Чт08162018

Last updateСр, 15 Авг 2018 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

МОДАРОН ТАШНАИ СУЛҲАНД

 

Таъкидҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси бедории сиёсӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, содиқона дӯст доштани Ватан, ҳимояи истиқлолияти давлатӣ, гиромидошти муқаддасоти миллӣ ва амсоли он аз таҷрибаи талхи таърихи на онқадар дури кишвари азизамон ва вазъи ноороми як қатор кишварҳои ҷангзадаи дуру наздик маншаъ мегирад. Мутаассифона, ҳодисаҳои солҳои навадуми асри гузашта аз хотири баъзеҳо фаромӯш шудааст, ки бархе аз ҷавонони мо ба гурӯҳҳои ҷангҷӯ ва экстермистӣ пайваста, ҳаёти худро дар хатар гузошта,  обрӯю эътибори падару модар ва хешовандонро мерезонанд. Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки ҷалби ҷавонони тоҷик ба гурӯҳҳои экстремистӣ вақтҳои охир дар ҳудуди Федератсияи Россия аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ бештар сурат гирифта истодааст, ки боиси ташвиши аҳли ҷомеа аст. Ҷавонон аз ноогоҳӣ, сустиродагӣ пайрави гурӯҳҳои тундраву иртиҷоӣ мегарданд. Шояд аз тарбияи нокифоя, шояд аз беназоратии волидайн ё атрофиён. Далели аз як деҳаи Дурахшони Ҷамоати деҳоти Чашмасор наздики 41 нафар, ки 14 нафаршон занонанд, ба доми ифротгароён афтода, имрӯз бо занҳою кӯдакони хурдсоли худ ба давлати ҷангзадаи Сурия рафтаанд, моро меҳмони хонадони модари яке аз ин нафарон намуд.

Подробнее...

ХӮРОКИ ЧОРВО АФЗУН МЕГАРДАД

Ҷамъоварии хӯроки чорво дар ҷамоатҳои қисмати поёнии ноҳия муташаккилона оғоз гардид. Дар рӯзҳои аввали ҷамъоварии хошок техникаҳои алафдараву тойбанд ба саҳро бароварда шуда, аллакай ба қадри 2 ҳазор тонна хошок захира карда шудааст.

Подробнее...

ХАБАРИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯ

 

Рӯзи 2 апрели соли равон Иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати панҷум, баргузор гардид. Аз шумораи 40 нафар вакилони халқ 37 нафар ҳозир буданд. Ба иҷлосия кормандони дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи ҷамъиятӣ, ташкилоту муассиса, хоҷагиҳо, намояндагони воситаҳои ахбори омма, ҳизбҳои сиёсии дар ноҳия фаъолиятдошта даъват шуда буданд. Бо таклифи вакил аз ҳавзаи интихоботии Сари чинор рақами 21 Низомиддини Шамсиён котиботи иҷлосия дар ҳайати се нафар: Каримзода Манучеҳри Бобӣ, вакил аз ҳавзаи интихоботии №8,   Саидова Тоҷиниссо, вакил аз ҳавзаи интихоботии №18,   Қаҳҳоров Ёрибег, вакил аз ҳавзаи интихоботии №31 интихоб гардиданд.

Раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ ба муҳокимаи вакилон масъалаҳои зеринро пешниҳод кард:

- Рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар Ҷамоатҳои деҳоти Меҳробод, Ҷавонон, Қалъаи дашт.

- Ахбори Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ “Оиди беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ дар муассисаҳои тандурустии ноҳия”.

- Дар бораи рафти иҷрои буҷети маҳаллӣ дар семоҳаи аввали соли 2018.

- Дар бораи тасдиқи Низомномаи комиссияи доимии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим.

- Тасдиқи амр ва қарорҳои раиси ноҳия

Рӯзномаи пешниҳод-гардида аз ҷониби вакилони халқ тасдиқ гардид.

Аз рӯи масъалаи аввали иҷлосия рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар Ҷамоатҳои деҳоти Меҳробод, Ҷавонон, Қалъаи дашт Зарипова Зикагул, раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба қонуният ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон маълумот дод.

Аз рӯи масъалаи дуюми иҷлосия раиси Комиссияи доими Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Шамсиддин Абдураҳимов баромад намуд.

Сардори раёсати молияи ноҳия Раҷабов Иноятулло масъалаи сеюми иҷлосияро ба баррасии вакилон пешниҳод кард.

Муовини раиси ноҳия Раҷабова Н.Ҷ. Низомномаи комиссияи доимии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимро барои тасдиқ манзури вакилон гардонд.

Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Восеев Ш.Қ. аз рӯи масъалаи панҷуми иҷлосия баромад намуд.

Раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ дар анҷоми кори иҷлосия умедворӣ аз он намуд, ки вакилони халқ дар оянда баҳри пешрафти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия кӯшишу ғайрати худро дареғ намедоранд.

Дар оғоз ва анҷоми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Суруди миллӣ садо дод.

ОМОДАГИҲО БА ИСТИҚБОЛИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ КИШВАР

МАҶЛИСИ ВАСЕИ НАЗДИ РАИСИ НОҲИЯ

 

Маҷлиси васеи назди раиси ноҳия, ки рӯзи 9 апрели  соли равон бо иштироки роҳбарони ташкилоту идораҳо, сарварони муассисаҳои таълимӣ ва фаъолони ноҳия баргузор шуд, натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияро дар семоҳаи аввали соли 2018 мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор дода, бештар сари камбудиҳои ҷойдошта ва роҳҳои ислоҳи онҳо сухан рафт. Раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ зимни муҳокимарониҳо сабабҳои ҷой доштани камбудиҳо ва ислоҳи саривақтии онҳоро аз масъулини соҳаҳо пурсон шуд.

Хусусан ҷараёни иҷрои дастуру супоришҳои дар рафти маҷлисҳои назоратии назди раиси ноҳия давоми семоҳаи аввал ба миёномада мавриди таҳлили ҷиддӣ қарор гирифт.

Супоришҳо дар самти кишоварзӣ, ташкили ниҳолхона, гулхона ва лимӯхонаҳо дар ҳудуди  ҷамоатҳо, бунёди боғҳои интенсивӣ, мавриди истифода қарор гирифтани корхонаи коркарди шир ва бобати соҳилмустаҳкамкунии Оби Лояк, ташкили курсҳои ронандагӣ аз ҳисоби даъватшавандаҳо ноиҷро мондаанд.

Таъкид шуд, ки масъулони самти саноату сохтмон ва иқтисод дар бобати иҷрои саривақтии нақшаи андоз, вусъати корҳои сохтмонии  партовгоҳҳо, терминали мусофиркашонӣ, муассисаи таълимии рақами 26, хати оби варзишгоҳи марказӣ, хатҳои равшандиҳии марказҳои ҷамоатҳои деҳоти Чашмасор, Қалъаидашт ва Мискинобод, сохтмони сехи макаронбарорӣ ва бунёди корхонаҳои саноатӣ таваҷҷуҳ намуда, чораҳои зарурӣ баҳри   таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ки ба ғанӣ гардидани буҷаи ноҳия мусоидат мекунанд, фаъол бошанд. Зеро ин тадбирҳо ба пешрав гардидани некуаҳволии мардум ва боло бурдани сатҳи зиндагии эшон  таъсири мусбат мерасонад. 

Ислоҳи камбудиҳо дар соҳаи маорифу фарҳанг ва тандурустӣ бояд мавриди таваҷҷуҳи масъулини соҳа гардад, зеро дар ин самт камбудиҳо ҳанӯз ба чашм мерасанд. Тайи чанд соли охир иштирок дар озмунҳои фаннӣ нигаронкунанда аст.

Ҳамчунин Раҷабзода М. масъалаҳои ободонӣ, иҷрои нақшаи баҳории даъвати наваскарон, бунёди боғҳои нав ва кишти картошкаро аз масъулияти  ҳамарӯзаи роҳбарон арзёбӣ намуд.

Кишоварзон бояд баҳри таъмини саривақтии  нақшаҳо кӯшиш намуда, супориши  бунёди боғҳо ва кишти картошкаро дар муҳлати муайяншуда ба иҷро расонанд.  

Маҳз  меҳнати созандаву бунёдкорона пешрафти ҳамаи соҳаҳоро таъмин намуда, омодагӣ ба истиқболи сазовори ҷашни сисолагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро, ки аллакай шурӯъ гардидааст, дар сатҳи талабот таъмин менамояд.

НАВРӮЗИ ФАРХУНДАПАЙ

(ГУЗОРИШ АЗ ТАНТАНАҲОИ ҶАШНИ НАВРӮЗ ДАР НОҲИЯ)

 

Даҳаи охири моҳи март дар саросари кишвари соҳибистиқлоламон иди Наврӯзи фархундапай, ки яке аз қадимтарин ва муқаддастарин оинҳои ниёгони бофарҳангу соҳибтамаддунамон буда, бо омаданаш аз фарорасии фасли баҳори нозанин, эҳё ва бедории табиат, оғози кишту кор мужда меорад, таҷлил гардид. Бо омадани Наврӯз ҳама кунҷу канори Тоҷикистони офтобии мо ба худ ҳусни зебову дилрабо касб кард, ки ин ҳама моро ба сӯи созандагию бунёдкориҳо, фатҳи қуллаҳои баланду дастовардҳои шоёни меҳнатӣ даъват менамояд.

Наврӯзи дилафрӯз дар диёрамон бо тантана ва шукӯҳу шаҳомати хоса қайд карда шуд. Чанд рӯз пеш маркази ноҳия, шаҳраки Файзобод ба истиқболи ин ҷашн орову зиннат гирифта буд. Субҳи рӯзи 21 март бошад, ба ҳар нафаре, ки нигарӣ, таъби болида дошт. Одамон даста-даста бо чеҳраҳои шукуфону диданӣ сӯйи наврӯзгоҳ - майдони тозабунёди варзишӣ қадам мезаданд. Аз ин табъи болидаву чеҳраҳои хандон пайдо буд, ки Наврӯзи оламафрӯз бо қудуми мубораки хеш ба ҳар хонадон шодиву нишот ва файзу фаровонӣ овардааст.

Сокинони диёри файзборамон, чун дигар заҳматкашони кишвар Наврӯзи Аҷамро ҳамин тавр бо рӯҳи болида истиқбол гирифтанд. Вусъати корҳои ободониву кабудизоркунӣ, бунёди боғҳои нав, шинонидани гулу буттаҳо ва дарахтони сояафкану ороишӣ шаҳодати ин гуфтаи мост.

Даври майдони варзишӣ сокинони ҷамоатҳову хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ташкилоту муассисаҳо бо пешкаши дастоварду ҳунарҳои мардумӣ дастурхони идона оростанд.

Намояндаи ҳукумати ҷумҳурӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Солеҳзода Ашӯрбой Абдувоҳид, раиси ноҳия узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии кишвар Раҷабзода Миралӣ ва дигар меҳмонон вориди базмгоҳ шуда, аз растаҳои идона дидан карданд ва изҳори миннатдорӣ намуда, аз тараддудҳои онҳо хурсанд шуданд. Раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ сокинони ноҳияро ба иди Наврӯзи хуҷастапай муборакбод намуда, таъкид сохт, ки Наврӯзи имсола ба мардуми ҷумҳурӣ, аз ҷумла ба сокинони диёри мо, файзу фаровонӣ, сериву пурӣ, бахту барор, баракату саодат ато кард ва боварӣ ҳаст, ки минбаъд низ дар рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвари азизамон саҳми арзанда мегузоранд.

Меҳнаткашони зафарманди диёрамон, афзуд раиси ноҳия, аз насими поку пурнакҳати Наврӯз руҳу илҳоми тоза гирифта, ба саъйи дучанд пайи корҳои ободонию бунёдкорӣ камар бастанд. Дар арафаи омодагиҳо ба ин ҷашни бошукӯҳ корҳои ободониву кабудизоркунӣ вусъати тоза ёфта, ҳазорҳо бех ниҳолҳои самаровару соядор, гулу гулбутта шинонида шуданд. Садҳо гектар боғу токзорҳо бунёд мешаванд.

Умеду боварӣ дорем, ки Наврӯзи имсола аз қудуми меҳмонон боз ҳам пурфайзтар гардида, ба аҳли олам, хоса Тоҷикистони озоду соҳибистиқлоламон, бахту иқбол, файзу барор ва баракату саодат меоварад.

Сипас   Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Солеҳзода Ашӯрбой Абдувоҳид   аз номи Сарвари давлат ва ҳукумати кишвар ҷамъомадагонро бо иди Наврӯзи Аҷам табрику муборакбод гуфта, боварӣ изҳор кард, ки сокинони диёри файзборамон бо роҳи пешгирифтаи ҳукумати мамлакат дилпурона қадам мезананд.

Пас аз суханрониҳо барномаи театркунонидашудаи ҳунармандони Қасри фарҳанги ноҳия пешкаши мардум гардонида шуд, ки ҳама саршор аз васфи Ватан, зебоиҳои фасли баҳору Наврӯзи дилафрӯз буд. Дар ҷашни бошукӯҳи Файзобод гурӯҳи “Ғарибшоҳ компания” ва овозхони шинохта Ҳабиба Давлатова ҳунарнамоӣ намуданд.

Тантанаҳои наврӯзӣ то бегоҳ идома ёфтанд.