Вт08042020

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ЭЪЛОН

КОМРОНАМРО АЗ МАРГ НАҶОТ ДИҲЕД!

КОМРОНАМРО АЗ МАРГ НАҶОТ ДИҲЕД!Ман модаре ҳастам, ки фарзандам Абдуллоев Комрон Фатҳиддинович-донишҷӯйи курси 3, факултети биологияи ДМТ гирифтори касалии глубонефрит (гурдаҳояшро бояд иваз намоянд) мебошад. Як сол боз ӯ бемори бистарист. Тамоми дороии зиндагиамонро барои шифо ёфтани фарзанди беморам  сарф намудам. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Вазорати тандурустӣ, мардуми деҳа то қадри имкон ба фарзанди бемори ман ёрдам намудаанд, ки мо миннатдорем. Имрӯз баъди ташхиси охирин, духтурон хулоса баровардаанд, ки бояд Комронҷонро ҷарроҳӣ намуда, гурдаҳояшро иваз намоянд. Барои ҷарроҳӣ 30 ҳазор доллари амрикоӣ даркор аст.
Имрӯз дигар намедонам куҷо равам, аз кӣ дасти мадад пурсам. Вақте мебинам фарзандам чун шамъ пеши чашмонам об мешаваду имконияти ӯро наҷот додан надорам, қариб аз ақл бегона мешавам. Умеди ягонаамро барои табобати Комрони шаҳбачаам аввало аз Худованд, сипас дар дастгирии саховатмандону хайрхоҳони диёр мебинам. Бо тамоми ҳастӣ умедворӣ мекунам, ки инсонҳои хайрпеша ҷони ҷавони фарзанди маро аз чанголи марг шояд  раҳоӣ намоянд. Як умр дуогӯи он мешавам, ки Худованд хайрхоҳонро  ёр, мададгор, нигаҳбон шаваду фарзанди касе чун фарзанди ман ранҷур нагардад.

 

Бо дасти дуо модари Комрони дар панҷаи аҷал гирифторшуда

Ёрова Гулнисо Холовна, сокини деҳаи Файзободи ҷамоати ба номи Дӯстмурод Алиев.