Чт11152018

Last updateЧт, 15 Нояб 2018 2pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

АЗ ҚАЪРИ ТАЪРИХ

НАВРӮЗИ НИЁГОН

Аҷдодони мо дар замони подшоҳии Ҷамшед Наврӯз, Сада, Меҳргон ва Тиргонро ҷашн мегирифтанд. Иди Наврӯз таърихи хеле қадима дорад. Сарчашмаи қадимтарине, ки аз ҷашнгирии Наврӯз гувоҳӣ медиҳад, китоби Зардуштиён «Авасто» мебошад. Дар «Наврӯзнома»-и Умари Хайём аз тарафи шоҳ Ҷамшед ҳамчун ид ҷашн гирифтани Наврӯз таъкид гардидааст. Мувофиқи ривояти қадим дар муддати шаш рӯз Худо оламро, сониян одамро офарид. Масалан, дар ояи 54 сураи «Аъроф»-и Қуръон гуфта мешавад: «Ҳамоно Парвардигори шумо он Худоест, ки осмонҳо ва заминро дар шаш рӯз офарид, сипас бар арш қарор ёфт. Рӯзро ба шаб,ки шитобон онро металабад, мепӯшонад ва хуршеду моҳу ситорагонро офарид, ки мусаххари фармони ӯ ҳастанд. Огоҳ бошед, ки офаринишу тадбир (-и олам) аз они Ӯст. Пас бобаракату безавол аст Худое, ки Парвардигори ҷаҳониён аст». Аз таҳлил ва омӯзиши сарчашмаҳо бар меояд, ки Наврӯз (дар замони давлатдории Ҳахоманишинҳо) таърихи зиёда аз сеҳазорсола дорад. Сабаби бузургдошти ҷашни Наврӯз ғайр аз он, ки оғози табиат аст, ба воқеияти зерин вобаста аст. Каюмарс, ки гӯё нахустин подшоҳ аст ва Ҳушанг, ки подшоҳи Пешдодиён буд, дар ҳамин рӯз таваллуд ёфтаанд. Фариддуншоҳ дар ҳамин рӯз кишвари паҳновари Эронро миёни се фарзанди худ тақсим намудааст. Наврӯз ҷашни табиат ҷашни рӯзи аввали баҳор аст. Баъди рӯзҳои сарди Зимистон дар Наврӯз гӯё зиндагии тоза шуруъ мегардад. Дамидани сабза, сабз шудани дарахтон парафшонӣ кардани парандагон ба инсон неру ва илҳоми тоза мебахшад. Дар Наврӯз шавқи зистан, завқи муҳаббату хондани суруди баҳорӣ пайдо шуда деҳқонро барои меҳнат кардан ҳидоят менамояд.

Кишвари мо Тоҷикистон сарзамини хуршедӣ ва як гӯшаи биҳишти рӯи замин аст, ки бо қадами мубораки Наврӯз табиат ба гулистон табдил ёфта, бо ҷомаи сабзи худ ба мо зиндагии хуш ва нуру сафоро ҳадя меоварад. Ҳамин тавр Наврӯз ба рӯйихати мероси ғайримоддии фарҳангии инсон ҳамчун анъанаи фарҳангии бисёре аз халқиятҳо дохил гардид. Вобаста ба ин Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун оид ба Наврӯз гуфтааст: «… Ман итминони комил дорам, ки мамлакат ва халқҳои ҷаҳон ба таърих ва оинҳои ин ид такя намуда, кӯшиши дар ҳамоҳангӣ бо олами табии зистанро мекунанд ва сулҳу иродаи некро дар сайёра пойдор менамояд».

Зариф СОБИРОВ, мухбири ҷамоатӣ.