Сб10192019

Last updateПт, 06 Сен 2019 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ЭЪЛОН

Э Ъ Л О Н – О З М У Н

Бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ноҳияи Файзобод барои ба иҷора додони моликиятҳои коммуналии ноҳия рӯзи 9-августи соли 2019 соати 1000 озмун  эълон менамояд.

        

              

т/р

Номгӯи моликият

Масоҳат (м2)

Иҷорапулии моҳона (сомонӣ)

1

 Утоқи бекорхобида аз бинои асосии «Беморхонаи марказӣ»-и ноҳия

7,75

100,00

2

  Бинои ёрирасон аз «Беморхонаи марказӣ»-и ноҳия

15,66

100,00

              

Қабули дархостҳо барои иштирок намудан дар озмун аз рӯзи ба нашр расидани эълони мазкур дар ноҳияи Файзобод, кӯчаи И. Сомонӣ №48 оғоз ёфта, як соат пеш аз саршавии озмун анҷом меёбад.

Пардохти кафолатнок барои иштирок дар озмун дар ҳаҷми 15 нишондиҳанда барои ҳисобҳо муайян карда, месупорад.

Пардохти кафолатии ғолиби озмун ҳамчун пардохтҳои мутобиқи шартномаҳои иҷора анҷомдодашаванда  ба ҳисоб гирифта мешавад.

Пардохти кафолатӣ дар ҳолати зерин баргардонида мешавад:

а) Даст кашидани ғолиби озмун аз имзои Протоколи натиҷаҳои озмун ё аз бастани шартномаи иҷора.

б) Иҷро накардан ё иҷрои нокифояи уҳдадориҳои шартномаи иҷора.

Пардохти кафолатӣ ба иштироккунандае, ки ғолиби озмун дониста шудааст, дар муддати 10 рӯзи бонкӣ аз рӯзи  гузаронидани озмун баргардонида мешавад.

а) Барои шахсони воқеъӣ - нусхаи шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият.

б) Барои шахсони ҳуқуқӣ - ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатӣ  ва оинномаи  шахси ҳуқуқӣ.

в) Лифофаи сарбаста, ки дар дохили он номи пурраи объекти иҷора ва пешниҳоди иштироккунандаи озмун дар бораи нархи объекти  иҷора гузашта шудааст.

г) Нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи  озмун  дар бораи нархи объекти иҷора  бояд аз нархи ибтидоии он, ки дар хабари иттилоотӣ  нашр гардидааст кам набошад.

Ғолибони озмун  дар давоми 5-рӯзи бонкӣ, пас аз ба имзо расидани Протоколи натиҷаи озмун боҷи комиссиониро ба андозаи 5% ва боҷи давлатиро 0,1% аз ҳаҷми иҷорапулии солона месупоранд, ки ин маблағҳо ба арзиши маблағи объекти иҷора дохил намешавад.

Маълумотҳои иловагиро оид ба гузаронидани озмун аз бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ноҳияи Файзобод бо нишонии ноҳияи Файзобод, кӯчаи И. Сомонӣ-48   метавонед гиред. Телефон:   код (8-31-35)   3-29-39