Чт10102024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ҲАМДИЁРОНИ МО

ҲАБИБУЛЛО – ҒОЛИБИ ОЗМУНИ «ТОП - 50»

Озмуни ҷумҳуриявии «ТОП- 50» 6 сол инҷониб дар қаламрави кишвар дар ҳар соли сипаришуда баргузор гардида, 50 фарди беҳтару бартарро эътироф мекунад. Ин озмуни озодагию зебоипарастӣ маҳфилест инсонҳоро ба ҳам меорад, зеҳнҳоро такомулу дилҳоро фараҳ мебахшад. Ғолибони он намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеаанд, ки на танҳо сурати зебои зоҳирию либоспӯшӣ доранд, балки бо сирату сифоти инсонӣ дар ҷомеа ном ёфтаанд.

Инак, хушхабаре ба мо расид, ки дар рӯйхати барандагони ҷоизаи озмуни «ТОП- 50» дар соли 2018 ҳунарманди хушсалиқаи диёр Ҳабибулло Мирзошарифов ҷой гирифтааст. Мо Ҳабибуллои ҳунармандро сидқан бо ин ғолибият муборакбод гуфта, бо чанд суол атрофи озмуни «ТОП- 50», ки ба маъниҳои салиқаю зеҳну заковати олиро таҷассум менамояд, суҳбати рӯ ба рӯ доштем.

- Ҳабибулло, чӣ тавр шумо ба ин озмун роҳ ёфтаву ғолибият насибатон гардид?

- Тобистони соли гузашта директори генералии шабакаи «Радиои Ватан» Вера Кулакова ба ноҳияамон ба сафари корӣ омада буданд. Муовини раиси ноҳия Н. Раҷабова маро ба меҳмони олиқадр ҳамчун мудири бахши фарҳанг шинос намуда, аз кору фаъолиятам чун овозхон, мутриб, коргардон, драматург… тавсиф намуда, гуфтанд, ки бо ташаббуси ман дар ноҳия ансамблҳои шашмақомсароён, этнографӣ, театр-студияи «Шаҳрошӯб» ва Филармонияи халқӣ таъсис дода шудааст. Баъди шиносоӣ соате суҳбати ихтисосие доштем бо Вера Кулакова. Ва шояд яке аз сабабҳои ба ҷоиза сазовор шудани ман ана ҳамин суҳбату вохӯрӣ бошад.

Оғози соли равон сари асбоби мусиқии фортепианно машғули эҷоди суруди нав аз эҷодиёти Соиби Табрезӣ будам, ки занги телефон садо дод. Нахустин шуда Вера Кулакова   маро ҳамчун ғолиби барандаи ҷоизаи озмуни «ТОП - 50» муборакбод намуда, ба маросими ҷоизасупорӣ даъват намуд. Ростӣ, чанд лаҳза ҳаяҷон фароям гирифт ва шукр гуфтам, ки ягон заҳмат бе подош намемондааст.

- Дар лаҳзаҳои маросими ҷоизасупорӣ шояд шуморо ҳаяҷон фаро гирифт?

- Хеле-хеле. Шод будам, ки дар чунин як чорабинии калони сатҳи ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, ба худ як ҷаҳон бардош кардам. Аввал ороиши саҳна, тарзи муаррифии ҳар як ғолиби озмун, банду басти барнома бароям хушоянд буд. Бахусус ҳангоме, ки номи Ҷаҳонпаҳлавон Беҳрӯз Хоҷазодаро гирифтанду дар экрани калон муҳорибаи ӯро намоиш доданд ва дар ҳолати супоридани мукофот ва садо додани Суруди миллӣ ҳама аз ҷой бархоста ашки шодӣ рехтем. Дар муаррифии дигар ғолибони ин озмун, ки ҳар кадом маҳорату ҳунари худододӣ доштанд, айнан чунин лаҳзаҳои гуворо ба вуқӯъ мепайваст.

- Фаъолияти имрӯзаи шумо ва нақшаҳо дар оянда?

-Нақшаҳо зиёданд. Ният дорам, ки аз ашъори Соиби Табрезӣ шаби эҷодӣ баргузор намоям. Дар ҳамкорӣ бо телевизиони «Сафина» шаш ғазал аз ашъори шоири файзободӣ Комил, ки дар асри 19 зиндагӣ кардааст ва Абдулҳайи Муҷихарфӣ бо шоири халқии Тоҷикистон Назри Яздон барнома таҳия намоям. Айни ҳол дар мактаби санъати ба номи Дӯстмурод Алиев ба дилбохтагони созу наво дарс мегӯям ва мехоҳам дар оянда шогирдонам дар рушди соҳаи фарҳанг саҳм бигиранд.