Чт10102024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ҲАМДИЁРОНИ МО

ГУЛИ ХУШБӮЙИ ЧАМАН

ГУЛИ ХУШБӮЙИ ЧАМАНДӯстмурод Алиев, Ҳофизи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар фасли зебои сол, ҳини гулшукуфти дарахтони Кабкрез таваллуд шуд. Ва дар  ҳамин фасл дар рӯзи офтоб борони 18-уми апрел ба хок рафт. Ду рӯз монда буд ба мавлудаш, ки ин оламро тарк гуфт. Дар соатҳои расидани марг аз чашмаи Маҳҷон воқеъ дар теппаи Муллобаротї, дар болотари Кабкрез об хост. Ҳар гаҳе ӯ ба шикор мерафт, ҳатман аз  Маҳҷон чанд каф об мехӯрд. Ҳини аз олам рафтан оби ҳамин чашмаро интизорӣ кашид. Ҳамин ки об оварданд, чанд қулт фурӯ бурду бо ишораи чашм бо ҳозирин “хайру хуш” кард.
Бисту панҷ сол пур мешавад аз он рӯзи бори охирин об хӯрдани Дӯстмурод. Бисту панҷ сол пеш ӯ аз чашмҳо дур шуду дар дилҳо ҷо гирифт. Далелаш ҳамин ки баъди марги Дӯстмурод хотирашро гиромӣ медоранду ҳамасола маҳфили ёд барпо мекунанд. Маҳфилҳо бештари вақт дар сатҳи ҷумҳурӣ мегузаранд. Охир, Дӯстмурод танҳо ҳофизи Файзобод набуд, ҳарчанд ки баъди хатми Донишгоҳи санъати Тоҷикистон то охирин лаҳзаҳои ҳаёт роҳбари бадеии театри халқии ноҳияро ба уҳда дошт.
Дӯстмурод Алиев мисли санъаткорони машҳури Тоҷикистон Зафар Нозимов, Одина Ҳошимов, Нигина Рауфова,Тоҷиддин Муҳиддинов аз сарояндагони сермухлистарини кишвар аст. Исботаш ҳамин ки Дӯстмурод Алиев қариб дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон пайравони худро дорад. Пирхон Файзуллоев аз ноҳияи Бохтар, Амриддин Кабирӣ аз шаҳри Қӯрғонтеппа, Сироҷиддин Каримзод аз шаҳри Душанбе, Маҳкам Мӯсоев аз ноҳияи Колхозобод, Мирзо Сафаров, Авлиёқул Хидиров, Абдуҷаббор Зикруллоев содиқтарин шогирдону пайравони ӯянд.
Соли 1990, баъди як соли фавти Дӯстмурод дар Файзобод нахустин “Дӯстмуродхонӣ” ташкил шуд, ки пайравонаш аз Қубодиёну Қумсангиру Колхозобод, аз Кӯлобу Вахшу Нораку Ёвон ва дигар гӯшаҳои Тоҷикистон дар ин маҳфил иштирок намуданд.
Дӯстмурод Алиев чун устодон Зафар Нозимов, Нигина Рауфова, Муқаддас Набиева ҳофизи нотакрор аст. Мебинем, ки аз шогирдону пайравонаш бисёриҳо бо услуби ӯ месароянд. Вале, тавре мухлисони садои Дӯстмурод эътироф менамоянд, ягон кас ба ӯ расида наметавонад. Лаҳни шево, ширинию лаззати садои Дӯстмурод фақат хоси худи ӯст. Суруди ӯ шабеҳи навои чашмасорон, хониши мурғони хушилҳон, мавҷи чашмгири ғаллазорони Тоҷикистон аст.
Дӯстмурод Алиев дар Файзобод мактаби сарояндагии хешро пайдо кард, ки асилтарин шогирдонаш чун Бекмурод Гулмуродов, Ҳасан Шарифов ва Қурбоналӣ Одинаев имрӯз ба халқ хизмат мекунанд.
Дӯстмуроди мо сиву нуҳсола аз олами рӯшан рафт. Ӯ мисли Маҳмудҷон Воҳидови актёру ровии мумтоз, Тоҷиддин Муҳиддинов,  Муқаддас Набиева, Кароматулло Қурбонов, Хурмо Ширинова умри кам дид. Аммо ба ин камӣ барои халқу миллаташ хизмати шоиста кард.
Дӯстмурод дар гулбоғи санъати сарояндагии кишвар ҳамчун хушбӯйтарин гул боқӣ монд. Суруди ӯ солҳои бешумор дилҳоро тасхиру ҷонҳоро таскин мебахшад.

РӮЗИ МАҲШАР
(Дар сӯги Дӯстмурод Алӣ)

Булбуле ҳамчун ту дар ин бӯстон кам дидаам,
Сад чаман гул пеши овози ту сархам дидаам.
Гар ҳузури гармии хуршеди олам рӯзҳост,
Ман ҳузури гарми овози ту ҳар дам дидаам.
Рӯзи маргат рӯзи маҳшар буд, дидам, во балам!
“Вобалам”-ҳо бо алам дар чашми олам дидаам.
Чашмаи Маҳҷон пас аз марги ту гардида хушк,
Ман ба чашми хеш бас чашмони пурнам дидаам.
Шамъи маҳфил бар ҳазорон мухлисон савти ту буд,
Ҷумла ёрони туро дар банди мотам дидаам.
Меҳри байни ин замину осмон беинтиҳост,
Ин муҳаббатро ба ту дар насли одам дидаам.
Эй бародар, аз куҷо донӣ, ки дар ин лаҳзаҳо,
Ончунон ғамро надидам ман, ки он дам дидаам.

Ҷӯрабек  МУЪМИН

 *******

Зинданом
Зиндатар аз “зинда”-ҳои Дӯстмурод,
Дар дилу дар дидаҳои Дӯстмурод.
Зинданомиро яқин донад, ки чист?
Ҳар касе бишнид садои Дӯстмурод.

Шарифи Шайдо