Вт05212019

Last updateСр, 15 Май 2019 11am

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ЭЪЛОН

Эълон!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод  барои  ишғоли мансабҳои холии  зерини хизмати давлатӣ  озмун эълон менамояд:
1.    Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия - 1 ҷой, маоши вазифавӣ  1340  сомонӣ;
2.    Мудири шӯъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия - 1 ҷой, маоши вазифавӣ 899 сомонӣ;
3.    Мудири бахши умумӣ, назорат ва муроҷиатҳои шаҳрвандони дастгоҳи раиси ноҳия - 1 ҷой, маоши вазифавӣ 737 сомонӣ;
4.    Сармутахассиси шӯъбаи кишоварзии ноҳия - 1 ҷой, маоши вазифавӣ 670 сомонӣ;  
5.    Котиби комиссия оид ба ҳуқуқи  кӯдаки назди мақомоти иҷроия  - 1 ҷой, маоши вазифавӣ 670 сомонӣ;
6.    Нозири мизи ҳарбии бақайдгирии ҷамоати деҳоти Мискинобод - 1 ҷой, маоши вазифавӣ 549 сомонӣ;
7.    Мутахассиси пешбари ҷамоати деҳоти Мискинобод - 1 ҷой, маоши вазифавӣ 549 сомонӣ;
8.    Сармутахассис  (сармуҳосиб)-и ҷамоати деҳоти Чашмасор¬ - 1 ҷой, маоши вазифавӣ 670 сомонӣ;
9.    Нозири мизи ҳарбии бақайдгирии ҷамоати деҳоти Чашмасор - 1 ҷой, маоши вазифавӣ 549 сомонӣ;
10.    Нозири мизи ҳарбии бақайдгирии ҷамоати деҳоти Ҷавонон - 1 ҷой, маоши вазифавӣ 549 сомонӣ;
11.    Сармутахассис (сармуҳосиб)-и ҷамоати шаҳраки Файзобод - 1 ҷой, маоши вазифавӣ 670 сомонӣ;
12.    Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и ҷамоати  шаҳраки Файзобод - 1 ҷой, маоши вазифавӣ 670 сомонӣ;
13.    Нозири мизи ҳарбии  бақайдгирии ҷамоати деҳоти Вашгирд - 1 ҷой, маоши вазифавӣ 549 сомонӣ;
14.     Сармутахассис  (сармуҳосиб)-и ҷамоати деҳоти Меҳробод¬ - 1 ҷой, маоши вазифавӣ 670 сомонӣ;
15.     Мутахассиси пешбари ҷамоати деҳоти ба номи Дӯстмурод Алиев - 1 ҷой, маоши вазифавӣ 549 сомонӣ;
16.    Нозири мизи ҳарбии бақайдгирии ҷамоати деҳоти Бӯстон - 1 ҷой, маоши вазифавӣ 549 сомонӣ;

Талаботҳои тахассусӣ барои довталабон:

- барои ишғолкунандогони мансаби роҳбари дастгоҳ – таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкурро таъмин карда метавонад, 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категория дуюм ё 6 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- барои ишғолкунандогони мансаби мудири шуъба – таҳсилоти олӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкурро таъмин карда метавонад, 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- барои ишғолкунандагони мансаби сармутахассис - таҳсилоти олӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии корӣ;
- барои ишғолкунандагони мансаби мутахассиси пешбар ва нозири мизи ҳарбии бақайдгирии ҷамоатҳо – таҳсилоти олӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 2 сол собиқаи умумии корӣ;
- барои ишғолкунандагони мансаби мутахассис таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ.

Довталабон ба комиссияи озмун ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:
1.    Ариза ба номи раиси ноҳия барои иштирок дар озмун.
2.    Варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо бо 2 дона расми андозаи 3х4
3.    Шарҳи ҳол.
4.    Нусхаи шиноснома.
5.    Нусхаи ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот (диплом)
6.    Нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ.
7.    Маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ, шакли 086У.
8.    Маълумотнома аз нозироти андозҳо.
9.    Нусхаи РМА.
Ҳуҷҷатҳои довталабон дар давоми 15 рӯзи баъди нашри эълони озмун дар шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия қабул карда мешаванд.


Комиссияи  озмун.