Пн12112017

Last updateПт, 08 Дек 2017 1pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ИҶТИМОЪ

МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГИ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷаласаи васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 марти соли 2015 оид ба муаррифии «Барномаи давлатии комплекси рушди тарбияи маърифати экологӣ» қайд намуданд, ки «Табиати биҳиштосои Тоҷикистон аз пурарзиштарин сарватҳои миллӣ ва неъматҳои моддӣ буда, ҳифз ва муаррифии шоистаи он шарти муҳими рушди ояндаи миллат мебошад». Ҳамзамон дастур дода шуд, ки барои татбиқи босамари ин Барнома «тамоми имкону захираҳои таълимию тарбиявӣ бояд васеъ истифода шаванд, то ки ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ барои ҳифзи табиат ва покизагии муҳити зист масъулияти баланд эҳсос намояд». Ноҳияи мо ҳам чун яке аз ноҳияҳои тобеи маркази ҷумҳурӣ буда, пурарзиштарин сарватҳои табиӣ ва моддиро дорост.

Яке аз корҳои заминавӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои Барномаи мазкур, ин дар муассисаҳои таълимӣ баробари таълими фанҳои ботаника, зоология, биология, ҷуғрофия таълими фанни экология ба роҳ монда шудааст. Ҳадафи тарбия ва маърифати экологӣ аз он иборат аст, ки инсониятро ба ҳаллу фасли масъалаҳои гуногуни экологӣ ҷалб намуда, дар ниҳоди ӯ муносибат бо наботот, ҳайвонот, об, хок ва ғайраро ташаккул диҳад, муҳити зист ва манзараҳову мавҷудоти онро ҳифз намояд.
Шуъбаи маориф рафти иҷрои тадбирҳои Барномаи давлатии рушди тарбия ва маърифтаи экологиро дар муассисаҳои таълимӣ таҳлил намуда, мавриди баррасии шӯрои маориф қарор дода, дар машваратҳои доимоамалкунандаи омӯзгорони фанни биология ва экология мавзӯъҳо оид ба баланд бардоштани маърифати экологӣ муҳокима шуда, рефератҳо тайёр карда шуданд. Ҳамасола дар арафаи иди Наврӯзи байналмилалӣ озмуни расмҳои беҳатарин бахшида ба беҳдошти муҳити зист ва экология гузаронида шуда дар олимпиадаҳои мактаббачагон аз фанни биология мавзӯъҳои зиёд оиди ҳифзи муҳити зист пурсида мешаванд. Қитъаҳои назди муассисаҳои таълимӣ самаранок истифода шуда, хонандагон озмоишҳои фаннӣ мегузаронанд. Соли таҳсили 2017-2018 конференсияи хонандагон бахшида ба даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор» дар мавзӯи «Об манбаи ҳаёт», «Об беҳтарин мӯъҷиза» гузаронида мешавад.
Бахши кор бо ҷавонон ва варзиш дар ноҳия низ миёни ҷавонон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониши экологӣ вохӯриҳо баргузор намуда, дар байни хонандагон 3 озмуни иншо ва 4 озмуни расмҳои беҳтарин таҳти унвони «Тозагӣ гарави саломатӣ» ва «Тоҷикистон кишвари афсункор бо табиати ҳамешабаҳор» гузаронида, ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шудаанд. Соли ҷорӣ 2 аксияи ноҳиявӣ баҳри баланд бардоштани маърифати экологӣ баргузор гаштааст. Дар арафаи идҳои суннатии Рамазон ва Қурбон аксия таҳти унвони «Мо ба гузаштагони худ арҷ мегузорем» баргузор гашта ҷавонон ба тоза намудани ҷӯйбору роҳравҳои маҳаллаҳо, зиёратгоҳҳо, оромгоҳҳо баромада саҳмгузорӣ намуданд.
Дар давоми соли 2016-2017 тавассути рӯзномаи ноҳиявии «Набзи Файзобод» дар мавзӯъҳои гуногуни ҳифзи муҳити зист ва тарбияи маърифати экологӣ зиёда аз 20 мақолаҳо чоп гаштаанд.
Ба чорабиниҳои доиргашта оид ба рушди маърифати экологӣ нигоҳ накарда, дар масъалаи ҳифзи муҳити зист камбудиҳои назаррас хело зиёданд. Маркази ноҳия солҳои охир ҳусни нави ободонию кабудизоркунӣ гирифта бошад ҳам, муносибати баъзе аз шахсон нисбати нигоҳубини ниҳолҳои арча, гулҳои шинонидашуда табъро хира мегардонанд. Назди аксарияти ташкилоту муассисаҳо аз муносибатҳои беаҳамиятонаашон макони ғарамҳои ифлосиҳо гаштааст. Бо назорату чораҷӯиҳои ҳифзи муҳити зист ва маркази назорати давлатии эпидемиологӣ нигоҳ накарда, назди бозори марказӣ ва фурӯшгоҳҳо доимо ифлосиҳо ҷамъ шуда, аксари партовҳои гирдомада ба сойи «Лояк» партофта мешаванд. Муносибати аҳолӣ ба истифодабарии партовгоҳҳо аз ҷиҳати маърифати экологӣ коста буда, гӯё ягон нафар аз ҳифзи муҳити зист ва талаботҳои санитарию гигиенӣ хабардор нестанд.
Истифодабарии номатлуби чарогоҳҳо боиси вайрон шудани сохтори хок ва нест шудани набототҳои шифобахш гаштааст, ки ин норасогӣ дар ҳамаи минтақаи чарогоҳҳо мушоҳида мешаванд. Дар атрофи ноҷӯриҳои муҳити зист, ки бевосита бо иштироки инсонӣ вайрон мегарданд, мисолҳои зиёд овардан мумкин аст. Ин камбудиҳоро фақат эҳсосу дарки шахсии маърифати экологӣ ислоҳ карда метавонад.
Тарбияи экологӣ дар Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз масъалаҳои муҳими ҳаёти инсонӣ арзёбӣ гардидааст. Бо ифлосшавии муҳит натанҳо корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои хизмати маишӣ, нақлиёт ва ғайра, ки партовҳои зиёди истеҳсолии ба саломатии инсон ва табиат зарарнокро ба табиат мепартоянд, балки инсонҳои алоҳида низ сабаб мешаванд. Тарбияи экологӣ ва ҳифзи муҳити зист, пеш аз ҳама ҳимояи генофони миллатро дар назар дорад. Тақвияти ин унсури тарбия ва ҳифзи муҳити зисти атрофи зиндагии ҳар як шаҳрванд ба шахсият ва масъулияти шаҳрвандии он дар назди худ ва атрофиён маҳсуб меёбад.
М.НАЗАРОВ, сардори шуъбаи