд.

- Эълон гардидани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро хеле бо хушнудӣ пазируфтам. Кулолгарӣ, ки як намуди ҳунарҳои мардумист, рушду такомули нав мехоҳад. Агар дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Меҳробод як корхонаи кулолгарӣ ташкил карда шавад, мо, шогирдон пеш аз ҳама мактаби ҳунарии устодамон Зарафо Раҳимоваро аз нав эҳё мекардем ва бар замми ин нафарони зиёде ба ин намуди ҳунар рӯзгорашонро пеш мебурданд ва ҷавонону бонувони бешуғл ин ҳунари миллиро ёд мегирифтанд, умедворона мегӯяд Сочигул Асоева.