Чт12142017

Last updateПт, 08 Дек 2017 1pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ИФТИХОР

ОФАРИН, ЗАЙДУЛЛО ЗУБАЙДОВ!

Инак моҳи дуюм аст, ки маъракаи обуна ба нашрияву маҷаллаҳои даврӣ, аз ҷумла ба нашрияи Маҷлиси вакилони халқ ва раиси ноҳияи Файзобод «Набзи Файзобод» идома дорад. Соли равон тибқи нақшаи тасдиқгардида, теъдоди обуначиён ба нашрияи раиси ноҳия «Набзи Файзобод» бояд  ба 2700 нусха расонида шавад.

Беморхонаи марказӣ (сардухтур Суҳроб Ҷобиров), КАТС (директор Музаффар Мирзоев) ба 125-нусхагӣ «Набзи Файзобод» обуна шуда, иҷрои нақшаро таъмин намуданд.  Нақшаи пешбинигардида  ҳамчунин дар МИҲД-и ноҳия, МДНСЭ (директор Комилҷон Латифов), «Лоиҳакаш» (сардор Нарзулло Давлатов), ҶДММ «Хизмат» (сардор  Алиев Мирзоалӣ), Кумитаи заминсозӣ (раис  Давлатхӯҷа Толибов), Омор (сардор  Саидов Шодӣ), идораи оташнишонӣ ва посбонӣ (сардоронашон Ф. Соҳибназаров ва Каримзода Олимҷон), ҶДММ «Диловар нақлиёт» (сардор  Диловар Раҳматуллоев), ТХҚ «Аврангзеб» (сардор Қурбоналӣ Камолов), Хоҷагии тухмипарварии ба номи А. Назиров (раисаш А. Шарифов), Масҷидҳои ҷомеи Элок, Хоҷаи Ҳотам ва Домуллошоҳ (хатибонашон Қорӣ Носир Раҳимов, Кароматулло Салимов, Ҷиёншоҳ Назаров) ба иҷро расид, ки аҳли эҷоди нашрия аз эшон сипосгузор аст.

Миёни  нуҳ Ҷамоати деҳоту шаҳраки ноҳия аввалин шуда Ҷамоати деҳоти  ба номи Дӯстмурод Алиев  ба 150 нусха «Набзи Файзобод» обуна шуданд. Мо ба раиси ҷамоати мазкур Зайдулло Зубайдов ва мардуми соҳибмаърифати он изҳори миннатдорӣ менамоем.

Ҷамоатҳои деҳоти  Меҳробод (121 нусха) ва Ҷавонон (110 нусха) ба иҷрои нақша наздик шуда истодаанд.

Аммо кас  гумон намекунад,  ки дар хоҷагиҳои деҳқонӣ, ташкилотҳои сохтмонӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ  ва баъзе ташкилоту муассисаҳои ноҳия ашхоси  фарҳангӣ ангуштшумор бошанд, вале то имрӯз ба ягон нусхаи нашрия обуна нашудаанд. Ҷамъияти матлуботи ноҳия (раисаш Ҳадиса Қурбонова) чун ду соли пешин нияти ба рӯзномаи «Набзи Файзобод» обуна шуданро надоштааст.

Дар Файзобод кору зиндагӣ кардаву   ягона нашрияи  Маҷлиси вакилони халқ ва раиси ноҳияро нахондану аз ҳаводиси рӯзгори сокинонаш  огоҳӣ наёфтан гувоҳи дур аз маърифат будани чунин масъулон аст, ки дар шумораҳои оянда аз ин хусус сухан хоҳем кард.