Вт10222024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

СУХАНИ МУҲОҶИР

СТРАТЕГИЯИ МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ

СТРАТЕГИЯИ  МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢРӯзи 3 марти соли равон гурӯҳи кории кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират аз ноҳияи мо дидан намуданд.   
Нахуст онҳо бо сарпарасти соҳа муовини раиси ноҳия Сайбинисо Раҷабзода вохӯрда доир ба мақсади сафари кориашон ҳарф заданд Роҳбари гурӯҳи корӣ мудири бахши кадрҳои Хадамоти муҳоҷират Қурбоналӣ Маҳмадов мухтасар дар бораи Стратегияи муҳоҷирати меҳнатӣ қайд намуда, онро яке аз масъалаҳои мубрами рӯз донист.


Сайбинисо Раҷабзода арз намуд, ки бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия навтаъсис аст, мо саъю кӯшиш менамоем, ки ба он ҳамаҷониба кӯмак намоем. Аллакай дар ҳар як ҷамоати деҳот муовинони раисони ҷамоат махсус дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ вобаста шудаанд. Дар як ҳафта се маротиба вохӯрдем.
Айни замон аҳолии ноҳия ба 92 ҳазору 255 нафар мерасад.  Дар моҳҳои январу феврал зиёда аз 4 200 нафар сокинони ноҳия ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд, ки аз онҳо 99 нафарро занҳо ташкил медиҳад. Мутаассифона, ба 36 нафари онҳо ворид шудан ба Федератсияи Россия манъ карда шудааст. Пеш аз хама, ин шаҳрвандон қоидаҳои будубоши кишвари қабулкунандаро вайрон кардаанд.
Имрӯзҳо шумораи муроҷиаткунандагон рӯз то рӯз зиёд шуда истодааст. Акнун шаҳрвандони ноҳия дигар ба шаҳри Душанбе нарафта ба мо муроҷиат мекунанд. Шумораи муроҷиаткунандагон танҳо дар моҳҳои январу феврали соли равон ба 300 нафар расидааст. Ба ин хотир кӯшиш менамоем, ки бо ҳар як муроҷиаткунанда, ки азми сафари Россияро дорад, дар бораи дигаргуниҳои қонунгузории ин кишвар суҳбат намоем.
Имрӯз дар ҳар як ҷамоати деҳот рўйхати сокинони деҳаҳо, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, тартиб дода шудааст. Дар он ному насаб, синну сол, ихтисос ва рақами телефони муҳоҷир сабт шудааст. Мунтазам бо онҳо дар ҳамкорием.
Мавриди зикр аст, ки ҳамон рўз дар  ҷамоати шаҳраки Файзобод бо иштироки раисони кумитаҳои маҳал, фаъолон ва муҳоҷирони меҳнатӣ вохӯрии судманд доир гардид. Дар вохӯрӣ зиёда аз 120 нафар сокинони ҷамоат иштирок доштанд. Дар оғоз раиси ҷамоати шаҳраки Файзобод Мансур Рахимов меҳмононро ба хозирин муаррифӣ кард. Рохбари гурӯҳи корӣ Қурбоналӣ Маҳмадов зимни баромади хеш мухтассар дар бораи Стратегия ва конспесияи муҳоҷирати меҳнатӣ ба иштирокчиёни вохӯрӣ маълумот дод. Оиди тағйиру иловаҳо дар қонунгузории Федералии Россия бошад, мудири бахши иқтисод ва банақшагирӣ Суҳроб Тошев ҳарф зад. Зимни баромадҳои худ онҳо таъкид намуданд, ки ҳангоми сафари корӣ ба Федератсияи Россия қоидаҳои будубоши ин кишварро бечуну чаро риоя намуда, тарзи сару либос, гуфтор ва кирдори худро вобаста ба шароити он мутобиқ намоянд.

Меҳриддин СОДИҚОВ,
мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия.