Пт08172018

Last updateСр, 15 Авг 2018 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ИҶТИМОЪ

ФАЙЗОБОД – ДИЁРИ ҲУНАРМАНДОН ВА МАКОНИ САЙРУ САЁҲАТ

Фарҳанг шиносномаи миллат ва муаррифгари халқияту тамаддунҳо буда, дар ҳама давру замон ҳамчун рукни асосӣ эътироф ва ҳифз карда мешавад. Дар саёраи замин миллату халқиятҳои гуногун ҳаёт ба сар мебаранд, ки дорои фарҳангу маданияти ба худ хос мебошанд. Вале фарҳангу тамаддуни халқҳои Осиёи Миёна, хусусан кишвари азизамон Тоҷикистон, нисбат ба дигар халқиятҳои курраи замин хеле фарқ мекунад. Фарҳангу маданияти водиҳои Зарафшону Ҳисор, Хатлону Бадахшон аз ҳамдигар тафовут доранд, вале дар заминаи фарҳанги хоси тоҷикӣ ба вуҷуд омаданд.

Ба хотири арҷгузорӣ ба таърихи гузаштагон ва эҳё намудани фарҳангу маданият ва ҳунарҳои мардумӣ бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 соли “Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардид, ки аз ин иқдом соҳаи сайёҳӣ дар кишвар рушд ёфта, ҳунарҳои мардумӣ аз нав эҳё карда мешавад.

Чуноне ки ба ҳамагон маълум аст, диёри Файзобод таърихи беш аз сеҳазорсола дошта, давраҳои гуногуни таърихиро аз сар гузаронидааст. Мувофиқ ба сарчашмаҳои таърихӣ дар ин мавзеи хушбодуҳаво тақрибан се ҳазор сол қабл шаҳре бо номи Вашгирд бунёд гардидааст, ки дар қатори шаҳрҳои бузурги Осиёи Миёна, ба монади Бухоро ва Самарқанд бо ҳашамату бузургии худ мавқеи назаррас доштааст. То ба имрӯз боқимондаҳои харобаҳои ин шаҳр дар деҳаи Сари чашма  бозгӯ аз таърихи қадим доштани диёри Файзобод мебошад.

Дар ин шаҳр яке аз шайхони Балх муриди Шақиқи Балхӣ Хоҷаи Ҳотами Асам замоне зиндагонӣ кардааст. Мақбараи ин шахсияти барҷастаи олами ислом дар ҳудуди шаҳри қадимаи Вашгирд ҷойгир мебошад, ки масофаи байни Қалъаи Сангин ва Қалъаи Фотимаи Заҳро бо мақбараи Хоҷа Ҳотами Асам тақрибан 500 метрро ташкил медиҳад. Мақбара бо санъати баланди меъморӣ сохта шудааст, ки ҳамчун ёдгории таърихӣ ба ҳисоб меравад. Гарчанде теппаҳои болои шаҳрро қабристон ишғол намуда бошад ҳам, вале ин мавзеъ ҳамчун мавзеи сайёҳӣ аҳамияти хоса дорад. Аз ин мавзеъ асбобу олотҳои рӯзгор ва дигар ашёи ба замонҳои қадим хос дарёфт гардидааст, ки имрӯз дар осорхонаи таъриху кишваршиносии ноҳия нигоҳ дошта мешаванд.  Ҳамчунин дар ҳудуди ноҳия мақбараи шахсиятҳои бузург чун Домулло Толиб, Абдураҳими Давлат, Маҳмуд ибни Аҳмад ва Бобои Валӣ бо санъати баланди меъморӣ сохта шудааст, ки диққати зиёраткунандагон ва сайёҳонро ба худ ҷалб мекунад.

Табиати афсункори диёри Файзобод  дили ҳазорон меҳмонону сайёҳонро тасхир месозад. Манзараҳои дилфиреби ин мулк ба бинанда кайфият мебахшад.

Диёри зебоманзару биҳиштосои Файзобод натанҳо табиати нотакрор дорад, инчунин ҳунармандони асил низ дорад, ки ҳунарҳои мардумиро аз гузаштагони худ мерос гирифтаанд ва барои имрӯзу ояндаҳо зинда нигоҳ медоранд. Яке аз ҳунарҳои мардуми Файзобод ин кулолгарӣ ба ҳисоб меравад, ки  дар даврони шаҳри бостонии Вашгирд рушд ёфта буд. Аксари бозёфтҳое, ки аз Қалъаи Сангин ва Қалъаи Фотимаи Заҳро ёфт гардидааст,   аз қабили хуму кӯзачаҳои кулолӣ, табақҳои сафолии наққошишуда ва қубурҳои аз кулол сохташуда тасдиқи гуфтаҳои болоиянд.

Кулолгарӣ дар диёри мо таърихи қадима дорад. Маҳсули дастони яке аз давомдиҳандагони ҳунари кулолгарӣ Зарафо-хола Раҳимова зимни намоишгоҳҳои байналмиллалӣ дар кишварҳои Ҳиндустон, Яман, Ҷопон, Италия, Франсия, Германия ва шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург ба намоиш гузошта шуда, сазовори баҳои баланд гардидааст.  Дар айни ҳол ҳунари кулолгариро шогирди Зарафо-хола Сочигул Асоева идома медиҳад.

Дар қатори ҳунари кулолгарӣ ҳунарҳои чӯбкорӣ, оҳангарӣ, заргарӣ, сабадбофӣ, қолинбофӣ, сӯзанидӯзию кашидадӯзӣ ва рассомӣ дар   Файзобод маъруфият доранд.

Ҳунар баробари намоиш ба меҳмонону сайёҳон инчунин барои беҳтар намудани вазъи иҷтимоии аҳолӣ хизмат мекунад.   Чун Файзобод макони ҳунармандон ва мавзеи тамошобоб барои сайёҳон ба ҳисоб меравад, ҳунармандони ин диёр ҳамеша дар паи эҷоданду мардумаш сарфароз.