Вт08042020

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ЭЪЛОН

“НАБЗИ ФАЙЗОБОД” ОИНАИ РӮЗГОРИ ШУМОСТ, ҲАМДИЁРОНИ АЗИЗ!

“Набзи Файзобод” бо мақсади мустаҳкам намудани робитаи байни мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва аҳолӣ моҳе се маротиба бо фарогирии мавзуҳои  мубрами рӯз рӯи чоп меояд. Соли ҷорӣ бо теъдоди 2000 нусха нашр шудани “Набзи Файзобод” гувоҳи он буд, ки мо дар диёри бостониамон зиёда аз 15000 хонандаи доимӣ дорем. Зеро ҳар шумораи рӯзномаро 8-10 нафар дар хонадонашон ё дар ҷойи кор мутолиа мекунанд. Агар обунаи имсоларо ба 2500 нусха расонем шумораи ба чанд адад расидани хонандагони мо аллакай маълум мешавад.  
Маъракаи обуна барои соли 2015 шуруъ шуд. Ҳамаи сокинон ва ҳар як хонаводаи ноҳияро   ба он даъват мекунем, ки агар аз набзи диёр воқеан ҳам огаҳ шудан хоҳанд, кӯшиш кунанд, ки ба рӯзномаи ноҳиявӣ обуна шаванд ва тамоми сол бо “Набзи Файзобод” бимонанд.
 Нархи яксолаи обуна 70 сомонӣ аст. Обуна дар почтаи марказӣ ва идораи нашрия қабул карда мешавад.
Ҳамдиёрони азиз! Биёед ба рӯзномаи дӯстдоштаамон – “Набзи Файзобод” дер намонда обуна шавем.