ҲАМДИЁРОНИ МО
МАРО БУБАХШ ПАДАР (ГУФТУГӮ БО ЛАВҲАИ ПАДАР)
- Подробности
- Опубликовано 13.10.2015 10:36
Ҳар сол якшанбеи аввали моҳи октябр ҳамчун рӯзи муаллимон ид карда мешавад. Ман ҳам чун муаллим ҳамроҳи омӯзгорон онро қайд мекунам.
Бароям ин ҷашн азиз аст, зеро падарам як умр муаллим буду зиёда аз 20 сол сарвари мактаб. Дар ҳама ғаму шодии омӯзгорон ва аҳли деҳа шарик буд. Бисёр бомааърифату хушрафтор буд. Ҳамагон ӯро аз самими дил ҳурмату эҳтиром мекарданд. Ҳавас мебурданд, ки мисоли ӯ бошанд. Даҳҳо шогирдонаш маҳз бо ҳаваси ба ӯ монанд шудан, касби омӯзгориро интихоб намуданд.
Ман низ ҳамчун фарзанди калонии хона ҳар саҳар аз хоб хестану мактаб рафтан ва омадани ӯро тӯли солҳои зиёд мушоҳида мекардам, ҳавас мекардам, ки чун падарам бошам ва ҳамин тавр ҳам шуд. Омӯзгор шудам, ҳамроҳаш дар як муассиса кор кардам. Ранҷҳо ва меҳнати омӯзгориро аниқтар дарк кардаму муҳаббат ва эҳтиромам ба падарам боз ҳам қавитар гардид.
Ду сол аст, ки иди муаллимонро бе ӯ таҷлил мекунем. Аммо ҷои ту холист, холӣ. Ба хотири идомаи корҳои нотамомат, ба хотири осудагии рӯҳу хотират вазифаи пурмасъулиятноки сарварии муассисае, замоне ки роҳбараш будӣ, ба дӯш гирифтам. Кӯшидам, ки сазовори бовариат бошам. Маслиҳат мепурсидам, насиҳатам мекардӣ, чун ҷавон будам, намефаҳмидам ва аз сарзанишҳоят хафа мешудам. Акнун, ки дар паҳлуям нестӣ, ёд мекунам он насиҳатҳоятро. Мехоҳам, ки чун кӯдакон аз нав сарзанишам кунӣ, то худро ислоҳ намоям. Аммо афсӯс, ки ҳаёт ҳамагӣ як бор асту умри рафта барнамегардад. Чун мардуми деҳа ва омӯзгорон хизматҳоятро қадр карданду муассисаро ба номатон номгузорӣ намуданд ва бароятон лавҳаи хотира гузоштанд, чӣ гуна мақом ва мартаба доштанатро боз ҳам хубтар дарк кардам.
Падарҷон, барои ҳар хатою нофаҳмиам ҳазорҳо бор тавба кардам, маро бубахш. То ҷон дар бадан дорам ба хотири ризоияти рӯҳат он даргоҳеро, ки бо ҳавасу орзу обод карда будию имрӯз ба номат номгузорӣ шудааст, ободтар хоҳем кард. Осуда бихоб, ҳамаи орзуҳое, ки барои ободии мактаб доштӣ ҳамроҳи шогирдону ҳамдеҳагонат амалӣ хоҳем кард.
Иди муаллимон муборак бод, падарҷон!
Шодмон НАЗАРОВ,
директори МТМУ рақами 33.