Чт12142017

Last updateПт, 08 Дек 2017 1pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ИФТИХОР

КОНСТИТУТСИЯ КАФИЛИ ҲУҚУҚҲОИ МО

Мирзо КАМОЛОВ – раиси хоҷагии деҳқонии Шариф Гадо.

-Имсол ба қабули Конститутсияи ҶТ 23 сол пур мешавад. Бо қабули ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз дар як муддати начандон тӯлонӣ дар саросари кишвар дигаргуниҳои азими иқтисодӣ ба амал омада соҳаи кишоварзӣ рушд кард. Тавассути баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот ва таҷдиди хоҷагиҳо, амалӣ намудани барномаҳои соҳа, аз худ кардани заминҳои нав рушди устувори соҳа имконпазир шуд. Соли гузашта истеҳсоли ғалладонагиҳо дар ҷумҳурӣ ба як миллиону 400 ҳазор тонна, картошка ба 890 ҳазор тонна, сабзавот ба як миллиону 670 ҳазор тонна расонида шуда, инчунин дигар соҳаҳои кишоварзӣ пешрафт намуда, таъминоти мардум бо маводи ғизоӣ ҳалли худро ёфтанд. Дар хоҷагии мо ҳам даҳҳо гектар боғи нав бунёд гашта дар дигар соҳаҳои кишоварзӣ пешравиҳо ба чашм мерасад.

ГУЛСАРА АШӮРОВА - сарвари ташкилоти ҷамъиятии «Манотиқ».

Дар моддаи 33-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳифз мекунад». Зеро оила пойдевор ва як рукни асосии ҷомеа ба ҳисоб меравад. Таҳти ҳимояи давлат будани онҳо чунин маъноро дорад, ки давлат ҷиҳати пойдории оила як қатор масоили иҷтимоӣ: аз қабили ғамхорӣ ба модару кӯдак, таъмини шароити мусоид барои таълиму тарбияи кӯдакон, кафолати иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ ва пиронсолӣ, хизмати зарурии тиббӣ ва ғайраҳоро таъмин менамояд. Мо бояд аз ҳуқуқу уҳдадориҳои хеш истифода намоем. Зеро ҳуқуқ дар қонуну истифодааш дар дасти ҳар яки мост.

Маҳмадалӣ ХОЛИҚОВ – табиб.
Аз қабули Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 сол сипарӣ шуд. Ин ҳуҷҷати тақдирсоз дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурии азизамон такони бузурге гузошт.
Дар моддаи 38-и Конститутсия омадааст: “Ҳар шахс ҳуқуқи ҳифзи саломатӣ дорад. Шахс дар доираи муқаррарнамудаи қонун аз ёрии тиббӣ ройгон дар муассисаҳои нигоҳдории тандурустии давлатӣ истифода менамояд”. Дар давраи Истиқлолият беш аз 1000 муассисаҳои тандурустӣ бунёду азнавсозӣ шуда, сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беҳтар гардида, фавти модарон ҳангоми таваллуд 1,8 баробар ва фавти кӯдакон 2,7 баробар коҳиш ёфт, хавфи паҳншавии бемориҳои хатарноки сироятӣ бартараф гардид.
Кушодани клиникаҳои шахсӣ тақозои замон аст. То ки мардум бо хоҳиши худашон аз клиникаҳои давлатӣ ё шахсӣ истифода баранд. Айни вақт мо ба мардум аз рӯи 14 номгӯй хизматрасонии ташхисӣ мерасонем.

Озода Давлатова - коргузори дастгоҳи раиси ноҳия.
Ба андешаи ман нақши таърихии Конститутсия пеш аз ҳама дар он аст, ки аз солҳои аввали Истиқлолият халқи Тоҷикистон ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ сарнавишти худро маҳз тибқи муқаррароти ҳамин ҳуҷҷати тақдирсоз муайян намуда, самтҳои тараққиёти ҳамаи соҳаҳои зиндагиашро мушаххас гардонд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора таъкид намудаанд, ки: «Бузургӣ ва аҳамияти ин санади муҳими таърихӣ пеш аз ҳама дар он ифода меёбад, ки он бори нахуст аз ҷониби худи халқ ва барои халқ бо роҳи ифодаи озодонаи майлу иродаи шаҳрвандони мамлакат қабул карда шудааст». Конститутсия-бахтномаи миллат дар дилу дидаи мо ҷавонон мебошад ва бо риояи бандҳои он мо кишварамонро боз ҳам ободтару зеботар ва осудатар хоҳем гардонид.

Абдулҳақ АЗИЗОВ - нафақахӯр, Муаллими шоистаи Тоҷикистон.
Маҳз бо шарофати Конститутсия дар як муддати на чандон тӯлонӣ дар саросари кишвар дигаргуниҳои азими иқтисодӣ ба амал омада Тоҷикистони азизи мо ободу зебо гардида дар ҷаҳон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона шинохта мешавад.
Боиси шукру ифтихор аст, ки соҳаи маориф низ хело рушд ёфт. Чӣ тавре аз Паёму баромадҳои Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон огоҳӣ ёфтем, танҳо дар доираи “Барномаи давлатии сохтмон, таъмиру азнавсозии мактабҳо барои солҳои 2008-2015” зиёда аз 600 миллион сомонӣ сарф гардидааст.
Фақат дар соли 2016 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 201 бинои таълимӣ ба маблағи 540 миллион сомонӣ бунёд ва азнавсозӣ гардидааст. Мактаббачагони ноҳияи мо низ аз ин дигаргуниҳо баҳра бардоштанд. Сохтмонҳои мактабҳои бисёрошёна ва таъмини мактабҳо бо асбобу ашёҳои хониш гувоҳи онанд.


Омодасозон: Т. Соҳибназаров, М. Тағоева.