Пт11172017

Last updateПт, 10 Нояб 2017 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ИҶТИМОЪ

ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМИ МИЛЛӢ

Бо қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» даҳ сол сипарӣ гардид.
Мақсади қонуни мазкур баҳри паст кардани сатҳи камбизоатӣ, коҳиш додани муҳоҷирати меҳнатӣ ва риояву танзими дурусти маъракаҳоямон мебошад. Қонуни мазкур на танҳо дар ноҳияи Файзобод, балки дар миқёси ҷумҳурӣ манфиати зиёдеро ба бор овард. Барои барпо намудани тӯйи арӯсию домодӣ ва маъракаҳои азодорӣ харҷи зиёдеро масраф менамудем, ки ин ба манфиати кор набуд. Маълум аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бештари суханрониҳои худ ҷиҳати беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум андешаронӣ менамояд. Ва хушбахтона бо қабули қонуни мазкур сатҳи камбизоатӣ сол то сол коҳиш ёфта истодааст. Дар ноҳияи мо низ бо ибтикори раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани қонуни мазкур тадбирҳои зиёде андешида шуда барои коҳиши сатҳи камбизоатӣ, харҷи барзиёд корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда мешавад.
Баъди воридгардидани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо дархости мардум амалӣ шуд, кор ранги дигар гирифт.
Махсусан мувофиқи дархостҳои мардум моддаи 11-и қонуни мазкур, ки маросими дафну азодориро танзим менамояд, забҳи чорворо, ки дар маросими азодорӣ ба ҳукми анъана даромада буд ва ба буҷаи хонавода зарари сахт мерасонд, манъ кард. Ҳамин гуна тағйиротҳо дар дигар моддаҳои қонуни мазкур низ ворид гардидаанд. Ҷашни зодрӯз ба таври ихтиёрӣ, танҳо дар доираи оила гузаронида мешавад. Инчунин ҷашну маросимҳо дар майдончаҳои (ҳавлиҳои) назди биноҳои истиқоматӣ, дохили хонаҳои шахсӣ ва ё дар тарабхона, қаҳвахона, ошхона ва ё тӯйхонаҳо бо риояи тартиботи ҷамъиятӣ гузаронида мешавад.
Дар ин ҷашну маросимҳо пошидан ва часпондани пул манъ шудаву тӯю маросимҳо рӯзҳои истироҳат аз соати 8 то 23 ва рӯзҳои корӣ аз соати 18 то 23 гузаронида мешавад, ки ин ба мақсад мувофиқ буда, давомнокии тӯю маъракаҳо то се соат муқаррар шудааст.
Дар моддаи 15-и қонуни мазкур омадааст: шахсоне, ки талаботи ҳамин қонунро вайрон мекунанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Хулоса, мавриди амал қарор гирифтани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” сари ҳалли масъалаи мушкилоти молиявии оилаҳо нақши асосӣ дорад.