Пн10212019

Last updateПт, 06 Сен 2019 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ЭЪЛОН

ЭЪЛОН

28 марти соли 2019 озмуни “Кумитаи Истифодабарандагони Оби беҳтарин” дар доираи амали Лоиҳаи “Беҳсозии  Ҳамҷояи Ҳифзулсиҳат ва макони зист дар минтақаи Рашти Тоҷикистон”, ки аз тарафи Оҷонсии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкориҳо ва фонди Тоҷикистонии  Оғохон маблағгузорӣ шудааст,  гузаронида мешавад.

Критерияҳои асосии озмун тақвиятбахшӣ дар рушди фаъолиятҳо ва идоракунии сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.

Кумитаи Истифодабарандагони Обе, ки расман фаъолият доранд, имконияти иштирок дар озмунро доранд.

Комиссияи озмун ҳуҷҷатҳо ва фаъолиятҳои зеринро баҳогузорӣ менамояд:

  1. Шаҳодатномаи МХҶ оиди аз қайди давлатӣ гузаштан;
  2. доштани Оинномаи МХҶ бо қайди рухсати фаъолиятҳо дар самти идоракунии системаи оби нӯшокӣ;
  3.  Низомномаи Кумитаи Истифодабарандагони Об дар МХҶ;
  4. Пайнавишт/протокол-ҳои маҷлисҳо оид ба идоракунии системаи оби нӯшокӣ;
  5.  Қарорқабулкунии якҷояи истифодабарандагони оби нӯшокӣ, аъзоёни МХҶ ва шафофияти фаъолиятҳо;
  6.  Пойдории системаи оби нӯшокӣ;
  7.  Ба мувофиқа овардани ҳаққи пардохти хизматрасонии оби нӯшокӣ бо хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  8.  Китобҳои           лозимаи баҳисобгирӣ ва молиявӣ (китоби ҷамъоварии маблағ, китоби  хазина, китоби анбор, китоби муомилоти бонкӣ, шартнома бо истифодабарандагони оби нӯшокӣ,…);
  9. Ҷамъоварии мунтазами ҳаққи хизматрасонии оби нӯшокӣ;
  10.  Инчунин, комиссияи озмун ба таври шифоҳӣ бо истифодабарандагони оби нӯшокӣ, аъзоёни МХҶ суҳбат гузаронида ба идоракунӣ ва пойдории барномаҳои амалишуда баҳогузорӣ менамояд.

Хоҳишмандон то рӯзи 27 марти соли 2019, дар дафтари ноҳиявии БҶИИМК (офиси БҶИИМК ноҳияи Файзобод) ба қайд гирифта мешаванд.

Оиди баргузории Озмун ба довталабон маълумоти иловагӣ дода мешавад. Шитобед, ғолибони озмунро мукофотҳо интизоранд.

Суроға:- БҶИИМК Хазинаи Оғохон дар минтақаи Рашт,   ноҳияи Рашт, ш.Ғарм, кӯчаи Сомонӣ-73, менеҷери минтақавии БҶИИМК дар водии Рашт - Намакова М., рақами телефон - 93 500 59 45;

Почтам электронии ИМ БҶИИМК минтакаи Рашт: Эхсончон Толибов [ehsonjon.tolibov@акdn.org]

намояндагии БҶИИМК Хазинаи Оғохон дар ноҳияи Файзобод, ташкилотчии

иҷтимоӣ БҶИИМК дар ноҳияи Файзобод - Валдошева Ҷамол, рақами телефон -93 571 57 73;

Почтаи электронӣ: JamolValdoshova [nanjamol@mail.ru]