Сб10202018

Last updateПт, 19 Окт 2018 2pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

АЗ ҚАЪРИ ТАЪРИХ

ЁДГОРИҲОИ ФАРҲАНГӢ-ДАРСИ ТАЪРИХ

Ба туфайли ғамхориҳои рӯзафзуни давлату ҳукумат фарҳанги миллӣ торафт рушду такмил меёбад. Барои омӯхтани таъриху фаҳанг шароиту имконият фароҳам овардан яке аз вазифаҳои Ҳукумати Тоҷикистон аст. Ташкилоти ҷамъиятии Ҳифзи ёдгориҳои таъриху фарҳанги Тоҷикистон, ки ташкилоти худидоракунии ғайридавлатӣ мебошад, маҳз ба ҳамин мақсад, яъне ҳифзу нигаҳдории осори таърихию фарҳангӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳангии мардум ташкил ёфтааст. Ҳамин гуна ташкилот дар ноҳияи Файзобод низ амал мекунад. Ва аз охири соли 2014 раисии онро ба зимаи ман гузоштанд. Бояд бигӯям, ки давоми 50 сол аз фанни таърих ба бачаҳо таълим додам, аз ин рӯ, ба қадри фарҳанг мерасам. Ҳангоми фаъолияти омӯзгорӣ дар муассисаи таълимии рақами 2 осорхонаи бостоншиносӣ ташкил намуда, бозёфтҳоро дар он гирд овардам. Қисме аз бозёфтҳои таърихии мо дар осорхонаи ноҳия гузошта шудаанд. Ҳамчунин ба муассисаҳои таҳқиқотии пойтахти кишвар маводҳо пешниҳод кардем.
Ташкилоти ҷамъиятии ҳифзи ёдгориҳои таъриху фарҳанги ноҳия дар назди худ мақсад гузоштааст, ки табақаи васеи аҳолӣ, пеш аз ҳама ширкати фаъолонаи зиёиён, омӯзгоронро дар ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, меъморӣ ва фарҳангӣ таъмин намояд. Муносибат дар баланд бардоштани фарҳанги аҳолӣ, тарбияи онҳо дар рӯҳи эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ ва дар байни аҳолӣ густариш додани донишҳо роҷеъ ба мероси таърихию фарҳанги халқ ҷониби  дигари фаъолияти ташкилот аст. Мо кӯшиш мекунем, ки корхонаҳо, муассисаҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ, созмонҳои давлатиро ба узвияти дастаҷамъӣ ҷалб намоем. Кори мо дар бадали чор моҳи фаъолият самараи хуб дод. Ташкилот кормандони ҶДММ “Мурғи ҳилол”, беморхона, бахши фарҳанг, муассисаиҳои таълимии рақамҳои 13,25,31,37,38-ро аллакай ба узвият пазируфт. Дар гуфтугузор бо роҳбарони ин муассисаҳо аён мегардад, ки мардум ба қадру қимати фарҳанги хеш мерасанд ва аз маданияти бою ғании халқи худ ифтихор менамоянд. Масалан, роҳбари корхонаи мурғпарварии ноҳия Зафарҷон Ҳакимов нисбат ба таъриху фарҳанги миллӣ эҳтиром доштани худро изҳор карда, нигаҳдорию ҳифзи хурдтарин бозёфти бостоншиносиро қарзи шаҳрвандии ҳар сокини кишвар медонад. Зафарҷон Ҳакимов барои ба узвияти ташкилоти мо дохил шудани кормандонаш бо масъулияту фарҳанги роҳбарӣ мусоидат намуд.
Файзобод, ки дар гузаштаи сеҳазорсола Вашгирд ном дошт, бо таъриху фарҳанги худ ифтихор менамояд. Оромгоҳи имрӯзаи деҳаи Саричашма, ки сатҳи як қисми масоҳати шаҳри қадим аст , дар қатори 27 мавзеъҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон ҳамчун мамнуъгоҳи таърихӣ-фарҳангӣ ба қайд гирифта шудааст.  Ҳамчунин мақбараи Хоҷаи Ҳотам, Доробқалъа (воқеъ дар Қалъадашт), дахмаи хиштапазии асри Х (дар канортари соҳили дарёи Элок, рӯ ба рӯи деҳаи Қанғелӣ), масҷиди куҳнаи деҳаи Файзобод (асри 19), нимпайкараҳои Ҳикмат Ризо ва Дӯстмурод Алиев, ҳайкали барқади В.И.Ленин  (дар маркази шаҳрак) ҳамчун ёдгориҳои меъморӣ, таърихию фарҳангӣ шинохта шудаанд. Сокинони ноҳия, ҳар як фарди солимақл бояд дар ҳифзу нигаҳдории ин ва дигар мавзеъҳои таърихӣ ва ёдгориҳои фарҳангӣ ҳисса гузорад.
Вазифаи ташкилоти ҷамъиятии Ҳифзи ёдгориҳои таъриху фарҳанг танҳо аз ҷамъ кардани ҳаққи узвият ва нигаҳдорию ҳифзи ёдгориҳои фарҳангӣ иборат нест. Масъулияти дарёфти нигораҳо, асбобу анҷомҳои антиқа ва ба осорхонаи ноҳия тақдим кардани онҳо низ ба зиммаи аъзои ташкилот аст. Аз ин рӯ, аз сокинони ноҳия, онҳое, ки ба осори фарҳангии ниёгон арҷ мегузоранд, хоҳиш карда мешавад, ки ҳар чизи хосияти фарҳанги таърихидоштаро, ки дарёфт мекунанд, дар хонаи худ нигоҳ надошта, ба осорхона супоранд.

Зариф СОБИРОВ,
 раиси ташкилоти ҷамъиятии Ҳифзи ёдгориҳои таъриху
фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Файзобод.