Сб10192019

Last updateПт, 06 Сен 2019 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ИФТИХОР

МАРДИ МЕҲРУБОН БУД

Марди ҳалиму меҳрубон Ҳалим Алиев омӯзишгоҳи маданӣ-равшаннамоии ноҳияи Лелин (имрӯза Рӯдакӣ)-ро хатм карда, корро аз  вазифаи директори хонаи маданият оғоз карда буд. Ӯ ҷавондухтарону писарони ҳавасмандро ба хонаи маданият ҷалб намуда, кори маҳфилҳои санъатро ҷоннок намуд. Дар колхозу совхозҳо намоишҳои театрӣ ташкил мекард.

Соли 1970, баъди мустақил шудани ноҳияи Файзобод, вақте ӯро мудири шуъбаи маданият таъйин намуданд, ҷавонони боистеъдоду ҳавасманд, ба монанди Мирзо  Сатторов, Оиша Сиярова, Қиёмиддин Чақалов, Дӯстмурод Алиев, Саида Султонова, Лола Носироваро ба кор ҷалб намуд. Ҳангоми дар ин вазифа будан ба Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин дохил шуда, соли 1973 онро бо ихтисоси муаллими таърих тамом кард.

Ҳалим Алиев ҳини директори сети кинои ноҳия будан вазифаашро бо масъулияти баланд иҷро менамуд. Ӯ беҳтарин филмҳоро оварда, дар тарбияи ватандӯстӣ ва тарбияи ахлоқии ҷавонон саҳми муносиб гузошт.

Ҳалим Алиевро барои хоксору нисбат ба одамон ғамхор буданаш роҳбарони ноҳия ҳурмату иззат мекарданд.

Фарзандони шодравон дар соҳаҳои гуногун кору фаъолият дошта бо номи падари ғамхори хеш фахр мекунанд.

М.ҲОМИДОВ,

нафақахӯр, сокини кӯчаи Чинаӣ.