Пт12062019

Last updateПт, 06 Сен 2019 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ИФТИХОР

УМР ВАФО МЕКАРД, ИШТИРОКЧИИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ НАРЗУЛЛО ҚОДИРОВ 100-СОЛА МЕШУД

Аз анҷоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ 74 сол сипарӣ гардид. Аз ҳазорҳо нафар иштирокчиёни ин ҷанги хонумонсӯз, ки бо захмҳои гуногун ҷон ба саломат бурда ба Ватан баргашта буданд, шумораи камашон то ба имрӯз барҳаётанд. Имрӯз дар диёрамон аз зиндамондагон ҳамагӣ ду нафаранд. Хотираи гузаштагонро ёд кардан ин кори неку хайрест.

 

Мо такя бо чанд маълумот аз китобҳою рӯзномаҳо ва суҳбат бо пайвандону дӯстони иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Нарзулло Қодиров хотироти китоби ҳаёти ибратомӯзи ин фарзонамарди диёрро варақгардон мекунем. Ва дар ибтидои навишта хоҳиш ва тавсияи иштирокчии дигари Ҷанги Бузурги Ватанӣ равоншод Сафар Боевро ба ёд меорем, ки боре дар як суҳбат гуфта буданд: «Агар дар бораи мо иштирокчиёни ҷанг навиштанӣ бошед, аввало дар бораи Нарзулло Қодиров нависед» .

Нарзулло Қодиров соли 1941 ба сафи Армияи Сурх даъват шуда, дар ҳайати армияи 56-ум таҳти сарфармондеҳии В.И.Чуйков ҷангидааст. Дар муҳорибаҳои Сталинград, Волга ва Дон иштирок намуда, далерию шуҷоат ва мардонагӣ нишон додааст. Дар ҷангҳои шадид чор маротиба маҷрӯҳ шуда, баъди табобат боз ба майдони ҷанг баргаштааст. Дафъаи охирин аз сараш тир хӯрда, соли 1944 ҳамчун маъюби гурӯҳи 1 ба зодгоҳаш бар мегардад. Баъди беҳ шудани саломатиаш солҳои 1945-1947 дар вазифаҳои котиби совети депутатҳои меҳнаткашони ноҳия, 1947-1948 мудири шуъбаи маданият, 1948-1950 мудири кассаи амонатӣ, 1950-1951 раиси Ҷамъияти матлубот, 1951-1952 директори «Заготзерно»-и Обигарм, 1954-1958 ҷониши вазири ғалла дар Файзобод, 1958-1961 аз нав мудири шуъбаи маданият, 1961-1964 директори корхонаи манзилию коммуналӣ, 1964-1972 мудири пункти молфарбеҳкунӣ, 1972-1977 сарвари минтақаи обу коррез пурсамар ва бо виҷдони пок хизмат намудааст. Хизматҳои ин марди накуном бо ордени «Ситораи сурх», медалҳои «Барои ғалаба бар Германия дар ҶБВ-и солҳои 1941-1945», «Барои шуҷоат дар давраи ҶБВ, солҳои 1941-1945», «Барои хизматҳои ҷангӣ», «Барои меҳнати шуҷоатнок ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В.И.Ленин», «Ветерани меҳнат» ва медалҳои ҷашнӣ қадрдонӣ шудааст.

Нарзулло Қодиров дар синни 64-солагӣ, ки ҳанӯз фарзандон аз меҳру навозиши ӯ сер нашудаю ӯ бошад аз давлати фарзандон роҳат надида бар асари захмҳои сахти замони ҷанг вафот намуд. Аз вафоти ӯ наздики 40 сол гузашта бошад ҳам, онҳое, ки ӯро мешинохтанду медонистанд номашро ба некӣ ёд менамоянд. Мо ёдномаи чанд нафар аз пайвандону дӯстонашро меорем, ки мегӯянд:

Зебуннисо Қурбонова, собиқадори меҳнат. Ман шодравон Нарзулло Қодировро чун дӯсти наздики падари бузургворам мешинохтам. Падарам ҳамеша аз ҳаёти ин марди нексиришт нақлҳо мекарданд. Дӯстии онҳо ончунон самимонаю қадршиносона буд, ки замоне дар хонадони онҳо ягона духтарашон ба дунё меояд, аз падарам хоҳиш менамоянд, ки ӯро ном гузорад. Падарам шӯхиомез «духтари ягонаи ман Зебуннисо – зеби занҳо ва духтари ягонаи шумо Тоҷинисо – тоҷи занҳо»-гӯён хоҳиши дӯсташро бо номи зебои гузоштааш шод менамояд. Хело ва хело инсони хоксору фурутан буд дӯсти падарам Нарзулло Қодиров.

Ҳокимшоҳ Қодиров, писараш. Падарам инсони дурандешу ботамкин буданд. Мо, шаш нафар фарзандон боре аз забонашон сухани дуруштеро нафаҳмида будем. Ҳамеша моро насиҳату ҳидоят мекарданд, ки хуб хонему соҳибкасб шавем ва ба қадри ҳаёти осоишта бирасем. Фахр мекунем, ки падарам дар қатори ҳазорҳо нафар тоҷикписарон солҳои ҷанг қаҳрамонӣ ва фидокориҳои бемисл нишон дода, дар ғалаба бар ашаддитарин душмани инсоният – фашизм ҳисса гузошаанд.

Ҳотамшоҳ Қодиров, писараш. Падарам бародар надоштанд. Мо бародар надоштани ӯро то сари ақл омадан намедонистем. Гумон мекардем, ки ёру дӯстонаш чун Юнус Ҷалил, Қурбон Назиров, Сафар Боев, Тағой Салимов, Раҷабалӣ Аюбов ва дигарон, ки тез-тез дар хонаи мо ҷамъ омада, маҳфилороӣ мекарданд, бародарони падарамон ҳастанду амакҳои ҳамхуни моанд. Ман аз падар китобҳои ӯро ба ёдгор гирифтаам. Падарам инсони китобхону китобдӯст буданд. Фахр мекунам, ки фарзанди чунин марди хирадманду покниҳодам.

Воқеан, месазад, ки ҷовидонӣ хотираи неки чунин фарзандони ватанро, ки солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷоннисориҳо кардаанд, ёд намоем, зикри хайрашон кунем, шамъи хотира афрӯзем, бо ба ёд овардани лаҳзаҳои шуҷоату диловарию мардонагиашон ҷавононро дар рӯҳияи ҷасурию далерӣ ва ҳифзи ҳар порча хоки сарзаминамон тарбия намуда ба воя расонем. Зиндагиномаи як нафар аз ҳазорон иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Нарзулло Қодиров барои насли имрӯза ибратомӯзу лоиқ ба қадрдонист.

М.ТАҒОЕВА, хабарнигори «Набзи Файзобод».