Чт08162018

Last updateСр, 15 Авг 2018 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

АЗ ҚАЪРИ ТАЪРИХ

АЗ ҚАЪРИ ТАЪРИХ

ВАШГИРДИ ПЕШИН ВА ФАЙЗОБОДИ НАВИН

Халқи қадимаи тоҷик, мегӯяд Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки дар тӯли таърих басо ҷафоҳо кашидааст, низ бурду бохтҳои худро аз давраи пайдоиш то кунун маҳз дар тарозуи таърих муайян мекунад. Ин амри табиист. Зеро таърих оинаест, ки мо дар он мавқеи гузаштагонамонро дар масири таърих бо ҳама шаҳомат ва хорию зориаш дида, ба ҳусну қубҳи фаъолияти корбарии ӯ сарфаҳм рафта, ба ин восита қадаме ба сӯи хештаншиносӣ ва худогоҳӣ ниҳода, бо дидаи ибрат дурнамо кишвару мардуми худро муайян карда метавонем.

Шаммае аз таърихи Вашгирд

Ин гӯшаи Тоҷикистони маҳбуб чун бисёр дигар манотиқи кишвар таърихи худро дорад. Мувофиқи кашфиётҳое, ки тазкиранависону муаррихони пешин ва бостоншиносони имрӯза ноил гардидаанд, собиқаи он ба 2500 – 3000 сол мерасад. Бостоншиноси заррабини тоҷик доктори илм, профессор Юсуфшоҳи Яқубшоҳ ба таърихи таълифи китоби “Авасто” таваҷҷӯҳ зоҳир карда онро на 2700-сола, чи хеле ки барои ҷашнгирии он ҳамин таърихро муқаррар карда буданд, балки 3000-сола меҳисобад. Дар ҳамин муқаддасоти хаттӣ, яъне дар “Авасто” номи Вашгирд дар қисмати Яшт зикр меёбад. Модоме ин тавр аст, ҳеҷ шубҳае намемонад гӯем, ки Файзободи имрӯза мавҷудияти на кам аз 3000-сола дорад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сафари охиринаш – 10 апрели соли 2014 – ҳини баҳодиҳӣ ба таърихи Файзобод эътироф кард, ки “дар қаламрави ноҳия шаҳри бостонии Вашгирд, ки таърихи беш аз сеҳазорсола дорад, мавҷуд буда, то ҳол дар сатҳи зарурӣ омӯхта нашудааст”.

Ҳар фарди ватандӯст, аз ҷумла муаллифи ин сатрҳо, бо таърихи диёр ва гузаштаи миллати худ ифтихор менамояд. Ифтихори мо аз он аст, ки Вашгирд ҳамчун шаҳр дар замони Каёниён (асрҳои III-I пеш аз мелод) эътироф шудааст.

Абулқосим Фирдавсӣ дар “Шоҳнома”-и безаволи худ воқеаҳои аҳди Хусрави Анушервон (солҳои 531-579) –ро ба риштаи назм дароварда аз он қисса мекунад, ки дар ҷанги байни туркҳо ва Ҳайтолиён аз шаҳрҳои Балху Шуғнон, Хатлону Вашгирд, Тирмизу Ому ва Зам лашкару лавозимоти ҷангӣ, ҳамчунин тиллою танга ҷамъ меоваранд.

Зи Балху Шукнону Омую Зам,

Силеҳу сипаҳ хосту ганҷу дирам.

Зи Хатлону аз Тирмизу Висагирд

Зи ҳар сӯ сипаҳ андаровард гирд.

Тасвири Абдулқосим Фирдавсӣ далолат мекунад, ки дар асри VI , тахмин 1500 сол пеш, Вашгирд (ё Висагирд, тавре дар “Шоҳнома” омадааст) шаҳри аз ҷиҳати ҳарбӣ устувор ва аз лиҳози сиёсӣ бонуфӯз будааст. Ногуфта нагузарем, ки мувофиқи маълумоти “Шоҳнома” Пирон- фарзанди Вис сарлашкар ва вазири Афросиёб - зодаи Вашгирд ва ҳокими ин шаҳр будааст.

...Ки сарлашкари гурди Афросиёб

Аз ин мулки машҳур, аз ин хоку об.

Ва Пирон буда исм, пайванди Вис,

Накӯрою хушном фарзанди Вис.

Сипоҳу силоҳаш фузун будааст,

Сари хашм хасмаш забун будааст.

Номи Пирон чун сарлашкари далеру шуҷои мулки Тӯрон дар достонҳои “Шоҳнома” даҳҳо карат зикр мешавад. Пирон баробари ҷанговари матину қавипайкар будан марди накӯкору оқил ва адолатпарвар будааст.

Ҳамон ҷанги Пирон на бар орзуст,

Ки ӯ роду озодаву некхӯст.

Ин ҷанговар ҳатто дар назди шоҳи Эрон қадру манзалат доштааст. Фирдавсии бузургвор аз номи намояндаи шоҳи Эрон меорад:

Маро шоҳи Эрон чунин дод панд,

Ки Пирон набояд, ки ёбад газанд.

Олими адабиёт Шамсиддин Нуриддинов дар китоби “Дирӯз ва имрӯзи Файзобод” (соли таълифаш 1985) меорад, ки “Пирон дар номаи ба сарлашкари Эрон навиштааш Висагирд (Вашгирд) – ро дар радифи бузургтарин шаҳрҳои Тӯрон ном бурда талаб мекунад, ки тақсимоти марказӣ ва ҳудудияти Эрону Тӯрон бояд тавре сурат гирад, ки ҳанӯз дар замони Манучеҳршоҳ анҷом гирифта буд”.

Ин нома далели соҳибқудратии ин мулк, яъне Вашгирд ва шаҳодати диловарҷуръатии ҳокими он мебошад. Дар ҳамон рисола омадааст, ки бори нахуст дар асоси таҳқиқ ва тавзеҳи олими англис Марк Варт муҳаққиқи рус В.Ф.Минорский дар шарҳи ба асари географӣ – таърихии “Ҳудуд-ул-олам” додааш, Вишгардро ҳамчун шаҳри қадимӣ – афсонавии Висигард ё Веса маънидод намуда, исбот мекунад, ки харобаҳои шаҳри мазкур дар ҳудуди ноҳияи ҳозираи Файзобод воқеъ гардидааст.

Муҳаққиқи мазкур ба шаҳодати фикри худ, маълумоти ҷуғрофидони арабизабон – Истахриро дар хусуси аз Вишгард ба самти шарқ, дар масофаи якрӯза воқеъ будани Элок ва қад – қади ин роҳ ҷараён доштани дарёчаи Элок қайд кардааст. Ин ақидаро минбаъд тамоми муҳаққиқон, аз ҷумла таърихшиносони машҳури шӯравӣ В.В.Бартолд, Б.Ғафуров, А.М.Белинский дастгирӣ намудаанд.

Дар китоби қиматарзиши Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” омадааст, ки шаҳри Вашгирд, ки миёни дарёҳои Кофарниҳону Вахш ҷой доштааст, баробари Чағониён, Аҳорун, Шумон, Кумод дар он замонҳо як ҳукумати ба сари худ мустақили сиёсиро ташкил мекардааст.

Бостоншинос Юсуф Ёқубов баъди таҳқиқи харобаҳои Вашгирд чунин хулоса мебарорад: “Возеҳ гардид, ки ин шаҳр дар аввали асри яки мелодӣ ба вуҷуд омада дар асрҳои IХ - ХII яке аз марказҳои калонтарини маданӣ, илмӣ, ҳунарӣ ва савдо дар Бохтари Шимолӣ ба шумор мерафт. Шаҳр аз се қисмат иборат буд: диз (қалъа), шаҳристон ва работ. Дизи шаҳр ҳоло ба номи “Қалъаи сангин” машҳур аст. Дар охир таъкид мекунам, ки дар Тоҷикистон ба монанди харобаҳои Вашгирд шаҳри қадиму калон нест”.

Ҳафриёти соли 2009 – уми Пажуҳишгоҳи таъриху бостоншиносии кишвар дар Қалъаи сангини Вашгирди кӯҳан (гӯристони кунунии деҳаи Сарисашма) дақиқ кард, ки дар ин мулки бостонӣ ҳунармандию косибӣ дар ривоҷ будааст. Олимони пажуҳишгоҳ ҳини ковиш қубурҳои обгузару хишт, сарпӯши гилину дегу оташдони интиқолӣ, симобкӯза, чароғ, ашёҳои ороишии занона, деги оҳанин, косаҳои сирдори мунаққаши катибадор, табақу шоҳкоса, дук, сияҳдон ёфтаанд, ки ба асрҳои нӯҳ ва понздаҳ мутааллиқанд. Пайдо кардани муҳри шоҳи Ҳинд Акбаршоҳ ва сикаҳои чинию ҳиндӣ исбот бар он аст, ки Вашгирди кӯҳан шаҳри тиҷоратӣ ва соҳиби бозорҳои сари “Роҳи абрешим” будааст.

Қисме аз бозёфтҳо дар осорхонаи ноҳия гузошта шудаанд. Ҳар сокини ватандӯст ва худогоҳ, дӯстдори таъриху тамаддун метавонад ба онҳо таваҷҷуҳ дошта бошад.

Маҳфили бостоншиносии мактаби рақами 2 деҳаи Меҳробод бо роҳбарии омӯзгори фанни таъриху ҳуқуқ Зариф Собиров аз деҳаи Тақназарӣ аз чуқурии 14 – 15 метр миҷмари асрҳои V –VIII ва кӯзаи асри Х, аз работи Вашгирди қадим кӯзаи асри VI, аз деҳаи Шерамон табари сангии асрҳои II – III пеш аз мелод ва борсангҳои бофандагии асри биринҷ, ҳамчунин косаҳои сафолин мунаққашу катибадори асрҳои Х – ХI, пораҳои зарфҳои шишагии асрҳои IV – Х, дастгоҳи бофандагии асри Х пайдо кардаанд. Бостоншиносони ҷавон чанд сол пеш табари сангии аз деҳаи Шерамон ёфтаи худро ба осорхонаи Камолиддин Беҳзод ҳадя намуданд. Табари сангӣ ба ҳазорсолаи II – III пеш аз мелод тааллуқ дорад. Аз ҳамин деҳа тангаҳои асрҳои VIII - IХ ва ҳайкалчаи 25 – сантиметра дарёфт карда, ба осорхонаи пажуҳишгоҳи Аҳмади Дониши шаҳри Душанбе бахшиданд.

Тазкиранавис Ал – Истахрӣ Вашгирдро шаҳре медонад баробари Тирмиз ва аз Ҳисор бузургтар. Ҳамчунин аз маълумоти ӯ равшан мегардад, ки дар асри Х Пули Сангин (дар Норак) сарҳади табиии байни Хуталон ва Вашгирд будааст. Бостоншинос Давлатхоҷа Довудӣ бошад, баъди ҳафриёти харобаҳои Вашгирди кӯҳан ба чунин хулоса омадааст: “Дар асрҳои миёна дар Бохтари қадим се вилояти бузургу бонуфуз буд – Хатлон, Чағониён ва Вашгирд. Аммо дар замонҳои қадим аз ҳама бонуфузтарин вилояти ин минтақа маҳз Висагард (Вашгирд) будааст. Хулоса, аз асри III - II то милод ва то асрҳои VI – ХVI шаҳри Вашгирд обод буда, Қалъаи сангин, Қалъаи Фотимаи Зуҳро ва шаҳристону работ дошт. Ба ҳайати вилояти Висагирди қадим на танҳо ноҳияи имрӯзаи Файзобод, балки ноҳияҳои гирду атроф – аз Кабудҷар то Душанбею Ҳисор дохил мешуданд. Шояд вилояти Сурхандарё ва Тирмиз низ ба ҳайати Висагард дохил буданд ва ё ин ки аз лиҳози сиёсӣ тобеи шоҳи Висагард -Пирон ва авлодони ӯ буданд”.

Ба хонандаи ин сатрҳо рӯшан бошад, ки мардуми Вашгирд то интишори ислом пайрави оинҳои будпарастӣ ва зардуштӣ буда, расм-ул-хат ва китобҳои махсуси худро доштаанд. Самъонӣ (муаррихи асри VIII-и араб) зимни тавсифи шаҳри Вашгирд навиштааст: “Дар аввалҳои интишори ислом дар Вашгирд алифбои махсус ва навиштаҷоти аҷибе машҳур буд, ки дар китобҳо сабт шудаанд”.

Маълумоти Самъонӣ гувоҳи равшан аст, ки Вашгирд дар арафаи истилои араб яке аз марказҳои мадании Тоҷикистон ва Бохтар буда, мардуми он баъд аз қабули ислом дар давоми садсолаҳо алифбои буддои худро ҳифз мекарданд.

Зи ту кас бидонад, ки таърихи даҳр

Баҳо чанд дода ба Вашгирдшаҳр.

Набудаст шаҳре ба монанди он

На Тирмизу Чочу на дар Хуталон.

Ки марзу ҳудуду алам доштаст,

Алифбою хатту қалам доштаст.

Нуфӯсаш саросар, ки зардуштхӯ,

Аз ойин гирифта басо обрӯ.

Ҳама аҳли шаҳраш ба вақти намоз

Ба хуршед гуфтанд арзу ниёз.

 

ДУРАХШИ СИТОРАИ МИЛЛАТ

Мо дар асри навин гом мезанем. Асри гузашта ба ҳукми таърих барои тоҷикон асри таззод, айёми шикасту фоҷиаҳо, пирӯзию парвозҳо, сохтану сӯхтанҳо гардид. Кас намехоҳад мусибати солҳои 90-уми ба сари миллат омадаро ба ёд биёрад, зеро он дардест басо гарону сангин. Аз рӯзҳои даҳшатбори солҳои 1992-1996 ёд кунӣ, дил хун мегиряд. Ғаразу хусумат, бадбинию ҷаҳолат, куштору разолат дар таърихи миллат бо хатҳои сиёҳ боқӣ мемонанд. Муноқишаҳои байнихудӣ, ба забони дигар, ҷанги бемаънии шаҳрвандӣ миллионҳоро ба тарсу ҳарос андохт, ҷони садҳазоронро рабуд, садҳазорони дигарро бехонумону беваю сағира кард. Барои барқарор намудани хисороти ҷанги шаҳрвандӣ ва ба оромию осудагӣ овардани табиати озордидаи мардум муҳлати зиёд зарур шуд. Ҳукумат, хусусан Сардори давлат, шахсияти таърихӣ Эмомалӣ Раҳмон дар ин бобат нерӯи хирадмандонаи хешро бедареғ сарф кард.

Дар ин аср Тоҷикистон парчами озодиро баланд афрохта, дар роҳи истиқлолият, худшиносӣ ва ифтихори инсонии худ қадамҳои устувор пеш гузошт. Қадру қимати тоҷикон ва арзиши зиндагии онҳо ба пояҳои баланд расид. Таърихи қадими халқи тоҷик гувоҳ аст, ки ибтидои ҳазораи дуюм барои миллати тоҷик замони тақдирсӯз буду интиҳои он ба бахти ин миллати кӯҳанбунёд тақдирсоз гашт. Агар дар ибтидои ҳазорсолаи дуюм Сомониёни бузург аз майдони сиёсат берун шуда бошанд, дар охири ҳазорсола тақдири таърихӣ ба миллати тоҷик бори дигар имкон дод, ки соҳиби истиқлолият, ҳокими қисмати худ гардад.

Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаҳду талошҳои тақдирсозаш солҳои охири қарни бист ҳамчун диловари замон нақши бориз гузошт, сарвару пешбари парчами истиқлолият гардид, барои ба вуҷуд овардани заминаҳои таҳкимбахши давлати демократии ҳуқуқбунёди дунявӣ қадамҳои устуворонаи давлатдориро таъмин кард. Ҳар фарди худогоҳи Тоҷикистон бояд ба чунин ифодаи образнок сарфаҳм рафта тавонад, ки ситораи ҳазор сол пеш сукуткардаи миллати мо дар анҷоми асри бист аз нав рух намуд, дурахшон шуд ва ҷойгоҳи худро дар осмони ҷаҳони истиқлолият пайдо кард. Тоҷикистон дар домани ҳамин садсола ҳамчун як ҷузъи комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид. Барқарор шудани муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон бо давлатҳои хурду бузурги дунё, имзо шудани Аҳдномаи дӯстию ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ бо бисёр мамлакатҳои ҷаҳон, дар шаҳри Душанбе пайдо шудани сафоратхонаҳои давлатҳои муқтадири дунё, аз қабили Америка, Германия, Эрону Покистон, Туркия, Ветнам, Корея, Уругвай, Шветсария ситораи иқболи моро ҷилодору дурахшонтар гардонданд. Барои эътирофи бузургии Тоҷикистони камнуфӯс шояд ҳамин басанда бошад, ки парчами давлатиаш дар Созмони Милали Муттаҳид қатори беш аз 200 давлат барафрохта шудааст.

Мардуми Файзобод камию костиҳои даргузари рӯзгори худро ба қавле, фаромӯш карда, дар ҳадди имкониятҳои мавҷуда ба оянда бо назари нек менигаранд. Соҳаи кишоварзӣ, ки заминаи асосии иқтисоди молиявии ноҳия мебошад, дар муқоиса бо чанд соли давраи ақибравӣ, тараққӣ кард.

Дар Файзобод яке аз калонтарин корхонаҳои мурғпарварии мамлакат - Ҷамъияти саҳомии кушоди “Мурғи ҳилол” фаъолият менамояд. Ҳамасола дар 32 мурғхона то 700 ҳазор мурғи тухмдеҳ парвариш меёбад. “Мурғи ҳилол” рӯзе 380-400 ҳазор дона тухм истеҳсол мекунад. Маҳсулоти корхонаи Файзобод қариб дар тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ харидор дорад. Аниқан 60 дарсади аҳолии кишварро “Мурғи ҳилол” бо тухм таъмин менамояд.

Сафарҳои кории Президенти кишвар ба Файзобод - 30 майи соли 2008, 15 июли соли 2011, 10 апрели соли 2014 - ва дастуру супоришҳои ӯ ба иқтисодиёти ноҳия, хусусан рушду тараққии соҳаи аграрӣ такон бахшиданд. Дар сафари соли 2008 аз ҳисоби фонди захиравии Президент барои бунёди маркази саломатӣ ва тавассути қубурҳо аз мавзеи Чува ба маркази ноҳия овардани оби ошомиданӣ маблағ ҷудо карда шуд. Дар сафари моҳи апрел бошад, Эмомалӣ Раҳмон ба боғи 120-гектара дар деҳаи Даштимарзои ҷамоати деҳоти Қалъаидашт ибтидо гузошта, вобаста ба имкониятҳои мавҷудбуда дастур дод, ки солҳои наздиктарин домани боғистони нави Файзобод ба 4000 гектар паҳн гардад. Дар ҳамин асос мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барномаи хоса матраҳ намуд.

Ободсозиҳои маркази ноҳия, ки ҳанӯз аз ибтидои соли 2010 ибтидо гирифта буд, рӯ ҷониби авҷ дорад.

Дар ду тарафи роҳи байни шаҳраки Файзобод биноҳои хуштарҳи замонавӣ бунёд шуда, ҳусни пешинаи маркази ноҳияро ҷилою шукӯҳи тоза медиҳанд. Дар ин ҳудуд нуқтаҳои хизматрасонии нав пайдо шудаанд. Бо маблағҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ идораи ақди никоҳ ва коргоҳи ҷавонон, дармонгоҳ барои қабули 150 корафтода, хонаи истиқоматии 12 - ҳуҷрадор қомати шукӯҳ гирифтанд. Бонкҳои марказии кишвар дар Файзобод филиалу шуъбаҳои худро бунёд мекунанд. Имрӯз бинои “Ориёнбонк” иншооти намоён буда, ба чашм хеле зебо мерасад.

Соли дуюм аст, ки дар боғи фароғатӣ – фарҳангии “40 – солагии ғалаба” осорхонаю чойхонаи миллӣ дар хидмати мардум қарор доранд. Дар паҳлӯи даромадгоҳи боғ сохтмони бинои дигаре қомат гирифт, ки дар он идораи давлатии андози ноҳия ҷой хоҳад гирифт. Дар паҳлӯи бинои сеқабатаи алоқа сохтмони боз як бонк оғоз гардид.

Охири соли 2013 ду бинои бар ба бари қашанг дар паҳлӯи комиссариати ҳарбии ноҳия қомат рост кард, ки ба фарзанди саховатпешаи ноҳия Ҷамшед Ғафуров тааллуқ дорад. Ин иморатҳои чашмрасро ба ҳар мақсаде истифода баранд, арзиш дорад. Воқеан, Ҷамшед Ғафуров, ки роҳбари яке аз корхонаҳои бонуфузи хориҷӣ буда, қароргоҳаш дар Қазоқистон асту ба кашидани хатҳои азими газ сару кор мегирад,дар ду соли охир бо саховатпешагӣ ном баровард. Як далели саховатмандиаш ҳамин, ки барои азнавсозии майдони варзишии мактаби маркази шаҳрак, таълимгоҳе, ки Ҷамшед дар он таҳсил кардааст, 50 ҳазор доллари амрикоӣ бахшид.

Бо хоҳиши раиси ноҳия Каримиён Имомназар ин ҷавонмарди асил сохтани мактабро дар деҳаи Кенҷаободи ҷамоати деҳоти Файзобод ба уҳда гирифт, ки на камтар аз як миллион сомонӣ талаб мекунад.

Фаъолияти босамари Ҷамшед Ғафуров дар Россия бо ордени “Ситораи Ватан”, медалҳои “Барои хизмати шоиста” ва “Барои тараққиёт ва иноватсия” қадр шудааст. Моҳи майи соли 2014 Президенти Россия Владимир Путин ба Ҷамшед соати номнавишт туҳфа кард.

Дар саховат мисли дарё, дар футувват беназир,

Дар шабистони иноят шӯълаи моҳу мунир,

Пайрави ҳимматбаланди Ҳотами равшанзамир.

Эй ки дар дунёи ҳастӣ офтоби муқтадир!

Ҷумлаи бечораҳоро чорасозу дастгир.

Кист ин марди ҳақиқӣ?

Номи ӯ Ҷамшед аст.

Ҳамдами хуршед аст!

Дар раҳи сӯйи умед,

Дар раҳи бахти сафед.

Ҳиммати мардонааш бӯйи муҳаббат мекунад,

Ҳарчи аз дил мебарорад, аз садоқат мекунад.

Кадхудоӣ мекунад, сӯи шафоат мекунад,

Аз саховат дар дили мардум иморат мекунад,

Кибриёи модари худро ибодат мекунад.

Кист ин марди ҳақиқӣ?

Номи ӯ Ҷамшед аст.

Ҳамдами хуршед аст!

Дар раҳи сӯйи умед,

Дар раҳи бахти сафед.

Дар футувват аз ҳама болою шахси арҷманд,

Ҳиммати мардонааш дорую дармону сипанд.

Сифати одамгариаш пиру барноро писанд,

Обрӯю эътибораш аз баландиҳо баланд,

Эй ки кохи обрӯи ӯ намеёбад газанд!

Кист ин марди ҳақиқӣ?

Номи ӯ Ҷамшед аст.

Ҳамдами хуршед аст!

Дар раҳи сӯйи умед,

Дар раҳи бахти сафед.

Симои деҳот низ ба куллӣ дигар шуд. Сол аз сол ҷойи хонаҳои лойсохтро биноҳои зебои дуошёнаю сеошёна ишғол мекунанд, манзилҳои истиқоматӣ шаклу башараи европоӣ мегиранд. Хусусан марказҳои маъмурии ҳокимиятҳои маҳаллӣ ба таври шинохтанашаванда рӯйи тағйир мебинанд. Ба мисол, деҳоти Меҳробод (Гумбулоқи пешин) ва Файзобод, ки бист сол пеш ягон хонаи дуошёна надоштанд, имрӯз аз тобиши фурӯшгоҳҳову нуқтаҳои хизматрасонии зебои чандқабата назаррабо шудаанд. Мавриди қайд аст, ки бунёдкориҳо асосан бо маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ба вуҷуд меоянд. Фарзандони банангу номӯси Файзобод дар корхонаҳои давлатию хусусии хориҷи кишвар, асосан ҷумҳуриҳои Россия ғайратмандона кор карда, аз ин ҳисоб зодгоҳи худ, яъне ватани азизи Тоҷикистонро обод мекунанд.

Наметавон нодида гирифт, ки роҳбарони ноҳия дар доираи имкониятҳо ва нерӯи ғайрати созандагии хеш барои рушду нумӯи диёр ҷаҳду талош менамоянд. Каримиён Имомназар ба сифати роҳбари ноҳияи Файзобод (оғози кораш аз 13.12.2013) фаъолияташро аз бунёдкорӣ оғоз намуд. Қабл аз ҳама сокинони шаҳрак, хусусан масъулони идораҳои хоҷагиро ба тозаю озода кардани кӯчаҳои маркази шаҳрак сафарбар кард, вазифа гузошт, ки бунгоҳҳои таъмирнадидаи чанд деҳа обод карда шаванд. Сохтмони бозори пӯшида дар ҷойи бинои вайронаи маркази ноҳия ва суръат бахшидан ба созандагии маркази саломатии сеошёна (бо таҳхона) маҳз ташаббуси раиси тозаинтихоб Каримиён Имомназар аст. Бозори пӯшида ба маблағи дар хазинаи “Саховатмандони диёр” ғуншуда сохта шуда дар солгарди Ваҳдати миллӣ – 27 июн - ба истифода даромад. Акнун шаҳраки Файзобод соҳиби ду бозори ғизоӣ ва либоса аст. Бояд гуфт, ки мардуми Файзобод аз соли 2008 инҷониб чашминтизори кушодашавии дармонгоҳ мебошанд.

 

ТАЪРИХ ДАФТАР ДОРАД

Насли калонсол медонад, ки дар замони шӯравӣ Партияи коммунистӣ ҳамчун ҳизби ягонаи ҳоким пешбарандаи ҳаёти ҷомеа ҳисоб мешуд. Котибони райком, ба ифодаи имрӯза “Раисони ҳизб” роҳбари ноҳия буданд. Пешравию муваффақият, мушкилоти гарону ҳалли осон, бурду бохт, шикасту рехти тамоми корҳоро, мисли имрӯза аз роҳбарони сатҳи аввал мепурсиданд. Комитети Марказии Партияи Коммунистии Тоҷикистон сазовортаринҳоро, шахсиятҳои ба ғояҳои Ленин ва сотсиализм содиқро, ватандӯсту халқпарварро, бовиҷдону софдилро, ҳалолкору бенафсро паси мизи ин мансаб мешинонд. Зикри номи роҳбарони таърихии Файзобод Ҳасан Ҳакимов, Аминов, Абдулвоҳидов, Шоҳ Саидов, Мирбобо Мироқилов, Ятим Исмоилов, Саид Юсуфов, Исмат Тошматов, Бойназар Топилов, Лишинский, Дадобой Ҳомидов, Холиқ Раҷабов, Сафо Саидов, Камол Юсуфов, Бобоҷон Ҳомидов, Василий Захватов, Мирзохӯҷа Шоев, Амир Қарақулов, Тоҷинисо Носирова, Саидмурод Тағоевро салоҳ медонем. Инҳо пайи ҳам сарварии мардуми ноҳияро ба уҳда гирифта, як – ду, чор – панҷсолӣ ва аз ин ҳам зиёдтар меҳнаткашони Файзободро ба иҷрои нақшаҳои азими бамиёнгузоштаи партия ва ҳукумат ташкилу сафарбар намуданд. Ҳамаи онҳо дар алоҳидагӣ сазовори тавсифанд. Вале маҳдудият ба ин имкон намедиҳад. Мехоҳем чанд сатре ба сифати муаррифнома дар бораи Саидмурод Тағоев рӯйи коғаз орем. Ӯ соли 1964 бо ихтисоси муаллими география ва табиатшиносӣ Донишгоҳи омӯзгории ба номи Т.ГШевченкои шаҳри Душанберо хатм карда, аз соли 1967 ба кори комсомол, баъдан дар вазифаҳои ҳизбию давлатӣ фаъолият дошт: даҳ сол (1970-1980) мудири шуъбаи ташвиқоту тарғиботи кумитаи ҳизби ноҳияи Файзобод, ҳафт сол (1983-1989) раиси кумитаи иҷроияи ноҳияи Файзобод, се сол (1989-1991) котиби якуми ҳизби коммунисти ноҳияи Комсомолобод (Дарбанди ҳозира), нуҳ сол (1991-2000) аввал котиби якуми ҳизби коммунист, баъд раиси ҳукумати ноҳияи Файзобод. Саидмурод Тағоев се даъват вакили халқ дар парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, дафъаи охир раиси кумитаи оид ба масъалаҳои аграрӣ ва шуғли аҳолӣ буд. Корманди шоистаи Тоҷикистон, Аълочии маориф ва фарҳанги Тоҷикистон мебошад.

Ҳоло дар ҳафтоду сесолагӣ аз роҳати нафақа баҳра мегирад.

Бисёре аз номбурдаҳо дар қайди ҳаёт нестанд, вале таърихи диёр онҳоро ёд мекунад. Хизматҳои арзандаи бисёрашон дар ёди пирони хирадманди ин мулк монда, дар саҳифаҳои таърихи ноҳия ҷойи худро доранд. Бо боварии комил гуфта метавонем, ки мардуми Файзобод даҳсолаҳои зиёд номи Мирзохӯҷа Шоевро фаромӯш накарда, аз ӯ сифат мекунанд. Ин марди шариф 14 сол (1969-1983) роҳбари ноҳияи Файзобод буд ва ба пешрафти иқтисодиёт, маориф, фарҳангу иҷтимоиёти ноҳия ҳисса гузошт. Маҳз дар солҳои роҳбарии Мирзохӯҷа Шоев маркази ноҳия ба куллӣ симояшро тағйир дод. Ман чеҳраи ин марди нурониро соли 1969, вақти аз журнали сиёсии КМ Партияи Коммунистии Тоҷикистон (“Коммунисти Тоҷикистон”) барои кор ба рӯзномаи навтаъсиси “Меҳнати коммунистӣ” (“Набзи Файзобод”-и имрӯза) омаданам, дида будам. Ва ҳар гаҳ аз ӯ ёд кунам, ин чеҳра пеши назар меояд. Мирзохӯҷа Шоев дар интихоби одамон ба вазифаҳои роҳбарӣ дурандеш буд, қобилияти корӣ ва сифатҳои инсонии шахсро дар мадди аввал мегузошт.

Халқ хизмати одамони ҳақиқиро қадр мекунад. Хотираи ӯ бо номгузории яке аз кӯчаҳои марказии ноҳия гиромӣ дошта мешавад. Нафақахӯри шахсӣ Саидмурод Тағоев аз ташкилотчигию кордонии Мирзохӯҷа Шоев сифат мекунад. С.Тағоев чанд сол ҳамроҳи М.Шоев кор кард, аз мактаби роҳбарии вай сабақ гирифт. Шодравон Хушмаҳмад Саидов ба М.Шоев ҳамчун ғамхору дӯстдори мардуми заҳматкаш баҳо медод. Х.Саидов вақти роҳбари ноҳия будани М.Шоев раиси кумитаи иҷроияи совети депутатҳои халқи ноҳияи Файзобод буд. Худобиомурз Мирзохӯҷа Шоев Файзобод ва мардуми онро хеле дӯст медошт. Ба унвони олии Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ соҳиб шудани картошкакор Пӯлод Абдураҳмонов ӯ сабаб шуда буд. Кӯшиш мекард, ки заҳматкашони асил соҳиби мукофотҳои давлатӣ гарданд. Ба эҳтироми ин обу хок пеш аз марг васият кард, ки ӯро дар оромгоҳи Сари Мазор гӯронанд. Марқади ҳамсари меҳрубонаш низ онҷост.

Бояд гӯем, ки Пӯлод Абдураҳмонов дар водии Қаротегин аввалин шахсест, ки ба унвони давлатии Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ ноил гардид. Ӯ вазифаи сардори бригадаи деҳаи Фатҳободро уҳда намуда, майдони картошкаро то ба 100 гектар ва ҳосилнокиро ба 500 сентнерӣ расонд. Дар он даврон ба чунин натиҷаи баланд дар тамоми Иттиҳоди Шӯравӣ фақат ӯ ноил гардида буд.    

Дар таърихи ҳокимиятдории Файзобод номҳои Домулло Мирзо Набиев, Ҳақбердӣ Маҳмадаминов, Юсуф Шамсов, М.Чолбобоев, Дӯстмурод Шоазизов, Ҳасан Одинаев, Саид Юсуфов, Амиршо Нуров, Истам Ҷӯраев, Сафар Боев, Б.Давлатов, Саъдулло Бобишоев, И.Каримов, Тағой Салимов, Ҳукум Ахмедов, Усмон Ҳасанов, Хушмаҳмад Саидов, Тоҷинисо Носирова, Тоҷиддин Назиров, Фирдавсӣ Қурбонов, Саидмурод Тағоев, Абдуқодир Давлатов, Исматулло Зайдов, Абдулло Ҳакимов сабт гардидаанд. Онҳо ҳар кадом алоқадри қуввату ғайрати роҳбарикунандагиашон дар ободии Файзобод саҳм гузоштаанд. Таърих дафтаре дорад, ки номҳоро бо хатҳои ҳарранга сабт мекунад: хати сурх – арҷгузории комил, хати зард – ризояту қаноат, хати сиёҳ – қабоҳату ҳақорат. Ва ҳар ранг ифодагари баҳои халқ аст, яъне маҳз баҳои халқ ба дафтари таърих мегузарад.

Қисми зиёди номбурдаҳо, ки ҳукумати иҷроияи ноҳияро аз солҳои 1924 то соли 2013 - ум идора менамуданд, фарзандони маҳаллианд. Мардуми Файзобод ба қобилияти ҳар кадоми онҳо дар алоҳидагӣ баҳо дода метавонанд. Яке – Мирзо Набиев ва Маҳмадамин Ҳақбердиев барин инсонҳои дар солҳои мудҳиши муборизаи босмачигарӣ ба мардуми Файзобод роҳбарӣ карда, ғояҳои ленинии ҳокимиятдориро ташвиқ намуда, барои барқарории Ҳокимияти шӯравӣ дар ин гӯшаи кишвар ҷоннисориҳо карда, баҳри мустаҳкам намудани пояҳои ҳокимияти нав диловарию шуҷоат нишон дода бошанд, дигаре – Ҳасан Одинаев, Амиршо Нуров баринҳо – дар иҷрои нақшаи панҷсолаҳои аввал ва дуюми тараққиёти хоҷагии халқи мамлакат саҳми муносиб гузоштанд. Мирзо Набиев ва Маҳмадамин Ҳақбердиев дар солҳои аввали ҳокимияти советӣ ҳарду паси ҳам вазифаи Раиси кумитаи инқилобии тумани Файзободро ба ҷо овардаанд. Баъдтар, соли 1926, Мирзо Набиев аввалин Раиси кумитаи иҷроияи вилояти Ҳисор интихоб гардида, пас аз ташкил ёфтани Ҷумҳурии шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон (соли 1929) узви Ҳукумати Тоҷикистон буд. Ҳасан Одинаев соли 1937 раиси комиҷроияи ноҳияи Файзобод таъин гардида, депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон интихоб шуд. Ҳамдеҳаи ӯ Амиршоҳ Нуров бошад, солҳои панҷоҳуми асри пешин ба ҷумлаи пешқадамтарин раиси колхоз дохил мешуд. Аз рӯи кораш Ордени Ленин гирифт. Насли имрӯза бояд ба хидмати ин шахсиятҳо баҳои хостанӣ бидиҳад. Магар намешавад, ки хидмати онҳоро арҷгузорӣ кунем, барои абадияти эътирофи заҳматҳои кашидаашон ба хотири онҳо маҳфиле, ҷамъомаде гузаронем, номҳояшонро дар ҷойи намоёне нависем, ба унвонашон кӯчае, муассисае, маҳаллаеро гузорем? Савоби комил мешавад.

ФАЙЗОБОД ДАР СОЛҲОИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941-1945) марду зан, хурду бузургро ба муҳофизати Ватан даъват менамуд. СССР (Иттиҳоди ҷумҳуриҳои шӯравии сотсиалистӣ)ватани маҳбуби сокинони ин мамлакат буд. Аз ин рӯ, мудофиаи ватан барои ҳар як сокини он қарзи бузурги шаҳрвандӣ ҳисоб мешуд. Ҷанг 1418 рӯз давом карда, беш аз 50 миллион одамони рӯи олам, аз ҷумла зиёда аз 20 миллион халқи советиро ба комаш фурӯ бурд. Дар набардҳои шаҳрҳои Москва, Сталинград, Севостопол, Ленинград, Прибалтика ва дигар фронтҳо аз Тоҷикистон беш аз 260 ҳазор ҷанговарон иштирок карда, ҳазорони дигар дар корхонаҳои саноати ҳарбии минтақаҳои марказии мамлакат ва Сибир фидокорона заҳмат кашида, аслиҳаву муҳимоти ҷангӣ истеҳсол намуданд. Онҳое, ки нуқси ҷисмонӣ доштанд, ба баталионҳои коргарӣ ҳамроҳ карда мешуданд. Иштирокчии ҳамин гуна баталионҳо сокини деҳаи Ҷонварсӯз Насриддин Қурбонови худобиомӯрз қисса мекард, ки байни солҳои 1942-1943 ҳар дафъа аз 10 то 150 нафар тоҷикон ба шаҳрҳои Россия фиристода мешуданд. Назар Муҳиддинов, ки ҳоло дар Ростови лаби Дон зиндагӣ мекунад, солҳои ҷанг дар синни 12-13 қатори 400 нафар наврасон дар яке аз заводҳои яроқсозӣ лавозимоти ҷангӣ тайёр мекард. “Ватан, бо ифтихор мегӯяд бобои Назар, он солҳои мудҳиш ба қувваи кӯдаконаи мо ҳам эҳтиёҷ дошт. Охир, аз мӯрча мадад мегӯянд”.

Файзобод аз ҷумлаи даҳҳо навоҳии кӯҳистони Тоҷикистон буд, ки фарзандони далеру шуҷои худро ба ҳифзи Ватан муқобили душман мефиристод. Омӯзиши ҳуҷҷатҳои комиссариати ҳарбии ноҳия, бойгониҳои маҳаллию марказӣ хулоса доданд, ки аз Файзобод дар солҳои ҶБВ беш аз 16 ҳазор кас ба фронт сафарбар шудаанд, ки беш аз 30 дар сади аҳолии ҳамонвақта буд. Хушбахтона, қисми зиёди даъватшудагон баъди Ғалаба бар Германияи фашистӣ ба зодгоҳи худ баргашта, аниқан 618 нафарашон дар набардҳои гуногун ҳалок гардидаанд. Беш аз 500 нафар фиристодагони Файзобод беному нишон шуданд. Дар рафти гап аз ҷангноманависи зиндаёд Раҳмон Сафаров ҳазорон ташаккур мекунем, ки бо заҳмати сангини хеш номи як қисми гумшудагони Файзободро зинда гардонид. Доғу дарди онҳое, ки дур аз Ватан дар майдонҳои ҷанг дар орзуи як коса оби чашмаҳои зодгоҳ ҷон доданд, дилҳоро реш мекунад. Аз Файзобод модароне буданд, ки се – чор, ҳатто панҷ фарзанди худро якбора ба ҷанг гусел карда, аз онҳо фақат “хати сиёҳ” гирифтанд, на суратеву на мактубе... Ёдам меояд, ки соли 1985 сокини 91-солаи деҳаи Кабкрез Соҷида Ҷомаҳмадова (равонаш шод бод) ҳангоми кушодани муҷассамаи ёдгорӣ ба шарафи 40-солагии Ғалаба дар боғи марказии ноҳия аз балангӯяк се дафъа чунин садо дар дод: “Ҳеҷ гоҳ ҷанг нашавад!!!” Ин сухани кӯтоҳу пурарзиш дар нисбати синну соли кампир шабеҳи наъра буд. Кампири Соҷида ҷигарбандонаш Бобоёру Худоёру Бобохонро аз даст дода буд. Номҳои писарони Соҷида Ҷамаҳмадова дар поясанги муҷассамаи ёдгорӣ воқеъ дар Боғи фарҳангу фароғатии “40-солагии Ғалаба” қатори 608 нафар қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ сабт шудааст.

Солҳои ҶБВ даҳҳо нафар ҷавонмардони 18-30-солаи Файзобод ихтиёрӣ ба ҷанги зидди адӯ мерафтанд. Бо тақозои касби рӯзноманигорӣ номи чандин нафари онҳо дар блокноту дафтарҳои журналистии мо зикр шудааст. Ба хотири он ки фарзандон, набераю абераҳояшон сари ифтихор дошта бошанд, номи Тағойбек Ғуломов, Асо Раҳмонов аз деҳаи Қарабулоқи пешину Бӯстони имрӯза, Шариф Маллаев, Файз Ҷанҷолов аз маҳаллаи Чинаии шаҳраки Файзобод, падару писар Ашӯр Каримову Ҷомаҳмад Ашӯров аз деҳаи Чилчашма, Абдуҷаббор Сулаймонов аз деҳаи Устошамси ҷамоати Меҳробод (Гумбулоқи пешин)-ро бо эҳтиром ба ёд меорем. Хушбахтона, аксарияти ихтиёриён дар ғалабаи халқи советӣ бар Германияи фашистӣ саҳми арзанда гузошта, бо сари баланд, соҳиби мукофотҳои ҷангӣ ба ватан баргаштанд. Аз ҷумлаи зикршудагон Ҷомаҳмад Ашӯров, ки ба умри 96 расида, соли 2013 аз олам гузашт, ба гирифтани ордени “Шараф” мушараф гардид. Корнамоии фиристодагони Файзободро газетаи маҳаллии солҳои ҷанг – “Меҳнати сотсиалистӣ” ба таври равшан инъикос намуда, ақибгоҳро ба ҳифзу ҳимояи ватан рӯҳбаланд менамуд. Яке аз шумораҳои “Меҳнати сотсиалистӣ” мактуби аскари қаторӣ Аминҷон Маҳмудовро нашр кардааст, ки овардани чанд сатри онро салоҳ медонем. “Саломи оташини фронтӣ ба шумо, рафиқ котиби райком ва тамоми меҳнаткашони район, навиштааст ӯ. – Ман аъзои колхози ба номи Ленини совети қишлоқи Хоҷамарди райони Файзобод буда, ҳоло дар сафҳои Армияи Сурхи бошараф хизмат карда истодаам. Ман наказҳои шумоёнро дар хотир дорам ва дар баланд бардоштани дониши сиёсӣ ва ҷангӣ баҳои аъло гирифтам ва садоқат нишон дода истодаам. Мо ҳар рӯз ва ҳар соат ба тарафи Ғарб пеш меравем, намегузорем, ки шайкаҳои гитлерӣ нафас кашанд. Армияи Сурх ба душман наҷот намедиҳад, онро зада қир карда тамоман ва абадӣ несту нобудаш мекунад. Мо боварӣ дорем, ки меҳнаткашони Файзобод дар постҳои худашон боз ҳам бо садоқат кор карда, ҳосили баланди ғалладонаро рӯёнда ва онро дар сари вақт ва нобуд накарда ҷамъоварӣ мекунанд, ёрии худро ба фронт боз ҳам даҳ карат зиёд менамоянд”.

Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ақибгоҳ ҳам фронт ҳисоб мешуд, фронти меҳнат, фронти диловарӣ баҳри таъмини ғалаба бар фашизм. Тоҷикистон барои мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии давлати советӣ ба хазинаи мудофиа 30,5 миллион суми нақд, дар ҳаҷми 45,7 миллион облигатсияи заём, зиёда аз 40 ҳазор пуд ғалла, ҳамчунин барои заводҳои аслиҳасозӣ даҳҳо ҳазор сумина маблағ, барои Армияи Сурх зиёда аз 532 ҳазор либосҳои гарм, 1238 ҳазор ҷуфт дастпӯшак, 93,4 сентнер пашм, ҷамъан ба фронт 151 вагон ҳар гуна коло фиристод. “Ҳама чиз барои фронт, ҳама чиз барои ғалаба” шиори кулли тоҷикистониён, аз ҷумла тамоми мардуми Файзобод гардида буд. Мактуби комитети партиявӣ ва комитети иҷроияи Совети депутатҳои меҳнаткашони ноҳияи Файзобод ба унвони Раиси Комитети мудофиаи СССР И.В. Сталин далели гуфтаи болост: “Коргарон, колхозчиён, колхозчизанон ва ҳамаи меҳнаткашони райони Файзободи РСС-и Тоҷикистон аз ғалабаҳои Армияи Сурхи қаҳрамон рӯҳбаланд шуда, ёрии худро ба Армияи Сурх ва мамлакат боз ҳам пурқувват карданд. Онон дар байни чор рӯз аз маблағҳои пасандозашон 410 ҳазор сум пули нақд ва 540 ҳазор сумина облигатсияҳои заёми давлатиро ҷамъ карда, барои сохтмони эскадрияи самолётҳои ҷангӣ супориданд. Бигузор гузориши хоксоронаи меҳнаткашони районамон ба кори тамоман пора-пора кардани машинаи шумқадами гитлерӣ ба Армияи Сурхи диловарамон мадад расонад ва соати ғалабаи худро ба душман наздик намояд”.

Дар ҷавоби ин нома аз Комитети давлатии мудофиаи СССР бо имзои Сталин чунин ҷавоб мерасад: “Ба меҳнаткашони райони Файзобод, ки ба сохтмони эскадрияи самолётҳои ҷангӣ 410 ҳазор сумина облигатсияҳои заёмҳои давлатиро ҷамъ карданд, саломи бародаронаи ман ва миннатдории Армияи Сурхро расонед”.

Саломи Сарфармондеҳи олӣ мардуми Файзободро ба фатҳи қуллаҳои баланди меҳнатӣ рӯҳбаланд мекунад. Мардум дар он солҳои душвор бо мақсади барқарор кардан ва тараққӣ додани хоҷагии халқи мамлакат ба маблағи 1миллиону 935 ҳазору 764 сумина облигатсияҳои заём мехаранд.

Тавре Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар яке аз табрикоти хеш ба шарафи солгарди Рӯзи Ғалаба қайд кард, дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ бори гарони ақибгоҳ ба дӯши занон афтод. Соли 1941 дар саҳроҳо, фермаҳои чорводорӣ 50 фоиз, соли 1942 64 фоизи қувваи кориро занон ташкил мекарданд. Дар колхозҳои ноҳияи Файзобод мардони даравгару ҷуфтрон, чигинакашу хирманкӯбро занҳо иваз карда буданд. Фаъолазани шаҳраки Файзобод Одинагул Баротова (рӯҳаш шод бод) вазифаи мудири анборро иҷро менамуд. Занҳо, нақл мекард ӯ, дар харҳо гандум бор карда ба шаҳри Душанбе ва аз он ҷо ба фронт мефиристоданд. Сокини 90-солаи деҳаи Файзобод Садбарг Қодирова дар 13-солагӣ ҳамчун узви колхози “Пахтакор” (ҳозира хоҷагии иҷорави Вашгирд) баробари занону духтарони қадрас меҳнат мекард. Ашӯрбибӣ Нозимова, равонаш шод бод, солҳои ҶБВ вазифаи масъули мудири шуъбаи комсомол ва райкоми Файзободро ӯҳда карда, ҷавондухтаронро ба корҳои фоиданоки ҷамъиятӣ сафарбар менамуд. Ашӯрбибӣ Нозимова бо ҳамон ғайрати мардона 45 соли баъди ҷанг раиси яке аз ҷамоатҳои сернуфӯси ноҳия буд.

Дар солҳои ҶБВ Файзобод мисли сокинони дигар манотиқи кишвари кӯҳсори мо асосан бо юғу испор ва белу каланд кор мекарданд. Таваҷҷӯҳи касро музаффариятҳои истеҳсолоти солҳои 1942-1945 ба худ мекашад. Ба рақамҳо менигарию ба қувваи сафарбаркунандаи Партияи коммунистӣ, ғайрату масъулияти роҳбарони вақт қоил мешавӣ. Дар он солҳо нақшаю ӯҳдадориҳои ба давлат супоридани ғалла, гӯшт, шир, пашм, меваю сабзавот, пилла барзиёд, то ду баробар иҷро шудаанд. Яъне дар солҳое, ки диловарфарзандони диёр дар майдони ҷанг шуҷоату мардонагӣ нишон медоданд, дар ақибгоҳ, дар набардҳои кор мӯйсафедон, модарону хоҳарон, наврасону кӯдакон барои мустаҳкамшавии иқтидори ҳарбии ватан шабу рӯз заҳмат мекашиданд. Ватан, албатта, меҳнати вазнини ақибгоҳро низ қадр мекард. Ҳамон солҳо 102 ҳазор заҳматкашони ақибгоҳро бо медали “Барои меҳнати шоён” рӯҳбаланд гардониданд, ки зиёда аз 500 нафарашон аз ноҳияи Файзобод буданд.

                                             Мояи ифтихор

Таърих номи шахсиятҳои шинохта ва эътирофкардаи халқро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад. Дар солҳои Ҳокимияти шӯравӣ бештар истеҳсолчиёни пешқадам, одамони намунакор, аъзои ҳизби коммунист, комсомолони фаъол, роҳбарони писандидаро ба шарафи вакили халқ соҳиб мегардиданд. Аз давраи аввали интихоботи шӯроҳо то ба имрӯз беҳтарин намояндагони халқ ба узви Шӯрои Олии мамлакат интихоб гардидаанд, ки зикри номҳои зеринро раво медонам: Ҳасан Одинаев (аз ҷамоати ҳозираи Бӯстон), Файзимо Мирзоева (аз деҳаи Кабкрез), Амиршо Нуров (аз деҳаи Файзобод), Зулайхо Ҳасанова, Майсара Толибова, говдӯши хоҷагии ҳамонвақтаи ба номи Орҷоникидзе (ҳоло Вишгард), Анор Гадоева, говдӯши фермаи Ҳаймаҳмадии хоҷагии ба номи Рӯдакӣ, Талбак Холов, тракторчии хоҷагии “Октябр” (ҳозира ба номи Исмоили Сомонӣ), Саврия Аҳмадова, говдӯши фермаи Тусанбоғи ҷамоати деҳоти Меҳробод, Пӯлод Абдураҳмонов, сардори бригадаи картошкакории хоҷагии ба номи Ҳамза, Гулрухон Шодиева, мудири фермаи Тахтиалиф, Бибигул Каримова, тракторчидухтари хоҷагии “Файзобод”. – Ӯ ҷонишини Раиси Президиуми Совети Олии Тоҷикистон буд, - Сафаралӣ Раҷабов ва Саидмурод Тағоев.

Фарзанди ҳақиқии миллат нангу номуси миллати хеш аст. Файзобод шахсиятҳое дорад, ки дар таърихи мавҷудияташ метавонад бо номи онҳо сари ифтихор дошта бошад. Яке аз онҳо Сафаралӣ Раҷабов аст. Сафаралӣ Раҷабов соли 1990 дар синни 35 депутати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Баъди иҷро кардани вазифаҳои котиб, ҷонишин ва раиси кумитаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 1990 - 1995) 6 апрели соли 1995 Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. Панҷ сол сари ин вазифа буд. Баъди чанд соли дар вазифаи Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардан ва пирӯзӣ дар интихоботӣ Парлумон Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.

Файзобод қасру кушк надорад. Ин диёр дар як гӯшаи зебоманзари Тоҷикистон мавқеъ гирифта имрӯз ва фардо бо зиёиёни асилаш, олимону шоиронаш, фарзандони барӯмандаш машҳур шуда метавонад. Мо шоире дорем бо исми Бозор Собир, ки шеъраш дилҳоро тасхир карда, воқеоти даврро тасвиру тараннум менамояд. Ӯ хоҳ дар Афғонистону Эрон бошад, хоҳ дар Амрикою Олмон аз ҳавои Ватан нафас гирифта бо ҳавои Ватанаш шеър мегӯяд. Бозор Собир баъди дар Тоҷикистон вобаста ба воҷеаҳои солҳои ҷанги шаҳрвандӣ зиндонӣ шудан 19 сол ватанғариб буду дар шаҳри Сиетли штати Лос – Анҷелеси ШМА бо аҳли оилааш ба сар мебурд. Устод Бозор 30 майи соли 2013 бо даъвати Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ватан баргашта, бо манзили истиқоматӣ таъмин карда, бо ордени “Ситораи Президент” шарафёб шуд.

Банда хушҳолии худро тавассути ғазали “Пойандози устод” изҳор карда будам:

Ай мардуми фарзонафар, Бозори Собир омада,

Бар кишвари зебои худ бо даъвати мир омада.

“Бозори Собир омада аз Амрико” – ин хушхабар

Дар ҳар нафас, дар ҳар қадам моро фарогир омада.

Мо ташнаи ашъори ӯ, дар ҳасрати дидори ӯ.

Баҳри давои дарди мо доруи иксир омада.

Бо мӯйи чун борони шаб аз Тоҷикистон рафта буд,

Бар пахтаи ришаш нигар, олудаи шир омада.

Андар дилаш ёди Ватан дур аз Ватан мезист ӯ,

Номи Ватан бар даври лаб марди муҳоҷир омада.

Пирӣ фарогираш шуда, дар пой занҷираш шуда,

Ҳайфо, дареғо, сӯйи мо дер омада, дер омада.

Шоир ба амри доварӣ дар синаи миллат дил аст,

Дар синаи миллат чу дил Бозори шоир омада.

Басо хуб шуд ва дар таърихи фарҳанги ноҳия монд, ки 30 майи соли 2014 ба ифтихори бозгашти устод Бозор Собир мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия “Маҳфили шеъри Бозор Собир”-ро созмон дод ва дар толори театри халқии ноҳия бо иштироки санъаткорони машҳури кишвар ҷамъомади пуршукӯҳ барпо гардид.

Баҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро мавриди қайд медонем, ки дар вохӯрӣ бо роҳбарон ва фаъолони ноҳия 30 майи соли 2008 иброз намуда буд: “Мардуми Файзобод на фақат ҳамчун боғдорону кишоварзони меҳнатқарин машҳуранд, балки мардуми фарҳангу санъатдӯст ва шеъру адабпарвар низ ҳастанд”.

Санъаткорони варзидаи кишвар Нигина Рауфова (равонаш шод бод), Қиёмиддин Чақалов, Малика Саидова, Муҳаррама Шарифова аз гулҳои хушбӯйи боғи фарҳанги Тоҷикистон буда бо накҳати овозашон тамоми кишварро атрборон кардаанд. Нигина Рауфова зодаи деҳаи Шерамон буда, дар ҷумҳурӣ ва берун аз он машҳур аст. Ӯ ҳамчун сарояндаи оҳангҳои халқӣ дар дилҳо ҷо гирифт. Ҳангоми дар Ансамбли рубобчизанон ва Ансамбли рақсии “Лола” кор карданаш ба Белоруссия, Молдавия, Украина, Франсия, Эрон, Афғонистон сафар кард. Соли 1977 сазовори унвони Ҳофизи халқии РСС Тоҷикистон гардида, соли 1996 ба Мукофоти давлатии ба номи Рӯдакӣ шарафёб гардид. Моҳи декабри соли 2010 ногаҳон олами рӯшанро тарк гуфт. Хонаи фарҳанги ҷамоати деҳоти Меҳробод ва филармонияи халқии назди шуъбаи фарҳанги ноҳия (соли 2014) ба номи ӯ гузошта шуд.

Садои Ҳофизи Халқии Тоҷикистон, шодравон Дӯстмурод Алиев баъди бисту се соли маргаш низ аз ҳар хонаи мухлиси савту навои ӯ ба гӯш мерасад. Дӯстмурод Алиев баъди хатми мактаби миёна, аз 17 – солагӣ, ба Хонаи маданияти Файзобод ба кор омада соли 1974 донишкадаи санъатро хатм намуд, соли 1978 ба унвони ифтихории Ҳофизи халқии РСС Тоҷикистон ноил гардид, зиёда бист сол барои мардумаш хизмат кард, беш аз 60 оҳанг офарид. Ҳофизи дӯстдоштаи мо умри зиёд надида 17 апрели соли 1989 дар 39 – солагӣ аз олам гузашт. Мактаби санъати назди шуъбаи фарҳанг ба номи Дӯстмурод Алиев аст.

Дар мотами Дӯстмуроди ҷавонмарг марсияе навишта будам бо ин садо:

Булбуле ҳамчун ту дар ин бӯстон кам дидаам,

Сад чаман гул пеши овози ту сархам дидаам.

Гар ҳузури гармии хуршеди олам рӯзҳост,

Ман ҳузури гарми овози ту ҳар дам дидаам.

Рӯзи маргат рӯзи маҳшар буд, дидам, во балам!

«Вобалам»-ҳо бо алам дар чашми олам дидаам.

Чашмаи Маҳҷони ту аз баъди маргат хушк шуд,

Лек ман бо чашми худ сад чашми нам дидаам.

Шамъи маҳфили ҳазорон аст агар овози ту,

Ҷумла ёрони туро дар банди мотам дидаам.

Меҳри байни ин замину осмон беинтиҳост,

Ин муҳаббатро ба ту дар насли одам дидаам.

Эй бародар, аз куҷо донӣ, ки то ин лаҳзаҳо,

Ончунон ғам дида будам, ки чун ин дам дидаам.

Адибони ҳамдиёри мо Усмон Шарифзода, Раҷабалӣ Аҳмад, Муҳаммад Юсуф, Исо Раҳим, Сайқали Самеъ, Теша Раҷабӣ, Адибаи Азиз, Наргиси Муродалӣ як гӯшаи боғи адабиёти тоҷикро тароват мебахшанд.

Ба хотири шодмонии рӯҳи Усмон Шарифзода қироати мухаммаси ӯро салоҳ медонем:

Ман ба Файзободу кӯҳу чашма пазмонам ҳанӯз,

Мисли Дашти Моҳтобӣ синабирёнам ҳанӯз,

Чун замони кӯдакиям чашми гирёнам ҳанӯз,

Мӯйи шабгун шуд сафеду тифли нодонам ҳанӯз,

Дар савобу дар хатои карда ҳайронам ҳанӯз.

Кӯҳҳояш дар хаёлам роҳгардон мешаванд,

Пешпоӣ хӯрда, гӯё чаппагардон мешаванд,

Чашмаҳо дар ҳарф меоянду гирён мешаванд,

Дар миёни гиряҳошон боз хандон мешаванд,

Ман дар ин асрори кӯҳу чашма ҷӯшонам ҳанӯз.

Чашмаҳояшро якояк ман ҳисобӣ мекунам,

Орзуҳоро бар ҳар як чашма обӣ мекунам,

Нақши ҳар санге хаёли як китобе мекунам,

Дар мақоми кӯҳу чашма изтиробе мекунам,

Масти овози дутори Абдураҳмонам ҳанӯз.

Зиндагонӣ мисли чашми ёр гардон будааст,

Саҳнаи афтударафте баҳри мардон будааст,

Заҳр дар гул пош дода, гул ба домон будааст,

Пур зи ишқу орзуву оҳу армон будааст,

Меравам дар худ фурӯ лаб зери дандонам ҳанӯз.

Сангу хокашро зиёрат карда, ҳоҷӣ мешавам,

Ҳамчу дар Қаъба ибодаткарда, ҳоҷӣ мешавам

Тавбаю шукру надомат карда, ҳоҷӣ мешавам,

Бар Ватан сидқу садоқат карда, ҳоҷӣ мешавам,

Ҳофизи хоки диёрам, покимонам ҳанӯз.

Бобу ҷаддам як замон аз мулки Хатлон омада,

То ба Хатлон омада, аз Оли Сомон омада,

Мулк бар мулке кашон чун ашки мижгон омада,

Ҳолиё дар силаи вақте чу Усмон омада,

Ман зи Файзободаму дар аҳди Сомонам ҳанӯз.

Вақте ки фарзандони диёри худро мояи ифтихор меҳисобем, набояд аз номҳои кормандони ҳарбӣ ва рутбародорони милиса Мирзо Ҷонов, Ҳабибулло Юсуфов ва Субҳонқул Зоиров сарфи назар кунем. Мирзо Ҷонов нахустин генерали Файзобод аст, ки то ба мансаби муовини Вазири корҳои дохилӣ расида буд. Афсари касбӣ Генерал-майор Ҳабибулло Юсуфов, писари собиқ корманди милиса Ғулом Юсуфов, яке аз вазифаҳои пурмасъулияти мақомоти қудратии ҷумҳурӣ - Фармондеҳи Қушунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро чанд сол уҳда кард.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зиёиён, яъне олимону адибон, аҳли фарҳангро хазинаи тиллоии миллат медонад. Ин ифодаи образнок имкон медиҳад, гӯем, ки дар ин хазина чанд дона тилло аз диёри Файзобод ҳам аст. Бархе аз хатмкардаҳои даҳсолаҳои пешини мактабҳои ноҳия ба таҳқиқи илм сару кор гирифта, асарҳои худро ба хидмати халқ пешкаш намудаанд. Алҳол (то ибтидои соли 2014) шумораи олимони риштаҳои гуногунии илми Тоҷикистон ба 55 нафар мерасад. Доктори илмҳои филологӣ, профессори Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон Урватулло Тоиров, доктори илмҳои педагогӣ Таваралӣ Зиёев, доктори илмҳои тиб Саидмурод Саидов, номзадҳои илмҳои тиб Мусулмон Ғуломов, Асадулло Зубайдов, олимони соҳаи кимиё Тилло Юсуфов ва Ғоиб Камолов (рӯҳашон шод бод), Сироҷиддин Раҷабов, номзади илмҳои техникӣ Муродалӣ Сангов, номзади илмҳои биология Абдуҷалил Собиров, олимони риёзӣ Маҳмадҷон Исматов, Мирзо Гадоев ва Раҳмон Пиров, кишоварзӣ Эмомалӣ Шамсов, С.Наимов, Гулнора Комилова, Ҳикматулло Қодиров, Нурмаҳмад Камолов, Музаффар Каримов, Файзалӣ Раҳимов, соҳаи филологияю таърих, фалсафаю сиёсатшиносӣ Муҳиддин Кабиров, Зариф Алиев, Ҷамолиддин Саидов, Саид Ҳалимов, Боймурод Шарифов, Талбак Қурбонов, Файзалӣ Аминов, Сайрам Бақозода, Мавзуна Тағоева аз ҷумлаи панҷоҳнафаронанд.

Ягона ёдгории меъмории қишлоқи Саричашма, ки турбати шогирди Шақиқи Балхӣ – Ҳотами ибни Асами Балхӣ (дар забони мардуми маҳаллӣ “Мақбараи Хоҷаи Ҳотам”) онҷост, гиромӣ нигоҳ дошта мешавад. Яке аз орифони Файзобод Фирдавсӣ Қурбонзода дар бораи ин ёдгории меъморӣ ва шахсияти Хоҷаи Ҳотам соли 1999 бо номи “Зоҳиди Хуросон” рисола таълиф кард, ки новобаста аз ҳаҷми хурдаш, арзиши бадеию илмӣ дорад.

Чун сухан аз фарзандони барӯманди диёр меравад, набояд номҳои варзишгарони шуҳратёри худро фаромӯш намоем. Исмат Абдуллоев аз ҷумлаи онҳост. Ӯ зодаи Файзобод буда, дар мусобиқаҳои байналхалқӣ шарафи Тоҷикистонро ҳифз кардааст. Ӯро асосгузори гӯштини “Самбо” дар Тоҷикистон медонанд. Исмат Абдуллоев ба унвонҳои “Мураббии Шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Корманди Шоистаи варзиши Тоҷикистон” соҳиб гардидааст. Гӯштингирон Абдурозиқ Олимов ва Ҳаитмурод Нуралиев соҳиби унвонҳои ифтихорӣ буда, ба дараҷаҳои баланди варзишӣ ноил гардидаанд. Айни замон Абдурозиқ Олимов, зодаи деҳаи Нодирии ҷамоати деҳоти Меҳробод, сармураббии гӯштини тарзи озоди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ӯ Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ, Мураббии шоистаи Тоҷикистон ва Мураббии тахассуси олӣ аст.

...Ҳаёт пеш меравад. Таърих рақамҳои нав тавлид мекунад. Хурдҳо бузург мешаванд. Бузургон бо корномаҳои нав дар саҳифаҳои таърих нақш мегузоранд. Файзобод бо осоишу оромиши мардумаш ба ояндаи дурахшон қадам мезанад. Мардумони шарафманди диёр даҳ сол баъд 90 – солагӣ, бист сол баъд 100 – солагиашро ҷашн хоҳанд гирифт. Касе зиндаю саломат аст, ба ҷашнҳои аз ин ҳам бузургтари диёр мерасад, дигаргунию пешравиҳоро мебинад, балки дар ин таҳаввулот бевосита иштирок мекунад.

Ҷӯрабек МУЪМИН.

 

ШАҲРИ ҲУСН

Ҳеҷ шаҳре мисли Файзобод ҳуснобод нест,

Ҳаст зеботар аз ӯ, афсӯс, Файзобод нест.

Номи ӯро файзу обу бод зебо кардаанд.

Дар ягон ҳарфу сухан ин гуна хубэҷод нест.

Боди гардонаш агарчӣ чаппагардонат кунад,

Хонаи бе боди файзободиҳо обод нест.

Дар ҳавояш бӯи мушку анбари мулки Хутан,

Не, ғалат кардам, Хутан ин қадр мушкобод нест.

Дилбаронаш шӯху раъною парию муштарӣ,

Дар дигар ҷо дида бошам инчунин, дар ёд нест.

Аз Фаридун ёдгорӣ дорад ин шаҳри кӯҳан,

Подшоҳеро, ки бар султониаш эрод нест.

Ман, ки пайвастам ба обу хоку боду чанги ӯ,

Банди ҷонам як гиреҳ аз банди ӯ озод нест.

Ҷӯрабек Муъмин, зодаи (2 феврали соли 1947) деҳаи Чилчашма (Ҷойникудии пешин) таълимоти миёнаро дар мактабҳои деҳаҳои Ҷойникудӣ ва Гумбулоқ (Меҳрободи ҳозира) гирифта, солҳои 1964-1969 дар Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин, имрӯза Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил намудааст. Ихтисосаш филолог, муаллими забон ва адабиёт. Дар давраи таҳсили университет се сол дар маҷаллаи «Коммунисти Тоҷикистон» фаъолият дошт. Аз соли 1969 то имрӯз дар газетаи «Набзи Файзобод» кор мекунад.

Узви Конфедератсия байналмилалии журналистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон, Аълочии матбуоти Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон мебошад.

Муаллифи китобҳои «Ошён» (публитсистика), «Файзобод:таърихи қадим ва имрӯзи он», «Таронабазм» (шеърҳо), «Шӯхиҳои ҷиддӣ» (наср). Маҷмӯаи ашъораш бо унвони «Атри борон» дар дасти чоп аст.

Каримиён Имомназар, раиси ноҳияи Файзобод.

 

ТАЪРИХ ИЛМИ ИБРАТОМӮЗ АСТ

Файзобод, ин гӯшаи зебоманзари Тоҷикистони маҳбуб, дар водии Ҳисор мавқеъ гирифта, рӯ ҷониби тулӯи офтоб дорад ва ба сӯйи водии Рашт доман кашидааст. Ин диёр бо боғу роғаш, меваҳои хуштаъмаш, ҳосили фаровони картошказорҳояш, помидори сурхи «сергӯшташ», бо табиати фораму накҳати гулу гиёҳи кӯҳсораш, бо фарзонафарзандони номдораш машҳур аст.

Санаи 14 июни соли 1931 барои ноҳияи Файзобод ҳамчун рӯзи ҷудокунии марзи ҳудудӣ ва шинохти маъмурӣ дар даврони шӯравӣ эътироф гардидааст. Пас аз сарнагун шудани Аморати Бухоро ва ташкил гардидани Ҷумҳурии Шӯравии Халқии Бухоро, Файзобод яке аз туманҳои водии Ҳисор   маҳсуб мешуд. Вақте Ҷумҳурии худмухтори Тоҷикистон (соли 1924) ва Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон (соли 1929) ташкил ёфтанд, ҳудуди имрӯзаи Файзобод (ба ғайр аз ҷамоатҳои деҳоти Чашмасор, Қалъаидашт ва Мискинобод) дар тобеияти ноҳияи Янгибозор, шаҳри Ваҳдати ҳозира қарор дошт. Мустақилияти ноҳияи Файзободро Кумитаи Иҷроияи Марказии РСС Тоҷикистон бо қарори № 32 аз 14 июни соли 1931 қонунӣ гардонд. Зери ин қарор Раиси КИМ РСС Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва котиби КИМ РСС Тоҷикистон А.Зиннатшоев имзо гузоштаанд. Ба тобеияти ноҳияи Файзобод нуҳ ҷамоат дохил мешуд: Файзобод, Гумбулоқ, Хоҷамард, Дубеда, Диишо, Шолипая, Норак, Чакалӣ, Меҳрозӣ, Якабед.

Чӣ тавре мебинем, чанд деҳоти ҳудуди ҳозираи шаҳри Норак дар ҳайати ноҳияи Файзобод будааст.

Имрӯз ҳам ноҳияи Файзобод 9 ҷамоат дорад: ҷамоати деҳоти Бӯстон, ҷамоати деҳоти Меҳробод, ҷамоати деҳоти Вашгирд, ҷамоати деҳоти ба номи Дӯстмурод Алиев, ҷамоати шаҳраки Файзобод, ҷамоати деҳоти Ҷавонон, ҷамоати деҳоти Чашмасор, ҷамоати деҳоти Қалъаидашт, ҷамоати деҳоти Мискинобод. Ҳудуди ҷамоатҳои Чашмасор, Қалъаидашт ва Мискинобод, ки соли 1931 ба ноҳияи Обигарм (имрӯза шаҳри Роғун) тааллуқ доштанд, ҳоло дар ҳайати ноҳияи Файзободанд.

Шумораи аҳолии ноҳияи Файзобод ба 1 январи соли 2014-ум 93255 нафар, масоҳаташ 874,11км2 аст.

Ман дар анҷоми соли 2013 ба сифати раиси ин ноҳия ба кор шурӯъ намуда, ҳис кардам, ки мардуми Файзобод меҳнатдӯстони асил, заҳматкашони ватандӯсту ғайратманд, инсонҳои баору номус буда, ба Тоҷикистону истиқлолияти комили он содиқанд. Аз рӯзҳои аввали ба кор шурӯъ намудан сокинони ин диёрро ба ободкорию созандагӣ ҳидоят кардам ва, хушам омад, ки маро, роҳбари ноҳияро хуб фаҳмиданд. Имрӯз, дар андак вақт, дар ҳамаи соҳаҳо дигаргунӣ ба чашм мерасад, хоса дар ободии шаҳраки Файзобод ва марказҳои маъмурии ҷамоатҳои деҳот тағйиротҳои кулиро дидан метавон.

Файзобод таърихи қадимии худро дорад, ки дар заминаи маъхазҳои пешин илми муосир онро асоснок медонад. Дар гузаштаи беш аз сеҳазорсола ин маҳали тоҷикнишин бо номҳои Висагард, Виса, Веса, Вашгирд, Вошҷирд, Қосимия зикр мешавад. Таърихи кӯҳани ин мулкро аввалин сухани хаттии рӯйи олам “Авасто” собит менамояд, ки аз китобаташ беш аз 3 ҳазор сол мегузарад. Баъдан номи Вашгирдро муаррихони форсу араб, ҳамчунин “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосим Фирдасӣ зикр намуданд.

Рисолаи таърихӣ-публитсистие, ки дар даст доред, таърихи кӯҳани Вашгирдро илман тасдиқ мекунад.

Таърих илми ибратомӯз аст, ки воқеаю ҳодисаҳоро дар саҳифаҳои худ дарҷ намуда, аз бузургӣ, барору нобарориҳо, шикасту рехтҳо, афтодану хестанҳо ҳикояту ривоят мекунад. Ҳар касе ба таърихи диёри худ ошност, бо гузаштаю имрӯзаи он ифтихор намуда ба ояндааш назари нек дорад. “Халқи қадимаи тоҷик, мегӯяд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар тӯли таърих басо ҷафоҳо кашидааст, низ бурду бохтҳои худро аз давраи пайдоиш то кунун маҳз дар тарозуи таърих муайян мекунад. Ин амри табиист. Зеро таърих оинаест, ки мо дар он мавқеи гузаштагонамонро дар масири таърих бо ҳама шаҳомат ва хорию зориаш дида, ба ҳусну қубҳи фаъолияти корбарии ӯ сарфаҳм рафта, ба ин восита қадаме ба сӯйи хештаншиносӣ ва худогоҳӣ ниҳода, бо дидаи ибрат дурнамои кишвару мардуми худро муайян карда метавонем”.

Кишвари мо, Тоҷикистони азиз, пайваста рӯ ба тариққӣ дорад. 23 соли даврони соҳибистиқлолӣ моро ба пешравиҳое расонд, ки дар садсолаҳои пеш надида будем. Мисолашро дар Файзободи худамон мебинем.

Воқеан, дар асри 21 инсон парчами озодиро баланд афрохта, дар роҳи истиқлолият, худшиносӣ ва ифтихори инсонии хеш қадамҳои устувор пеш гузошт. Дар ин аср қадру қимати одам ва арзиши зиндагӣ ба пояи баланд баромад. Ин арзишро дар давлати соҳибистиқлоли мо Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намуда, қонунӣ гардонд.

Таърихи қадими халқи тоҷик гувоҳ аст, ки ибтидои ҳазораи дуюм барои миллати тоҷик замони тақдирсӯз буду интиҳои он, ба бахти ин миллати ҷафодида, тақдирсоз гардид. Ҳақ ба ҷониби Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ин шахсияти таърихӣ, мунодии салоҳу озодӣ, тарғибкунандаи давлати ҳуқуқбунёду демократии дунявӣ аст, ки дар ҷаҳду талошҳои тақдирсозаш солҳои охири қарни 20 ҳамчун диловари замон ва инсони даврон фаъолона иштирок карда, сарвару пешбари парчами истиқлолият гардида, барои ба вуҷуд овардани заминаҳои таҳкимбахши давлат усутворона сари маслиҳату машварати музокирот ба ақли солим такя кард. Ва ба он чизе зарур буд, муваффақ гардид. Акнун чоряк аср мешавад, ки мо, миллати дар ибтидои соҳибистиқлолӣ бахтгумкарда, аз ҳавои сулҳу суботи кишвари озод нафас мегирем ва аз бахти бадастовардаи хеш меболем.

Мо дар истиқболи ҷашнҳои миллиамон – 23-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, 20-солагии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, 20-умин солгарди Суруди миллӣ қарор дорем. Авҷи корҳои саҳро, заҳмати кишоварзон, хусусан ҷаҳду талоши картошкакорону боғпарварон касро ба он дилпур мегардонад, ки дар соли ҷашнҳои бузург натиҷаҳои истеҳсолиамон аз порсолаю солҳои пешин мегузарад. Тибқи супоришу дастурҳои Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имсол қариб дар 800 гектар замин картошка шинонда, дар майдони 412 гектар боғи нав бунёд гардид. Ният ҳаст, ки то соли 2020 дар заминҳои чарогоҳ ва талу теппаҳо 4 ҳазор гектар боғу токзорҳои нав бунёд карда шавад.

Ободкориҳои маркази ноҳия ҳар бинанда, хусусан сокинони диёро хушнуд мегардонанд.

Ҳамаи пешравиҳо маҳсули ақлу хиради инсон, заҳмати мардонаи ӯ мебошад. Шахсиятҳое ҳастанд, ки дар бунёдкорию созандагӣ, пешравию муваффақиятҳои Файзобод ба таври хоса ҳисса мегузоранд. Номи чеҳраҳои шинохтаи диёр дар ин рисола сабт шудааст, ки, боварӣ дорам, барои насли имрӯзаю оянда ибратомӯз аст.

Рисолаи таърихӣ-публитсистии “Вашгирди пешин ва Файзободи навин”-ро ҳамчун нону намак, чун дастархони маънавӣ барои ҳар як хонандаи он, хусусан меҳмонони азизи Файзобод пешкаш менамоем. Ин рисола ҳаҷман хурд бошад ҳам, қимати илмӣ-таърихӣ ва бадеӣ дорад. Дар он чеҳраҳои намоёне чун Сафаралӣ Раҷабов, собиқ раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, устоди калом Бозор Собир, Ҳофизи халқии Тоҷикистон, Барандаи ҷоизаи давлати ба номи Рӯдакӣ зиндаёд Нигина Раупова, ҳунарпешаи театр ва кино Қиёмиддин Чақалов, Ҳофизи халқии Тоҷикистон Дӯстмурод Алиевро дидан мумкин. Ҳамчунин номи беҳтарин зиёиёни зодаи Файзобод, ки дар риштаҳои гуногуни илму фарҳанг ба халқу Ватан хизмат мекунанд, қайд гардидааст. Ба маълумоти хонандаи рисола мерасонем, ки дар риштаҳои мухталифи илми ҷумҳурӣ Файзобод беш аз 50 нафар намоянда дорад.

Зарур медонам қайд кунам, ки бо қарори Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 июли соли 2014 ҷамоати деҳоти Файзобод, ҷойе, ки Дӯстмурод Алиев зода шуда ба камол расид, ба номи ӯ гузошта шуд. Бешак ин қадрдонии санъати овозхонӣ, нишони эътирофи хизматҳои бузург ва абадияти унвони шодравон Дӯстмурод Алиев мебошад.

Китобе, ки дар даст доред, аз таъриху имрӯзу фардои Файзобод аввалину охирин нест. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои чуқуртару ҳаматарафа омӯхтану ба мардум пешкаш кардани ин мулки кӯҳан тадбирҳо меандешад. Дар ин бобат нуктаҳои пурарзиши Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар сафари охиринаш ба Файзобод иброз намуд, моро бештар водор менамояд: “Чунон ки медонем, дар наздикии маркази ноҳия марқади Ҳотами Асам ҷойгир аст. Доир ба шахсият ва мақоми ирфонии ин шахсияти шинохта Фариддадини Аттор, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мавлавӣ Ғулом Сарвари Лоҳурӣ маълумоти ҷолибе додаанд. Мақбараи мазкур ба асри 15 тааллуқ дошта, аз ҷониби олимони маъруфи ватанию хориҷӣ мавриди таҳқиқ ва омӯзиши ҳаматарафа қарор гирифтааст. Ғайр аз ин дар қаламрави ноҳия шаҳри бостонии Вашгирд, ки таърихи беш аз сеҳазорсола дорад, мавҷуд буда, то ҳол дар сатҳи зарурӣ омӯхта нашудааст. Ободсозии мақбара ва омӯзиши амиқи шаҳри кӯҳани Вашгирд боз як саҳифаи таърихи ватанамонро равшан намуда, метавонад ба мавзеи ҷолиби сайёҳон ва ҳаводорони таърих табдил ёбад. Дар робита ба ин, Вазорати фарҳанг ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати идомаи корҳои таҳқиқотӣ ва ободу зебо гардондани гирду атрофи ёдгориҳои таърхии дар ҳудуди ноҳия кашфшуда тадбирҳои иловагӣ андешанд”.  

 

ГИРОМИДОШТИ ҲИКМАТ РИЗО

Гӯрғулисарои машҳур, ҳофиз ва шоири халқ зиндаёд Ҳикмат Ризои ёнахшӣ 120-сола шуд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба ин муносибат рӯзи 22 ноябр дар хонаи фарҳанги Мискинобод, ки бо қарори раиси ноҳия ба номи Ҳикмат Ризо гузошта шудааст, ҷамъомади пуршукӯҳ барпо кард. Қабл аз баргузории ҷамъомад аҳли зиёи Файзобод, меҳмонони аз пойтахти ҷумҳурӣ омада дар пояи нимпайкараи Ҳикмат Ризо, ки 17 ноябри соли 1990 дар канори роҳи калони Душанбе-Помир, дар теппаи рӯ ба рӯи деҳаи Мӯминобод гузошта шуда буд, чун нишони эҳтиром гулгузорӣ карданд.

Дар роҳи сӯйи нимпайкара толибилмон ва омӯзгорони мактаби миёнаи таҳсилоти умумии рақами 27 аз ду ҷониб меҳмононро гулафшон истиқбол намуданд. Раиси ноҳия И.Каримиён, раиси шаҳри Роғун Ш.Шарифзода, меҳмонони пойтахт, аз ҷумла устодони назму наср Бозор Собир, Кароматулло Мирзоев, Назри Яздонӣ, намояндаи парлумони Тоҷикистон Убайдулло Давлатов ба гиромидошти номи Ҳикмат Ризо гулчанбару гулдастаҳо гузоштанд. Таҳти садои гӯрғулихонии Ҳикмат Ризо ҷамъомадагон ҷониби хонаи фарҳанги Мискинобод роҳ пеш гирифтанд. Дар роҳи гузар ояндагонро хонандаҳои мактаби миёнаи таҳсилоти умумии рақами 10 пазироӣ намуда ба толори хонаи фарҳанг ҳидоят карданд. Толор бо сурати калони Ҳикмат Ризо ва ашъори ӯ зиннат дода шуда буд. Ҷамъомади тантанавӣ ба хотири 120-солагии Ҳикмат Ризо аз намоиши филми мустанади “Жакон” оғоз гардид. Филми ҳаёти ҳофизро инъикоскунанда аҳли нишастро хеле мутаассир гардонд.

Баъд суханронӣ оғоз гардид. Ровии маҳфил Музаффар Малангов бо эҳтиром ба раиси ноҳия Имомназар Каримиён сухан дод. Номбурда аз ҳаёту эҷодиёт ва мавқеи Ҳикмат Ризо дар тарғиби достони “Гӯрғулӣ”, обрӯю мартабаи ӯ ҳамчун ҳофиз ва шоир маърӯза кард. Аз меҳмонони пойтахт устод Бозор Собир, Нависандаи халқии Тоҷикистон, муҳаррири ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” Кароматулло Мирзоев, фарҳангшинос, номзади илмҳои таърих Ҷонибек Асрориён, сардори раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе Абдуқодири Абдуқаҳҳор хотираҳои ҷолиби худро назди ҳозирин баён доштанд. Раиси шаҳри Роғун Шарифҷон Шарифзода ҷамъомади бошукӯҳро муборакбод гуфта ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои гиромӣ доштани Ҳикмат Ризо миннатдорӣ кард. Аз забони фарзанди Ҳикмат Ризо, муовини раис Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аваз Ҳикматзода ҳарфҳои миннатдорӣ баён гардид. Номбурда ба хонаи фарҳанг мусаввараи Ҳикмат Ризо ва чанд адад китобҳои ӯро тақдим намуд. Шогирд ва пайванди Ҳикат Ризо Ҳофизи халқии Тоҷикистон Азизбек Зиёев аз достони “Гӯрғулӣ” порае замзама кард. Санъаткорони маҳаллӣ - мудири бахши фарҳанги ноҳия Ҳабибулло Мирзошариф, роҳбари бадеии театри халқии ноҳия Абӯбакр Гулонов барои аҳли нишаст суруд хонданд.