Ср06202018

Last updateВт, 19 Июнь 2018 2pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

АЗ ҚАЪРИ ТАЪРИХ

АФСОНАИ БУДУ НАБУДИ ЗАМОНИ ҶАНГ…

Солҳо моро аз   айёми воқеаҳои даҳшатбори замони ҷанг дур месозанд. Атрофи  набардҳои хунину шаҳидони   ҷанги хонумонсӯзи солҳои 1941-1945 хотираҳо, нақлу ривоятҳо хеле зиёданд. Аз садҳо ҳазор иштирокчиёни ҶБВ акунун дар саросари  Тоҷикистони азизамон  ҳамагӣ 800 нафар боқӣ мондаанду халос. Мо, насли замони шӯравӣ, одат кардаем, ки  ҳар сол  рӯзи 9 май дар сӯҳбати эшон  бошем. Афсӯс, ки акнун ками дар кам сӯҳбат бо онҳо моро насиб мегардад. Ва акнун ҳарбу зарбҳо, ашки ҳасрати модарони чашминтизор ва кашидани бори вазнини  занон дар ақибгоҳ ба афсонае табдил меёбад барои имрӯзиён. Мо, кӯдакони замони  баъди ҷангиро  низ насиб афтода,  ки гарде аз суфраи он рӯзгори вазнин    бичашем….
Деҳаи Ҷонварсӯз солҳои аввали ҷанг  ҳам  чандон хурд набуд. Баски дар наздикии  роҳи калон ҷойгиршудаву мардумаш дастурхондор буданд, ҳар роҳгузари шабмонда ҳатман шаби худро дар ин деҳа рӯз мекард. Аҳли савод низ буданд мардуми деҳ.  Мирзо Муҳаммад Таққӣ, ки дар вазифаҳои масъули ҷумҳурии навташкил фаъолият мекард,  фарзанди ҳамин деҳа аст. Ӯ хушхаттарин шахси водии Ҳисор  ба ҳисоб мерафт, ки  соҳиби инъом-соати тиллои шоҳи Афғонистон  гардида аст. Олими шинохта Абдулғанӣ Мирзоев яке аз шогирдони ин марди бузург мебошад.  Ҳамчунин Мирзоабдуқодир Шарифов, ки  корманди партиявӣ буду  босмачиён ӯро солҳои бистум дар деҳаи Намадмолон  ваҳшиёна ба қатл расониданд, зодаи Ҷонварсӯз буд. Мирзосаид Шарифов бошад дар суди ноҳия кор мекард ва Солеҳ Сафаров раисии ҷамоати деҳоти Файзободро ба уҳда дошт.  Ҳамин тавр он солҳо  Ҷонварсӯз  фарзандони шинохтаву  номбардори худро дошт ва    пайравони онҳо аз ҳисоби ҷавонон  дар деҳа зиёд буданду  пайи таҳсил рафтан мехостанд. Аммо   Ҷанги Бузургӣ Ватанӣ  ба орзуҳои онҳо хати батлон кашид.

ШАҲБОЗҲОИ  ҶОНВАРСӮЗ
Соли 1941 бо оғози ҷанг  даҳҳо шаҳбозҳои  деҳа ихтиёриву бо даъвати комиссарияти ҳарбӣ ба хизмати  аскарӣ мерафтанд. Кўтали  Фотеҳахон то ҳанӯз ёд дорад маъракаи рафтани  онҳоро. Маҳз аз ҳаминҷо Даҳмарда Раҳимов, Самад Солеҳов, Маҳмадӣ Бобиев, Абдулло Бобишоев, Достак Ҳамидов, Салим Раҳимов, Қурбон Ятимов, Муродалӣ Расулов, Файзулло Зубайдов, Гурез Каримов, Шоҳмаҳмад Пиров, Абдуқаҳҳор Абдуллоев, Ғафур Баротов, Хайриддин Розиқов, Сайфулло Исҳоқов, Назаралӣ Алиев, Қаландар Абдуллоев, бародарон Ашӯру Нурулло  Латиповҳо, Маҳмадқул Комилов,Бурӣ Ҷунайдов, Нарзулло Файзуллоев, Табар Раҳматов, Муҳиддин  Иноятов, Хол Содиқов ва Қурбон Шарифов, Теша Муъминов, Нуриддин Зуҳуров, Наим Азимовро мардуми деҳа дастфишон ба ҷанг гусел карда  буданд.  Онҳо селаи кабкони равро мемонданд, ки ҷуфт –ҷуфт ба парвози  ҳимояи Ватан рафтаанд.   Корнамоии онҳо дар ҶБВ бо   ордену медалҳои  ҷангӣ қадр шудааст. Корномаи аксари онҳоро дар саҳифаҳои  нашрияи ноҳиявӣ ҳам  ба риштаи тасвир кашида будем. Баъди панҷ соли ҷанг, аз ин шаҳбозон тоқа тоқа ба Ҷонварсӯз баргаштанд. Акнун ҷанг чашми онҳоро кушода буд. Оламу одам, неку бадро дидаву  мекӯшиданд, ба қадри  осмони соф, пораи нон ҳамагон бирасанд …..
Аксари ин ҷавонмардон,   бо худ осори ҷангро низ  оварданд. Нарзулло Файзуллоев аз як дасти худ маҳрум шудаву  Самад Солеҳов ва Хол Содиқов  бо  пойи маҷрӯҳ  баргаштанд. Баъзеи дигарон   то лаҳзаҳои охирини ҳаёт дар бадан пораҳои тиру снарядҳоро  гардонданд. Пас аз ҷанг онҳо баҳри ободию пешрафти Тоҷикистон, як пораи собиқ Давлати  Шӯравии абадқудрат дар корзори меҳнат низ каҳрамонӣ нишон доданд. Номи Теша Муъминов, Нуриддин Зуҳуров, Маҳмадӣ Бобиев, Абдуқаҳҳор Абдуллоев  ва Қаландар Абдуллоев ҳамчун  пешсафони  соҳаи маорифи ноҳия зикр мешавад.
  Умр гузарон аст, афсӯс, ки дар рӯзҳои таҷлили  ҷашни  70 солагии  Ғалабаи бадастовардаашон  ягон нафаре аз онҳо  миёни мо нест…

АЗ ҶАНГИ ГИРМОН БАРНАГАШТ…
Ёд дорам, ки болотар аз хонаи мо холаи Ҳусноро зиндагӣ мекард. Кампираки нурониву кушодачеҳра буд. Аз сари субҳ то нишасти офтоб зери дарахти тути дами дарвозааш рӯ сӯи роҳи калон менишаст. Баъзан мо,  бачаҳои  аз дили  ӯ бехабар,     кампирро  ақлбохта пиндошта   бо табассуми    истеҳзо  сӯяш чашм мепартофтем. Гоҳо кампир  аз «ёфтаву тофтааш» ба шириниҳо, мо бачаҳои шалворпӯшро  зиёфат медод. «- Хӯреду дар ҳаққи шаҳбачаҳои ман дуо кунед,  додаром, ки соқу саломат омаданд, ана тӯйи калон метумтон», бо чашмҳои пурнам садоямон мекард ӯ. Чун оҳиста- оҳиста калон шудем,  аз сӯзиши қалби ӯву  охирин умедҳояш  огоҳӣ ёфтем. Нақл мекарданд, ки   Ҳусноро тамоми шаб корҳои хонаро анҷом додаву бо дамидани субҳ роҳи шаҳбачаҳои оромонӣ-додаронаш Ашӯру Нуруллоро, ки дар ҷанги Гирмон шаҳид шуда будаанд, мепоид. Ба хати сиёҳи онҳо бовар надошт.  Чандин даҳсола  аз ҳар аскари навомада, хабари додаронаро ҷӯё мешуд. Афсӯс, ки бо умеду интизориҳо аз дунё рафт.
Дар Ҷонварсӯз шаҳидони ҷанг кам нестанд. Ба ёди Хайриддин Розиқов, Достак Ҳамидов, Сайфулло Исоқов, Назаралӣ Алиев, Маҳмадқул Комилов, Бӯрӣ Ҷунайдуллоев наздиконашон ашки ғам мегиристанд. Онҳо дур аз Ватан ғарибхок шуданд, ба хотири имрӯзи фирӯзи мо. Тимсоли  ҷавонмардони  бо нангу ор, ватандӯст  буданд ин шаҳидон, ки арзандаи ҳамагуна қадрдониҳоянд….

АҚИБГОҲ ҲАМ ҶАНГ БУД…
Амалиётҳои ҷангӣ   садҳо километр дур аз Тоҷикистон идома дошт. Аммо ақибгоҳ ҳам майдони ҷангро мемонд. Занони мардсифати Ҷонварсӯз   чун панҷаи як ангӯшт  шабу рӯз пайи кӯмаки фронту  ба кори  колхоз банд буданд.   Соати фориғ надоштанд. Шиори ҳамаи онҳо як буд: «Ҳама чиз барои фронт, ҳама чиз барои Ғалаба».  Атрофи раиси колхоз   Комил Убайдов  муттаҳид шудаву  шудгору кишт, дараву ба хирман кашонидани ҳосил, нигоҳубини гову мол ҳама ба дӯши онҳо афтода буд. Аммо касе шикоят намекард. Мардони боқимондаи деҳа Бобишо Саъдуллоев, Шариф Гадо, Гул Баротов, Насриддин Қурбоновро,  бинобар дар вазифаҳои давлатӣ кор карданашон, ба ҷанг набурданд. Онҳо ҳафтаҳо ба хона намеомаданду пайи кор мегаштанд. Вазифаи пурмасъули муҳаррири газета,  баъдтар раиси комиҷроияи ноҳияро Бобишо Саъдуллоев ба уҳда дошт.  Гадо Шарифро соли   1941 бо гурӯҳи корӣ дар устуворкунии хатҳои мудофиа ба сифати роҳбари сиёсӣ ва тарғиботгар фиристода буданд. Пас ғалаба дар фронтҳои самти Москва ва Сталинград аз нав ӯро ба ақибгоҳ фиристоданд. Ду маротиба дар ин солҳои мудҳиш  Гадо Шариф хўрокаву пўшокаи ҷамъовардаи мардуми ақибгоҳоро   ба хати пеши фронт бурд. Баъдтар ӯ бо   Гул Баротов ва Насриддин Қурбонов  дар газетаи ноҳивӣ фаъолият мекард.
Ёд дорам. Соли 1955 ҳама ба ҷашни 10-солагии Ғалаба омодагӣ мегирифт. Арафаи  ин ид шабҳо аксари занони деҳа    зери рӯшании чароғ дар хонаи бемардинаи мо ҷамъ меомаданд.  Гирди дастурхони  хоксорона, ҳар яки онҳо аз  лаҳзаҳои душвори ақибгоҳи ҷанг сафҳаи хотира доштанд, ки бо ашку ҳасрат ва баъзан бо ҳазл қиссае аз онрӯзҳои душворро   мекарданд.  
Барои мо, писару духтарчаҳои 8-10 - сола шунидани ин қиссаҳо бисёр ҳам хотирмон буд.
Холаи Сочигул, ки  кампири қозӣ ҳам мегуфтандаш, говҷӯши номӣ буд, ҳикоят мекард, ки «ба хотири пешрафти кор баъзан ду- се шаб хобро фаромӯш мекардем. Субҳу шом  баъди ҷӯшидани говҳо рост ба саҳро ба гандум дараву шабдарав  мерафтем. Бо испор замин шудгор мекардам. Худо ба мо қувва мебахшид».
Нағзигулу Ҷумъагул, Зумрат, Ҳусноро, Ҳурмат, Холбӣ, Сайбӣ, Мамлакат, Бираҷаб, Марҷон,   Моҳбегим, Хосамоҳ низ дараву чигинакашӣ, хирманкубӣ,  ҳатто аз мардон пеш гузаштанашонро ёд меоварданд. Боғҳои сабзондаи занони солҳои ҷанг, ки  то  солҳои наздик  120 гектар буд, дастурхони мардумро  пур мекард.  Дар хотираҳои онҳо дард, аламу ранҷ ниҳон буд. Ёду ғами шаҳбозҳои ҷанг як сӯ ва матонату қувваи ҷавонмардӣ барои рӯзи Ғалаба, ба хотири наҷоти фарзандон аз гуруснагию сардӣ    сӯи дигар онҳоро  ёр гашта буд. Оҳ мекашиданд, аммо оҳашон сабук набуд, маъниҳои зиёдеро дар худ дошт. Ба қавле занони Ҷонварсӯз дар набардҳо ширкат доштанд. Ва бо сари баланд аз он гузаштанд….

ЧАНД САТРЕ БАРОИ АНДЕША
Акнун аз анҷоми он ҷанги хонумонсӯз ҳафтод сол сипарӣ шуд. Ягон-ягон монд иштирокчиёни ҷанг. Аз он холаҳои ҷафокашидаи айёми кӯдакии ман ҳам қариб, ки касе намонду пирӣ ҳам маро домангир шуда. Хотираҳои даврони ҷангу  «майдаё»-гӯиҳои бобои Пиру Сафар ва дигар  корнамоиҳои    ақибгоҳи сангини он айём, ҳам ба саҳифаҳои таърих кӯч бастанд. Пас аз даҳсолаҳо    ҳамаи он корнамоиҳо чун афсонаи буду набуди замони ҷанг дар китоби хотираҳои  ояндаҳо боқӣ хоҳад монд.

 

ТИЛЛО Соҳибназар,
Аълочии матбуот, маориф ва фарҳанги ҶТ.