Сб08082020

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ИФТИХОР

ИНШООТИ ИДОНАИ СОКИНОНИ ФАЙЗОБОД

Тоҷикистони азизи мо дар арафаи ҷашнгирии 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ қарор дорад. Дар назди  таърих чоряк аср ин чандон муҳлати тӯлонӣ  нест. Аммо дастовардҳои бузурги таърихӣ тайи ин муддат мардуми моро бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насиб гардида,  баробар ба  чандин даҳсолаҳост.

Дар ин муддати кӯтоҳ мардуми сарбаландаш тавонист, ки  ба ҷаҳониён созандаву бунёдкор буданашонро исбот кунанд.

Тавре ҳамарӯза тариқи оинаи нилгун мебинем, айни ҳол дар сар то сари кишварамон корҳои ободонию созандагӣ бо суръат идома дошта , арафаи таҷлили  ин саннаи тақдирсоз дар диёри файзбори мо  ҳам даҳҳо иншооти хурду  бузург мавриди истифодаи сокинон қарор хоҳанд гирифт. Ба муносибати ин ҷашни фархунда дар ноҳияамон ифтитоҳи зиёда аз 70 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шудааст, ки сохтмони қисме аз он ба анҷом расидаву дар қисмати дигар корҳо идома доранд.

Дар шумораи қаблии нашрия ба хонанда оид ба корҳои ободонӣ дар Ҷамоати деҳоти Ҷавонон иттилоъ дода будем. 

Аҳли қалами нашрияи “Набзи Файзобод” тасмим  гирифтем, то аз рафти  бунёди  сохтмонҳои ҷашнӣ шумораи  махсуси худро пешкаши  ҳамдиёронамон гардонем. Анҷоми  иншооти мазкур, ки аксари он бо ташаббуси марудум  амалӣ гардидааст,  гувоҳ аз дастгирии  сиёсати хирадмандонаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби  меҳнаткашони  Файзобод аст.

11 ИНШООТ ДАР БӮСТОН

Ҷамоати деҳоти Бӯстон, ки  дар даромадгоҳи ноҳия ҷо гирифтааст ба ифтихори  ҷашни соҳибистиқлолии кишвар 11 иншоотро мавриди истифода қарор доданист. Меҳнаткашони ҷамоати мазкур ба як қатор муваффақиятҳои назаррас ноил гардидаанд, баробари рушди хоҷагии қишлоқ ободкорию пешравиҳо дар маҳаллаҳои он ба чашм мерасад. Дар деҳаҳои Себистон, Чилчашма ва Чилчашмаи теппа бо дастгирии сокинон ва раисони маҳаллаҳои мазкур М.Ҳусейнов, Н.Холов ва Ҷ.Асомиддинов ба тариқи ҳашар бинои бунгоҳи тиббӣ, ки  аз панҷ ҳуҷра иборат аст, сохта омадаи қабул қарор додаанд. Дар шафати  бунгоҳи тиббӣ,  ҷавонони деҳа майдончаи  волейболбозиро сохтаистодаанд.

-Шоистаи таҳсин аст, ки дар  бунёди ин майдончаи варзишӣ пирони барнодил ҷавононро  ҳампаҳлӯянд,-бо ифтихор гуфт, мудири бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳии  ноҳия Умедҷон Раҳимов, ки онҷо ҳузур дошт.

Раиси ҷамоати деҳоти  Бӯстон Аҳтам Восеев бо ифтихор аз ташаббусҳои  сокинони  ҷамоат  ҳарф зада, қаноатмандӣ аз он дорад, ки мардум ташаббускору амалисози ҳамаи  иқдоми нек аст.

Миёни деҳаи Себистон  соҳибкор  Ғулом Сафаров бинои  дуошёнаро бо тарзи наву  замонавӣ сохта, пешкаши хизматрасонии ҳамдеҳагон қарор додааст.

-Дар қабати якуми бино мағозаи молҳои талаботи  ҳаррӯзаи мардум, дар қабати дуюм сехи дӯзандагиро ҷо кардем. Аллакай барои 10 нафар мо ҷойҳои нави корӣ муҳайё намудем. Имкон пайдо  шуд, ки занони деҳа ба шуғли доимӣ фаро гирифта шуда, барои ҳамдеҳагон мувофиқи завқашон либос дӯзанд, гуфт зимни суҳбат бо мо соҳибкор Ғулом Сафаров.

Дар даромадгоҳи деҳаи Бӯстон бошад,  шаршараи бисёр зебою замонавӣ сохта шудаву диққати ҳар бинандаро ба худ мекашад. Ин шаршара бо кӯшишу заҳмати устоҳои чирадаст Диловар Розиқов ва Сулаймон Шокиров бунёд гардидааст.

Яке аз иншооти муҳим дар ҳудуди ҷамоат ин ба истифода додани бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии    рақами 3 ва ду синфхонаи нав  дар назди муассисаи таҳсилоти асосии рақами  29 мебошанд. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 3  барои 468 ҷойи нишаст пешбинӣ  шудааст, ки бо маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ аз ҷониби  сохтмончиёни  ҶДММ «Пулод-1» бо харҷи 2 миллиону 800 ҳазор сомонӣ бунёд шудааст. Ду синфхонаи мактаби деҳаи Офтобрӯяро бошад, сокинони деҳа бо маблағи худ сохтаанд.

Сари ҳар қадам   дар ҳудуди ҷамоати мазкур, дар шафати шоҳроҳ чашми  роҳгузарон ба  иншооти нав қомат росткарда  бар мехӯрад, ки он  ҳусни маҳалро афзудаву  бозгӯи рӯзгори хуши сокинонаш мебошад.

ДАРОЗТАРИН КӮПРУК ДАР МЕҲРОБОД

Дар Ҷамоати деҳоти Меҳробод  раиси ҷамоат  Бекназар Шоев пеш аз ҳама моро ба  маҳали сохтмони кӯпруки мошингузар аз болои дарёи Элок, ки деҳаи Шерамонро бо  деҳаи Муллоашӯрӣ  мепайвандад, овард. Сокинони деҳаи Муллоашӯрӣ ва Арча солҳо боз орзуи  чунин як кӯпрукро  доштанд. Зимистону баҳор бо зиёд шудани  оби Элок сокинони ин деҳаҳо қариб, ки имкони   равуоро бо  маркази ҷамоат  ва ноҳия надоштанд. Хоҷагиҳои ин деҳаҳо чандон зиёд несту ҳамагӣ  16-17 оила истиқомат  доранд. Аммо ояндаи нек  онҳоро дар пеш аст, зеро барои  даҳҳо эҳтиёҷмандони манзилҳои истиқоматӣ дар деҳаи Арча қитъаҳои замин ҷудо гардидааст. Яъне бо бунёду мавриди истифода қарор гирифтани кӯпруки Муллоашӯрӣ ин деҳаҳо ҳам симои худро дигар хоҳанд кард.  Кӯпруки мазкур  зиёда аз 250 метр дарозӣ дошта, ҳамсони он дар ноҳия нест.  Сохтмони кӯпруки мазкур бо маблағгузории  сокинони ҳарду деҳа, саховатмандону дастгирии  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бунёд шуда истодааст. Махсусан мардум аз раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ  барои дастгириҳо миннатдоранд.

-Ҳоҷӣ Шокир, ки худ истиқоматкунандаи деҳаи Шерамон аст, аллакай   барои бунёди ин кӯпрук  15 ҳазор сомонӣ хайр карда, азм дорад то ба охир расидани корҳои сохтмонӣ боз 15 ҳазор сомонии дигар ба арчагиҳо кӯмак расонад. Дар сохтмони  кӯпруки мазкур махсусан  заҳмати  механизаторон  Идишоҳ Юсупов, Юсуф Зайниддинов шоистаи таъриф аст. То имрӯз дар сохтмони кӯпрук зиёда аз 100 ҳазор сомонӣ  харҷ шудааст. Шукр, ки  мардони саховатпеша зиёданд. Бо боварии комил метавон гуфт, ки сохтмони кӯпрукро бо сифати баланд ба итмом мерасонем, - иброз дошт зимни суҳбат ба мо раиси кумитаи маҳалла Хайрулло Саидов.

Дар деҳаи Устошамс бошад, бо  ташаббуси соҳибкор Сангинмурод Сангов  сохтмони бинои дуошёна ба анҷом расидааст. Дар қабати якум  мағозаи молҳои  ниёзи мардум ҷой гирифта, дар қабати дуюми бино     сехи дӯзандагӣ бо ҷалби 7 нафар  занони ҳунарманди деҳа  фаъолият хоҳад кард.

Сафарбек Саидов, сокини деҳаи Яккабед асосан ба боғу токпарварӣ машғул асту сарварии хоҷагии деҳқониро ба уҳда дорад. Ӯ нияти нек, сохтмони бинои китобхонаи замонавиро, ки аз ду утоқ иборат аст, дар арафаи ҷашни истиқлолият ба ҳамдеҳагонаш туҳфа  кард.

Ҳамчунин дар деҳаи  Яккабед  бо дастгирии Худоёр Саидов, вакили мардумӣ Сироҷиддин Раҷабов бо тариқи ҳашар сохтмони бинои бунгоҳи тиббӣ идома дорад. Яккабедиҳо азм доранд, ки бинои мазкурро рӯзҳои наздик мавриди истифода қарор диҳанд. 

“Гӯшаи  деҳқон” дар шафати шоҳроҳи Душанбе - Лахш бо ташаббуси раиси хоҷагии деҳқонӣ, Ҷобир Саидов сохта шудаасту  хело диданист ва он ҳамчун  иншооти ҷашнӣ  ба ҳисоб меравад.

МАҶМААИ ВАРЗИШӢ -СОЛИМГАРДОНӢ ДАР ВАШГИРД

Дар Ҷамоати деҳоти Вашгирд  бо  роҳбарии раиси ҷамоат  Мукаррама Шарифова иншооти ҷашнӣ маҷмааи варзишӣ-солимгардонии  “Мӯмин”, ”Гӯшаи деҳқон” ва майдони варзишӣ ба ҳисоб меравад ва ҳамаи иншооти номбаршуда дар шаҳраки Лолагӣ ҷойгир аст. Маҷмааи варзишӣ-солимгардонии  “Мӯмин”, ки бо иқдоми Сафар Саидов ва фарзандаш Файзалӣ бунёд ёфтааст, натанҳо ҳусни шаҳракро мефизояд, балки дар миқёси ноҳия ягона ба ҳисоб меравад. Бино бо тамоми асбобҳои машқу тамринии  ҳозиразамон муҷаҳҳаз аст. Махсусан утоқҳои буғи сабук, ки бо усули хориҷӣ сохта шудааст, бинандаро дар ҳайрат мегузорад. Дар назди бино инчунин майдончаи сабзпӯш барои   футболи хурду  волейбол ва баскетбол   хеле зебою диданӣ сохта шудааст.

Ман аз хурдӣ бозии волейболро дӯст медорам, - мегӯяд Файзалӣ. ҳатто узви ҳайати дастаи яккачини волейболбозони ноҳия будам. Ҳоло дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Россия қарор дораму аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ командаи волейбол дорем, ки дар мусобиқаҳои шаҳрӣ иштирок меварзем.

Дар қабати болоии бино ошхонаи хӯрокҳои миллӣ ва чойхона ташкил карданиам, - мегӯяд Сафар Саидов. Баъди машқҳо варзишгарон ва меҳмонон метавонанд аз хизмати  кормандони мо истифода намуда, хуб истироҳат кунанд.

Дар Ҷамоати деҳоти ба номи Дӯстмурод Алиев панҷ иншооти ҷашнӣ бояд бунёд шавад.  Бо раиси Ҷамоати деҳоти ба номи  Дӯстмурод Алиев Зайдулло Зубайдов   мо аз рафти иншооти  ба ифтихори ин ҷашни барои ҳар яки мо муқаддас якҷоя дидан намудем. Сохтмони бинои китобхона дар деҳаи Кабкрез  дар арафаи  анҷомёбӣ қарор дорад. Муассисаи таҳсилоти асосии  рақами 60 дар деҳаи Кенҷаобод аз ҳисоби  соҳибкор Ҷамшед Ғафуров  анҷом ёфтаву  рӯзи дониш маротиби аввал  мактабиёни деҳаро ба оғӯши худ хоҳад гирифт. Мағозаҳои соҳибкорон Мирзо Ашӯров ва Баҳром Тоиров  дар маркази ҷамоат ва мағозаи Абдуназар  Орзуев дар деҳаи Ҷонварсӯз барои истифода омода аст. 

Чунин пешравию ободкориҳоро мардум аз шарофати Истиқлолияти давлатӣ дар миқёси ҷамоат баҳогузорӣ  мекунанд.

ШАҲРАКИ ФАЙЗОБОД – СИМОИ ДИЁР

Боиси ифтихор аст, ки давоми 25 соли Истиқлолияти давлатӣ симои шаҳраки Файзобод, ки таҷассумгари ободию шукуфоии диёр пеши назари ҳар як фард аст, ба куллӣ дигаргун шудааст. Дар озмуни мусобиқаи ҷумҳуриявии беҳтарин шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳалла ва хонаю оилаи намунавӣ, ки мақсад аз ин озмун вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ, баланд бардоштани ҳисси хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва беҳтар гардидани вазъи соҳаҳои фарҳанг, тандурустӣ, маориф ва тоза нигоҳ доштани муҳити зист нигаронида ва ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда буд, дар бахши беҳтарин Ҷамоат ва оилаи намунавӣ сазовори ҷойи аввал гардидан  гувоҳ аз он аст, ки Ҷамоати шаҳраки Файзобод рӯз аз рӯз ободу зебо гашта, симои худро ба куллӣ дигар карда, намуди идона ба худ мегирад.

Дар арафаи таҷлили ҷашни Истиқлолият мавриди истифода қарор гирифтани 4 иншооти ҷашнӣ ва иҷрои корҳои таъмири роҳи мошинагарди маркази ноҳия, васл кардани овезаҳо дар пояҳои хатти равшанидиҳанда, панҷара кардани назди хонаҳои баландошёна, ранг намудани хонаҳои баландошёна ва ғайраҳо аз файзу баракати Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ буда, гувоҳ аз бунёди шаҳраки наву замонавӣ аст. Хатти равшаннамоии маркази ноҳия дар ҳудуди 3,5 километр пурра сохта ба истифода дода шуд. Шинонидани гулу гулбуттаҳо дар ду тарафи роҳи маркази ноҳия, назди идораҳои ташкилоту муассисаҳо, хонаҳои истиқоматии баландошёна ҳуснбахши шаҳраку иқдоми некест пайи беҳсозии рӯзгору зиндагии сокинони он. Корҳои сохтмонӣ дар гардиши роҳи мошинагарди маркази ноҳия ва Роғун бо гузоштани  рамзи Ҷамоати шаҳрак, ки Нишони миллиро дар бар мегирад, бо суръат идома дорад. Дар бунёди ин иншоот коргарони Ҷамоати шаҳрак, сокинони тамоми маҳаллаҳо ва намояндагони ташкилоту муассисаҳо саҳми калон доранд.

  Дар шафати бинои ҶДММ “Хизмат” бинои хуштарҳи дуошёнаи зебое қомат афрохтаю коргаронаш машғули корҳои   ободонии  назди биноянд.

-Ният дорем  дар ин бино мағозаи ҷавоҳирот ва ҳуҷраҳои хизматрасонии дандонпизишкиро  кушоем. Инчунин дар таҳхонаи бино нуқтаи фурӯши гулҳои зиндаро барои  тамоми сол ташкил карданием. Мехоҳем, ки мардуми диёр дар лаҳзаҳои шодию хурсандиашон ба шаҳри Душанбе ва дигар ҷойҳо ташвиш накашида, дастагулҳои тару тозаи хушбӯро аз мағозаи мо бо нархи арзон харидорӣ намоянд,- мегӯяд соҳибкор Манон Носиров.

Корҳои охирини сохтмонӣ дар назди бинои истиқоматии дувоздаҳҳуҷрадор бо суръат давом дорад. Сохтмончиён ният доранд, ки то рӯзи ваъдагӣ биноро пурра тайёр намуда, ба истифода диҳанд. Фармоишгари ин бино Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мебошад. Дар корҳои ободонию созандагии шаҳрак махсусан фаъолони Ҷамоат, вакилони маҳаллию ноҳиявӣ ҳиссаи алоҳидаи худро мегузоранд. Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Шамсиддин Абдураҳимов дар рангубор кардани бинои истиқоматии кӯчаи Исмоили Сомонӣ-26 ҳиссаи арзандаи худро гузошта, ният дорад дар ободонии  гирду атрофи ин бино низ саҳм бигирад.

-Сокинони Ҷамоати шаҳрак, гуфт ба мо зимни суҳбат   раиси Ҷамоати шаҳраки Файзобод  С.Раҷабзода бо тамоми ҳастӣ кӯшиш менамоянд, ки дар рӯзҳои боқимонда корҳои ободонию созандагиро вусъат бахшида, дастовардҳои иҷтимоию иқтисодиро афзун намуда, бо заҳмати шабонарӯзӣ бо шукӯҳу шаҳомат ин ҷашни барои ҳар яки мо азизу хотирмонро таҷлил намоянд.

НАХУСТМЕҲМОНХОНА ДАР ЧАШМАСОР

Дар Ҷамоати деҳоти Чашмасор ҳам корҳои сохтмонӣ ва рангубори биноҳо авҷ дорад. Мардуми шарафманди ин деҳот азм доранд, ки ба ин муносибат шаш иншоотро ба истифода диҳанд.

Шаршара дар деҳаи Дурахшон бо баландии 8 метр ва мактаби ибтидоӣ дорои 5 синфхона барои 100 ҷойи нишаст дар деҳаи Кӯлобиён бо дастгирии кулли сокинони ҷамоат қомат афрохта истодааст, ки рӯзҳои наздик ба истифода дода хоҳанд шуд. Дар дигар иншооти ҷашнӣ бошад, соҳибкорон камари ҳиммат бастаанд.

Меҳмонхонаи деҳаи Чашмасор, ки назди шоҳроҳи Душанбе-Лахш қомат афрохтааст, хело ҳам диққатрабову ҷозиб аст. Он бо тарҳу услуби замонавӣ бунёд гаштааст. Бинои маишӣ аз се ошёна иборат буда, дар ошёнаи аввал толор барои гузаронидани тӯю маърака, дар ошёнаи дуюм чойхона ва дар қабати сеюм бошад, меҳмонхона ҷойгир аст.  Он дар масоҳати 432 метри мурабаъ бо ташаббуси соҳибкор Мансур Ҳаётов сохта шуда, дар сохтмонаш 115 ҳазор сомонӣ масраф гардидааст. Меҳмонхона метавонад дар як шабонарӯз ба даҳ нафар мизоҷ хизмати маишӣ расонад. Ташкили чунин марказҳои маишӣ сайёҳони дохилию хориҷиро ба ноҳия ҷалб хоҳанд кард.

Сохтмони “Гӯшаи деҳқон” бошад, дар   ҷамоати мазкур идома дорад.   Онро сокини деҳаи Чашмасор Раҳматулло Олимов дар замини наздиҳавлигиаш сохта истодааст.

Иншооти истеҳсолии аз ҳама калоне, ки дар ин ҷамоат ба истифода дода хоҳад шуд, ин коргоҳи хурди қуму шағалбарорист. Коргоҳи мазкурро дар соҳили дарёчаи Элок соҳибкор Мустафо Рустамов дар ҳаҷми 300 ҳазор доллари амрикоӣ бунёд намудааст. Иқтидори истеҳсолиаш дар як шабонарӯз 220 куб маҳсулоти сохтмонист. Дастгоҳҳои корхона аз Ҷумҳурии исломии Эрон ва Ҷумҳурии халқии Хитой дастрас гардидаанд. Акнун сокинони диёр метавонанд пас аз баистифодадиҳии коргоҳ  маҳсулоти сохтмонии худиро бо нархҳои мувофиқ дастрас   намоянд.

Иншооти иқтисодиву маишӣ ва истеҳсолие, ки дар боло зикрашон рафт, ҳамагӣ дар арафаи баистифодадиҳӣ қарор доранд. Ҳамаи ин ободиву пешравиҳои иқтисодӣ маҳз туфайли соҳибистиқлолии кишвар  ба даст омадааст. Аз ин лиҳоз моро зарур аст, ки баҳри ҳифзу ҳимояи он камари ҳиммат баста, дар пойдориаш саҳмгузор бошем.

ОСОРХОНАИ УСМОН ШАРИФЗОДА ДАР ЭЛОК

Сокинони Ҷамоати деҳоти Қалъаидашт ҳам ба истиқболи Рӯзи  Истиқлолияти давлатии кишвар хуб омодагӣ гирифтаанд. Теъдоди иншооти ҷашнӣ дар ин деҳот ба ҳашт адад мерасад. Боиси қайд аст, ки сохтмони аксари иншооти мазкурро сархатиби ноҳия Носирхӯҷа Раҳимов ба уҳда доранд. Бо ташаббуси ӯ дар қаламрави ин деҳот панҷ иншооти ҷашнӣ ба истифода дода хоҳад шуд. Ӯ аз ҳисоби маблағҳои худӣ ва дастгирии сокинони маҳал як майдончаи волейбол ва як толори варзиширо барои ҷавонон омода намудааст. Ҳамчунин барои соҳибкасб гардидани бонувони деҳа  коргоҳи дӯзандагӣ бунёд кардааст.

-Гиромидошти шахсони барҷаставу соҳибистеъдоду соҳибмақом қарзи фарзандии мост. Ба ин хотир тасмим гирифтем, ки хотираи неки шоири халқии Тоҷикистон Усмон Шарифзодаро зинда гардонем, мегӯяд Носирхӯҷа Раҳимов.

Зикр карданием, ки бо ташаббуси ӯ дар деҳаи Элок хона-музейи ин шоири соҳибистеъдоду ватандӯст сохта шудааст, ки  дар рӯзҳои ҷашни Истиқлолият ба истифодаи умум дода хоҳад шуд.

Ин амал, яъне ташкили чунин марказҳои фарҳангӣ ҷавононро ба сӯйи хештаншиносию ватандӯстӣ мебарад. Инчунин бо ташаббуси ӯ ва Забҳулло Нуруллоев дар ҳамин деҳа баҳри баланд бардоштани маърифати мардум китобхона сохта шуда истодааст. Иқдоми пешгирифтаи эшон қобили дастгирӣ ва намунаи олии ватандӯстист. Зеро дар толору коргоҳ ва хонаҳои фарҳангии бунёдшаванда ҷавононро  ба солимӣ ва шуғл варзидан ба пешаи дӯстдошта ва ҳам ба маърифату донишомӯзӣ талқин мекунанд. Инро метавон туҳфаи олӣ ба ҷашни Истиқлолият барои сокинони ин маҳал номид.

Ноҳияи мо аз ҷиҳати иқтисодӣ ҳачун ноҳияи аграрӣ маҳсуб меёбад. Аз ин хотир ривоҷу равнақ додани соҳа боиси боло рафтани сатҳи зиндагии сокинони диёр хоҳад гашт.

Моҳи ноябри соли 2015 бо ташаббуси соҳибкори ватанӣ Ҳоҷи Муслиҳиддин дар мавзеи Қалъаидашт бунёди боғи намунавӣ бо номи “25-солагии истиқлолият” бо усули қатрагӣ ва риояи  қоидаҳои агротехникӣ дар масоҳати 5 гектар оғоз гардида буд.

Дар ин боғ намудҳои себи гала, супер чиф, голден димчес ва глян смит ниҳол шудааст, ки аз кишвари Босня ворид намудаанд. Ин навъи меваҳо хусусияти ҷаҳонӣ дошта, қариб дар ҳамаи кишварҳои олам парвариш меёбад.  Ҳосилнокии ин навъи мева аз ҳар гектар дар хориҷа то 100-120 тонна самар медиҳад. Дар мо бошад, вобаста ба иқлим ин нишондод дар  як гектар  то ба 90-100 тонна рост  хоҳад шуд. Хароҷоти молиявии боғ дар маҷмӯъ 1200 ҳазор сомониро дар бар мегирад. Ҳоло боғи мазкур дар ҳолати нашъу намо қарор дорад .

КОРХОНАИ ШАРБАТ  ДАР МИСКИНОБОД

Сокинони Ҷамоати деҳоти Мискинобод ба пешвози ҷашни фархундаву барои ҳамаамон азиз-Истиқлолият шаш иншооти ҷашниро ба истифода хоҳанд дод.

Корхонаи коркарди оби ранга дар деҳаи Фатҳобод ба соҳибкор Аббос Холов тааллуқ дорад, ки дар масоҳати 432 метри мурабаъ сохта шудааст.

Дастгоҳу таҷҳизоти корхона маҳсули ширкатҳои Ҷумҳурии халқии Чин аст.  Масъулини коргоҳ то ба имрӯз истеҳсоли се навъи маҳсулотро дар корхона таҷриба намудаанд, ки натиҷааш қонеъкунанда аст. Масрафи коргоҳи истеҳсолӣ зиёда аз 1 миллион сомониро дар бар мегирад. Соҳибкор Аббос Холов зимни суҳбат бо мо гуфт, ки  ҳоло нав корро оғоз намудем. Оянда ният дорем, ки шумораи маҳсулот ва навъи истеҳсоли обҳои нӯшокиро зиёд намоем.

Маврид ба ёдоварист, ки корхонаи истеҳсоли обҳои ранга дар деҳаи Фатҳобод дар як шабонарӯз панҷ тонна обҳои газноки хуштаъм истеҳсол менамояд.

Бо шарофати соҳибистиқлолии Ватан дар ин корхона зиёда аз 50 нафар ба кор  ҷалб шудаву  шуғли доимӣ пайдо карданд.

Корхонаи дигари истеҳсолие, ки  ба муносибати ин санаи фархунда ифтитоҳ мегардад, ин корхонаи истеҳсолии коркарди шарбати мева дар ҳамин деҳа аст, ки онро соҳибкор Умедҷон Очилов сохтааст. Корхона бо иқтидори дар як шабонарӯз як тонна шарбати мева ба фаъолият шурӯъ намудааст. Алакай дар ин ҷо зиёда аз 20 нафар доимӣ кор мекунанд.

Мардуми қисмати болоии ноҳия бештар ба боғдорӣ шуғл доранд. Ташкили чунин корхонаи хурд дар ин мавзеъ саривақтӣ ва манфиатовар аст. Зеро ҳамасола маҳсулоти хому коркарднашудаи сокинони ин ҷамоат талаф меёфт. Акнун онҳо имсол чунин зарар намебинанд. Зеро имкон доранд, ки маҳсулоташонро бе ягон талафот бо нархи мувофиқ ба ин коргоҳ фурӯшанд.

Бо ташаббуси  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳот назди шоҳроҳи Душанбе-Лахш гӯшаҳои деҳқон ташкил шудааст. Дар деҳаи Фатҳобод сокини ҳамин маҳалла Файзулло Абдураҳмонов бо харҷи зиёда аз 20 ҳазор сомонӣ дар масоҳати 85 матри мурабаъ чунин гӯшаро барои ҳамдеҳагон ташкил намудааст. Ин иқдом боиси дастгирист. Зеро ташкили чунин гӯшаҳо имконият фароҳам овард, ки кишоварзони ноҳия маҳсулоти истеҳсолнамудаашонро аз ҷиҳати гигиенӣ тоза ва бехатар дар ин ҷойҳо пешкаши эҳтиёҷмандон намоянд.

Мағозаи соҳибкор Бахтиёр Нуралиев дар деҳаи Мискинобод иншооти дигари ҷашнист. Он бо тарҳи замонавӣ сохта шуда, барои фурӯши молҳои ниёзи мардум дар назди шоҳроҳ қомат афрохтааст. Зиёд гардидани чунин марказҳои савдо ва ба соҳибкорӣ шуғл пайдо намудани мардум сатҳи зиндагии аҳолиро боло мебардорад.

Толори барҳавои варзишӣ дар назди муассисаи таълимии рақами 33 дар арафаи соли хониш ва ҷашни истиқлолият туҳфаи арзанда ба хонандагону ҷавонони ин русто гардид. Сохтмони он соли 2013  бо маблағҳои буҷаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳаҷми 384 ҳазор сомонӣ оғоз гардида, имсол ба итмом расид. 

Маврид ба зикр аст, ки ташкили чунин толорҳои варзишӣ дар давраи истиқлолият ба ҷавонон имконият фароҳам овард, ки  дар онҳо машқу тамрин намуда, дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ширкат варзида, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гарданду фахри давлату миллат бошанд.

Оре, ҳарҷо ки мо рафтем дидем, ки ҳамдиёронамон бо саъйи дучанд пайи ободиву шукуфоии диёр камар бастаанд.

Воқеан, мо бояд таъкиди Сарвари давлатамон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро як лаҳза ҳам фаромӯш накунем; “...баробари ба ҷо овардани шукронаи соҳибватанӣ ва ифтихор кардан аз Тоҷикистони соҳибистиқлол қарзи имонии ҳар яки мост, ки тамоми кӯшишамонро ба хотири таҳкими сарҷамъии миллат, тақвияти иқтидори давлат, ободии фардои кишвар ва осоиши зиндагии халқамон сафарбар намоем. Яъне мо бояд Ватанамонро бо обилаи дастони худамон созем ва ба як давлати пешрафта табдил диҳем”. 

Низомиддини Шамсиён, Тилло Соҳибназаров,

Мунаввара Тағоева, Собир Розиқов, хабарнигорони “Набзи Файзобод”.