Пн09242018

Last updateПт, 21 Сен 2018 2pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ИҶТИМОЪ

«МАРШАЛ»-И ОРИФОН

Маликахоларо хурду бузурги деҳаи Орифон мешиносанд. Аммо на бо исми аслӣ. Рӯзи ба аёдаташ рафтан аз мардуми муқими русто хонаи Малика Шамсиеваро пурсон шудем. Ин ном чандон ба онҳо ошно набуд. Вақто ки аз ҳунараш гуфтем, бо табассум ҷавоб гирифтем: “Кампири маршал гӯед”. Вақти суҳбат бо ӯ бароямон рӯшан гардид, ки воқеан сазовори ин унвони халқ аст. Синни мубаракаш ба 80 расида бошад ҳам, ҳанӯз аз ранҷи кафи даст рӯзӣ мебарад. Манзили зисташ коргоҳи бофандагиву ресандагиро мемонад. Мо ӯро дар ҳалқаи пайвандон, келину духтару наберагон машғули кор дарёфтем. Маҳсули дастранҷи офаридааш, аз қабили чолбанди кокулу дастбанди гаҳвора, рафидаву қуроқу гулдӯзӣ ва давриҳои пурнақшу нигораш дар чор девори хона ва рӯйи тахти кӯрпаҳо овезон буданд. Чалаки миёни хона овезон аз машғул буданаш ба ресидану тофтани риштаҳо гувоҳӣ медод. Бо рафтани умраш ба синни муборак равшании дидагонаш тиратар гаштаанд. Лек дилбастагӣ ба касбу меҳнати ҳалол ӯро водор намудааст, ки ба сар фурӯзонак (фанарик) баста, зери равашании он рӯйи матои якрангро пурнақшу нигор созад.

Ӯ аз хурдӣ дар тарбияи бобову бибӣ ба воя расидааст. Мегӯяд, ки ҳамаи ин ҳунарҳоро аз бибии марҳумаш овони хурдсолӣ омӯхтааст. “Бибиям барои нав-хонадорони маҳаллаву ҳамсоядеҳаҳо гулдӯзиву давридузӣ мекард. Мани хурдсол пешаш шишта тамошо мекардам. Оҳиста-оҳиста ба бофтану дӯхтан дилбастагӣ пайдо намудам. Ва баъдтар бо кӯмаки модаркалонам худам мустақилона даврӣ медӯхтам”.

Ӯ ба ҳар кӯки дӯхтаву печи риштаи тофтааш хуб диққат медиҳад, то маҳсули дастранҷи офаридааш сӯфтаву босифат бошад. Ҳамин аст, ки офаридаҳояш ба қавле бозоргир шудаву аз пойтахту шаҳрҳои Ҳисору Ваҳдату Роғун ва навоҳии ҳамсоя барои тайёр намудани чолбанду дастбанд ва гулдӯзиву давриҳои нақши қадимадошта фармоиш мегирад. Аз нақли пайвандон чолбанду дастбандҳои офаридаи модарашонро бо арзиши 50-70 сомонӣ мефурӯшанд. Духтарони холаи Малика мегӯянд, ки арзиши маҳсулот ба фармоиш вобастагӣ дорад. Агар мизоҷон чолбандро бо риштаи тофташуда фармоиш диҳанд, заҳмату масрафи он зиёдтару вақти бештарро металабад. Табиист, ки нархи ин чолбандҳо аз чолбанди муқаррарӣ баландтар аст.

Маликахола меӯяд, то чанд соли пеш барои бофтани як ҷуфт чолбанд як - якуним рӯз вақт сарф мекард. Имрӯз бошад, чунин корро тӯли як ҳафта ба анҷом мерасонад. Аммо аз ин ҳеҷ дилшиката нест, зеро ба қавли худаш офаридани ҳар нақшу дӯхтани ҳар кӯк дар рагу паяш нишастааст. Ҳанӯз ҳам медӯзаду мебофаду рӯйи матои сафед нақшу нигор меофарад.

Дасти мубораки ӯ ба ҳамаи сокинони деҳ расидааст. Имрӯз ӯ маслиҳатгари зиндагии хурду бузурги Орифон аст. Роҳнамову маслиҳатчӣ ва дастгири халқ буданаш, ӯро миёни сокинони деҳ бӯзург, яъне “Маршал” кардааст.

Мардуми маҳалла эътирофкунон мегӯянд, ки воқеан кампири табаррук аст. Зеро ӯ имрӯз болои сари 12 фарзанду 60 набера ва 12 абера бо ин ҳунару маҳорат шоистазани Орифон аст.