Вт10232018

Last updateПн, 22 Окт 2018 9am

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

АЗ ҚАЪРИ ТАЪРИХ

ВАШГИРД-МАВЗЕИ САЙЁҲӢ

ВАШГИРД-МАВЗЕИ САЙЁҲӢЧанд рӯз пеш устодон ва донишҷӯёни солҳои 1 ва 2-юми шуъбаи иқтисодиёт ва идораи туризми факултаи молиявӣ-иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар доираи маҳфили илмии «Сайёҳ» ба ноҳияи мо ташриф оварданд. Мақсад аз ин боздид омӯзиш ва таҳқиқи захираҳои туристиву рекреатсионии диёри файзбори мо ва ҷалби бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ ба ин минтақа мебошад.


«Сайёҳ»-он,  ки оянда дар самти туризми кишвар фаъолият хоҳанд кард, аз мавзеҳои Қалъаи сангин, мақбараи Хоҷаи Ҳотами Асам, Осорхонаи миллии ноҳия ва Доробқалъа дидан намуданд. Дар ҷараёни ошноӣ аз мавзеъҳои номбурда сармутахассиси бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия Ҷунайдулло Каримов меҳмононро ҳамроҳӣ намуда, эшонро ба фарҳангу анъанаҳои мардуми Вашгирди бостон ошно сохт.
Донишомӯзон аз тамошои мавзеъҳои мазкур таассуроти нек бардошта, қайд карданд, ки оид ба таърихи Вашгирд зимни баромаду маърӯзаҳояшон дар семинару конференсияҳои донишгоҳӣ сухан хоҳанд кард.


Р. СОБИР, «НФ».