Пн12112017

Last updateПт, 08 Дек 2017 1pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ИФТИХОР

КОНСТИТУТСИЯ - ТАҶАССУМГАРИ ОРМОНҲОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Конститутсия қонуни асосии давлат ба ҳисоб рафта қувваи олии ҳуқуқӣ дошта муносибатҳои муайяни ҷамъиятиро ба танзим медарорад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, таҷассумгари ормонҳои давлатдории миллӣ мебошад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои онро арзиши олӣ дониста, ба ҳар кас ҳифзи судӣ, ҳуқуқ ва манфиатҳояшро кафолат додааст.

Нақши асосии Конститутсия дар ташаккул ва такомули рукнҳои давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон ниҳоят бориз буда, таҷлили 23-юмин солгарди қабули он дар сатҳи баланд баргузор мегардад.
Таҳия гардидани Конститутсия аз тарафи Комиссияи конститутсионӣ таҳти роҳбарии бевоситаи Сарвари давлатамон дар шароите ҷараён гирифта буд, ки вазъияти муташанниҷ дар кишварамон ҳукмфармо буд.
Маҳз 6 ноябри соли 1994 ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин Конститутсия ҳамчун санади воқеан таърихиву муқаддаси давлату миллати тоҷик ва пеш аз ҳама танзимкунандаи асосии муносибатҳои ҷомеа ба ҳисоб рафта, дар таҳкими сохти нави давлатдории кишвар нақши басо муҳимро мебозад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин иброз намуда буданд: «Истиқлолият муқаддастарин ва азимтарин неъмат, рамзи саодат, асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад. Бо шарофати ин рӯйдодҳои бузург мардуми мо соҳиби рамзҳои давлатӣ, Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва Конститутсия шуданд, баъди ин, Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи башарӣ ҳамчун давлати мустақил шинохта шуд».
Дигаргуниву иловаҳои саривақтӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси тағйир ёфтани мақоми конститутсионии парламенти Тоҷикистон гардид.
Парламенти касбӣ аз як тараф барои инкишофи андешаи парламентаризми миллии давлати соҳибистиқлоли мо ва аз тарафи дигар барои амалияи демократии давлату давлатдорӣ мусоидат намуд. Аҳамияти сиёсии такмилдиҳии Конститутсия, пеш аз ҳама дар он зоҳир мегардад, ки Тоҷикистон ба қатори он мамлакатҳое дохил шуд, ки дар бунёди давлати ҳуқуқбунёду дунявӣ қадамҳои устувор гузошт.
Бо назардошти ба миён омадани зарурати таърихӣ ва ба вуқӯъ пайвастани бархе аз тағйироти сиёсӣ дар ҷаҳони муосир, 22 майи соли 2016 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ тағйироту иловаҳо ба Конститутсия қабул гардид, ки пеш аз ҳама, манфиатҳои ҷавонони Тоҷикистонро ифода намуда, аз ҷумла фароҳам шудани ҳуқуқи ширкат дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва судяҳоро дар бар мегирад. Пеш аз ҳама, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳнамоии Пешвои миллат барои дастгирии ҷавонон, ки ояндаи миллату давлат ба ҳисоб мераванд ва ҷалби бештари онҳо ба мақомоти давлатӣ роҳи бебозгаштро пеша кардааст. Бинобар ин асосҳои марҳилаи тозарушди мамлакатро ба инобат гирифта ба Конститутсияи Тоҷикистон боз ҳам бо роҳи раъйрпурсии ҳамагон тағйирот дароварда шуд, яъне Қонуни асосии кишвари тоҷикон боз ҳам мукаммалтар гардид ва ин боиси шарафмандии мост. Конститутсияи мамлакатамон дар қатори панҷ конститутсияи беҳтарин ва демократитарини давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ҷой гирифтааст.
Конститутсия озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас мешуморад, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф менамояд ва бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор медиҳад. Худи ҳамин нуқтаҳои ифтитоҳӣ бозгӯи мазмуну муҳтавои демокративу башардӯстонаи Қонуни асосии мамлакати тозаистиқлоли мо мебошанд.
Конститутсия боиси ифтихору шарафмандии мост. Бояд ҳамагон онро дақиқ омӯзем, аз мазмуну муҳтавояш огаҳии амиқ дошта бошему талаботи ин ҳуҷҷати муқаддаси миллатро риоя намоем ва онро ҳамчун яке аз муқаддасоти асосии Ватани маҳбубамон эҳтирому арҷгузорӣ бикунем, муътабар донем. Зеро мо имрӯз танҳо бо риояи қатъии меъёрҳои конститутсионӣ барои расидан ба ҳадафҳои пешгирифтаи ҷомеаи кишварамон дар самти эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қадамҳои устувор гузошта метавонем.


Қудратзода С. Қ, раиси суди ноҳия.