Вт08042020

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ЭЪЛОН

НАБЗИ ФАЙЗОБОД

АРЗОНТАРИН РӮЗНОМА 

БАРОИ ШУМОСТ, ҲАМДИЁРОНИ АЗИЗ!

“Набзи Файзобод” бо мақсади мустаҳкам намудани робитаи байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва аҳолӣ моҳе се маротиба бо фарогирии мавзӯҳои мубрами рӯз рӯи чоп меояд. Соли ҷорӣ бо теъдоди 2000 нусха нашр шудани “Набзи Файзобод” гувоҳи он буд, ки мо дар диёри бостониамон зиёда аз 15000 хонанда доимӣ дорем. Зеро ҳар шумораи рӯзномаро 8-10 нафар дар хонадонашон ё дар ҷойи кор мутолиа мекунанд. Агар обунаи имсоларо ба 2500 нусха расонем, ба чанд адад расидани шумораи хонандагони мо маълум мешавад. Мутаассифона, рафти обунашавӣ ба рӯзномаи раиси ноҳия ва Маҷлиси вакилони халқ – «Набзи Файзобод» қаноатбахш нест.

Маъракаи обуна барои соли 2014 идома дорад. Сокинони ноҳияро ба он даъват мекунем, ки агар аз набзи диёр воқеан ҳам огаҳ шудан хоҳанд, кӯшиш кунанд, ки ба рӯзномаи ноҳиявӣ обуна шаванд ва тамоми сол бо “Набзи Файзобод” бимонанд.
Бо назардошти боло рафтани қимати чоп ва дигар корҳои эҷодию полиграфӣ нархи яксолаи обуна 70 сомонӣ муқаррар шуд.
Ҳамдиёрони азиз! Ба рӯзномаи дӯстдоштаамон – “Набзи Файзобод” дер намонда обуна шавем.