Чт12142017

Last updateПт, 08 Дек 2017 1pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ИФТИХОР

ШАҲКИТОБИ САОДАТИ ХАЛҚ

Мирзо ФАЙЗАЛӢ

Қонуни Асосии Ватан қудрати халқ аст,
Он раъйи умум аст, ки аз ваҳдати халқ аст,
Ганҷинаи афкори башар, сарвати халқ аст,
Даҳ боб дар он гашта рақам – қисмати халқ аст.

Ҳангоми қабулаш ҳама гаштем ҳамовоз,
З-он рӯз бишуд ваҳдати бесобиқа оғоз,
Имрӯз, нигар, халқ шуда ҳамдилу ҳамроз,
Аз партави он гашт ҳама кори Ватан соз,
Соҳибватаниро санаду ҳуҷҷати халқ аст.

Саршор бувад аз сухани адлу адолат,
Бар ҳаққу ҳуқуқи ҳамагон ҳаст кафолат,
Бинвишта чунин хубу амиқу ба асолат,
Дарёбӣ аз он посухи ҳар гуна саволат,
Ин шоҳкитоб аст, пур аз ҳикмати халқ аст.

Озодии виҷдону сухан сабт дар он шуд,
Бе дахл дигар мазҳабу дини ҳамагон шуд,
Ҳамсанг ба ҳам ҳаққи зану мард баён шуд,
Ҳар фард баробар ба дигар фарди замон шуд,
Таъкид дар он шаъну шараф, иззати халқ аст.

Фахрем аз ин ҳуҷҷати созанда, ки дорем,
Қонуни ҳаёт аст, ба он арҷ гузорем,
Ҳар ҳарфу ҳиҷояш ба дили хеш нигорем,
Шаъну шарафашро ба сари арш барорем,
К-он ҳурмати ман, ҳурмати ту, ҳурмати халқ аст.