Чт10102024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ҲАМДИЁРОНИ МО

ОЛИМИ СЕРМАҲСУЛ ВА ПУХТАКОР

Вақте ба фарзонафарзандони Файзобод, хоса олимони ин диёр таваҷҷуҳ кардам, ҳадалимкон 50 нафари онҳоро «кашф» намуда, дидам, ки дастпарварони таълимгоҳҳои ин диёр бо заҳмати тафаккуру фаҳмиши хеш дар боғи илму фарҳанги серҷабҳаи Тоҷикистон накҳату таровати хоса доранд. Табиист, ки байни уламо машҳуру номашҳурон ҳастанд. Ҷавонолимонаш бо ниятҳои бузург аз ибтидои кор кӯшиши парвози баланд кардаанд.

Миёни донишмандони диёр шахсиятҳои дар ҷодаи илм бо пуркорию пухтакорӣ мавқедошта Урватулло Тоиров, Таваралӣ Зиёзода, Ҷамолиддин Саидзода мебошанд. Таваралӣ Зиёзода дар соҳаи педагогика олими муваффақнок аст. Ӯ доир ба таърихи халқи тоҷик, таърихи умумӣ, инсон ва ҷомеа, ҷаҳони имрӯза, асосҳои давлат ва ҳуқуқ тадқиқоти фаровон дошта, муаллифи 12 китоби дарсӣ мактабҳои миёна мебошад, дар соҳаи худ ба унвони докторӣ соҳиб гардидааст. Ҷамолиддин Саидзода узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буда, доир ба назарияи омӯзгорӣ ва таълими фанни адабиёт беш аз 20 китоб таълиф намудааст. Манзури мо чанд сатре аз фаъолияти имлию омӯзгории устоди арҷманд Урватулло Тоиров гуфтан аст.  

Урватулло Тоиров баъди донишмандони бузурги адабиёт Шарифҷон Ҳусейнзода ва Тӯрақул Зеҳнӣ, равонашон шод бод, дар бахши назмшиносии филологияи тоҷик ангуштнамост. Ин ятимбачаи деҳотӣ панди падари маънавиаш - Шарифҷон Ҳусейнзода - дар гӯш аз овони таҳсил дар Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин, имрӯза Донишгоҳи миллии Тоҷикистон пайи илм рафта, то ба дараҷаи доктори фан ва унвони ифтихории профессорӣ расид. Мавриди зикр медонем, ки Шарифҷон Ҳусейнзода (равонаш шод бод), ин устоди басо сахтгиру серталаби донишгоҳ ғайрату қобилияти дарсазхудкунии Урватуллоро аз солҳои аввали донишҷӯияш ҳис карда, ба ӯ ҳамчун олими ояндаи соҳаи адабиёт бештар ғамхорӣ зоҳир намуда, ӯро зери қаноти худ гирифт.

Ӯ баъди хатми мактаби олӣ корро аз идораи рӯзномаи «Маориф ва маданият» (ҳоло «Омӯзгор»), оғоз карда, дар Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Советии Тоҷик (ҳоло Энсиклопедияи миллии тоҷик), Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абӯҳанифа ва дигар муассисаҳои илмию эҷодии пойтахти кишвар риштаи фаъолияти хешро ҷиддан ба илм пайваста, ба паҳлӯҳои таҳқиқнашудаи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ даст зад ва асарҳои гаронбаҳою пурарзиш офарид, ки олимони соҳа, донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва миёнаи Тоҷикистон аз онҳо фаровон истифода мебаранд. Асарҳои калонҳаҷми ӯ оид ба таърихи адабиёти классикии форс-тоҷик ба шумор аз даҳ зиёд буда, дар мавзӯъҳои таҳаввул ва сайри таърихии қасида дар адабиёти тоҷик, арӯзу қофия, дигар масоили таърихи адабиёт беш аз 900 мақолаи илмӣ таълиф намудааст.

Маҳсули қалами ӯро маҷаллаҳои илмию соҳавии кишвар, рӯзномаҳои даврӣ фаровон чоп мекунанд. «Таҳаввул ва такомули қасида дар адабиёти тоҷик», «Таҳаввул ва такомули арӯз дар назария ва амалияи шеъри форсӣ-тоҷикӣ» аз мукаммалтарин асарҳои таҳқиқотии ӯ буда, аз ҷониби олимони соҳа баҳои баланд гирифтаанд. «Таҳқиқ ва таълими арӯз», «Фарҳанги истилоҳоти қофия», «Офтобе дар миёни сояе», «Роҳе ба сӯи ғалат», «Анвоъ ва авзони шеъри халқии тоҷикӣ», «Адабиёти тоҷик» (дар ду ҷилд) низ осори пурарзиши ӯ мебошанд. Вақте кас хоса ба офариниши ин рисолаҳо таваҷҷуҳ менамояд, ҳис мекунад, ки онҳо заҳмати зиёди ақлу афкори олимро талаб кардаанд. Ин асарҳои гаронбаҳо воқеан бо таҳлилҳои бебаҳо рӯйи коғаз омадаанд.

Устод Урватулло Тоиров чанд китоби худро ҳамчун нишони хоксорӣ ва лутф ба мардуми Файзобод, ба китобхонаи марказии ноҳия тӯҳфа намудааст. Аҳли зиё, дӯстдорони калом аз «Фарҳанги истиҳолоти арӯзи аҷам», «Фарҳанги истилоҳоти қофия», «Каломи мавзун», «Анвоъ ва авзони шеъри халқии тоҷикӣ», «Рисолаи иншо», «Қомуси қофия ва арӯзи шеъри Аҷам», «Офтобе дар миёни сояе» (ду китоб) истифода бурда, бо номи муаллифи онҳо, ҳамдиёри худ Урватулло Тоиров фахр мекунанд.

Устод Урватулло Тоиров аз овони мактабхонӣ ба матни классикӣ ошноӣ дошт. Аз ҳамин хотир ба шуъбаи филологияти донишгоҳ дохил шуд. Дар ин даргоҳи илм аз назокати хати ниёгон ба хуби огоҳи ёфт. Ҳини таҳқиқи соҳаҳои камомӯхтаи адабиёти классикӣ мисоли арӯз, қофия ва санъати бадеӣ ба матни асарҳои гаронбаҳои даврони пешин мароқ зоҳир карда, таҳияи онҳоро барои насли адабиётдӯсти имрӯза салоҳ донист. Ҳамин тавр бо кӯшиши ӯ «Чаҳор мақола»-и Низомии Арӯзии Самарқандӣ (ҳамроҳи Худоӣ Шарифов), «Ал-мӯъҷам»-и Шамс Қайси Розӣ, «Меъёр-ул-ашъор»-и Насируддини Тӯсӣ, «Фунун ва саноеи адабӣ»-и Воҳидиёни Комёр, «Бадоеъ-ул-афкор»-и Ҳусейн Воизи Кошифӣ, «Рисолаи рубоӣ»-и Мулло Саъдуллоҳ бо таҳқиқ ва шарҳу тавзеъ ба нашр расиданд.

Устод Урватулло Тоиров ҳамчун донандаи хуби арӯз қофия ва санъати бадеӣ доир ба қисмати хеле заҳматталаби адабиётшиносӣ, яъне назмшиносӣ рисолаҳои гаронбаҳо таълиф намудааст. Гуфтан мумкин, назмшиносӣ яке аз паҳлуҳои муҳими фаъолияти илмии ӯро дар бар мегирад.

Устод Урватулло Тоиров дар таълифи китобҳои дарсӣ ва дастурамалҳои таълимӣ низ балад аст. Ӯ барои синфҳои 5-11 китобҳои адабиёти тоҷикро таълиф карда, ҳамроҳи устод Худоӣ Шарифов барои мактаби олӣ асари таълимии «Назмшиносӣ»-ро тартиб дод.

Урватулло Тоиров ба камоли 70-солагӣ расида бошад ҳам, умри хешро қуллаи баланди илмию эҷодӣ намеҳисобад. Дар ин бора дар конференсияи илмию амалие, ки таҳти унвони «Профессор Урватулло Тоиров ва масъалаҳои омӯзиши вазни шеъри форсӣ-тоҷикӣ» моҳи майи соли 2013 дар Маркази фарҳангӣ ба номи профессор Шарифҷон Ҳусейнзодаи ДМТ баргузор гардид, ҳамкорон низ изҳор намуданд. Воқеан, дар ин ҷамъомади илмӣ ба корҳои анҷомдодаи ӯ баҳои баланд доданд, ӯро ҳамчун донандаи тавонои арӯзи тоҷикӣ васф карданд. Ва дар ин ҷода барори кор орзу намуданд. Гуфта шуд, ки Урватулло Тоиров дар тӯли 46 соли фаъолияти хеш дар бонуфузтарин муассисаҳои пойтахти кишвар кор, дар ҳама ҷо бо пухтакорӣ обрӯю манзалат пайдо намудааст.

Устод Урватулло Тоиров дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абӯҳанифа фаъолияти омӯзгорӣ дошта, ҳамзамон омӯзишу таҳқиқи паҳлӯҳои ифшонашудаи таърихи адабиёти форс-тоҷикро идома дода, дар ин боб рисолаҳои нав-нав рӯи чоп оварданӣ аст. Баробари ин ҳамчун роҳбари «Маҳфили каломи манзум» ва узви Шӯрои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ ба якчанд нафар унвонҷӯ раҳнамоӣ мекунад.

                                                                                        Ҷӯрабек МӮМИН.