Вт07232019

Last updateПт, 05 Июль 2019 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ЭЪЛОН

Э Ъ Л О Н

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод

барои ишғоли мансабҳои холии зерини хизмати давлатӣ озмун

 эълон менамояд.

1. Мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия 1 ҷой, маоши вазифавӣ - 768 сомонӣ.

2. Котиби комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 1 ҷой, маоши вазифавӣ-936 сомонӣ

3. Нозири мизи ҳарбии бақайдгирии Ҷамоати деҳоти Мискинобод 1 ҷой, маоши вазифавӣ - 732 сомонӣ.

4. Сармутахассис-сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти Меҳробод 1 ҷой, маоши вазифавӣ - 894 сомонӣ.

5. Нозири мизи ҳарбии бақайдгирии Ҷамоати деҳоти Ҷавонон 1 ҷой, маоши вазифавӣ - 732 сомонӣ.

6. Сармутахассис муҳандис-заминсози Ҷамоати деҳоти Чашмасор 1 ҷой, маоши вазифавӣ - 894 сомонӣ.

7. Сармутахассис-сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти Чашмасор 1 ҷой, маоши вазифавӣ - 894 сомонӣ.

8. Мутахассиси пешбари Ҷамоати деҳоти Қалъаи дашт 1 ҷой, маоши вазифавӣ - 732 сомонӣ.

9. Мутахассиси пешбари Ҷамоати деҳоти Қалъаи дашт 1 ҷой, маоши вазифавӣ - 732 сомонӣ.

10. Сармутахассис - сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти Қалъаи дашт 1 ҷой, маоши вазифавӣ - 894 сомонӣ.

11. Сармутахассис - сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти ба номи Д.Алиев 1 ҷой, маоши вазифавӣ - 894 сомонӣ.

12. Мутахассиси Ҷамоати деҳоти Мискинобод 1 ҷой, маоши вазифавӣ - 600 сомонӣ.

13. Мутахассиси Ҷамоати шаҳраки Файзобод 1 ҷой, маоши вазифавӣ - 600 сомонӣ.

14. Сармутахассис оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои  Ҷамоати деҳоти ба номи Д.Алиев 1 ҷой, маоши вазифавӣ - 894 сомонӣ.

15. Нозири мизи ҳарбии бақайдгирии Ҷамоати деҳоти Бӯстон 1 ҷой, маоши вазифавӣ - 732 сомонӣ.

                      Талаботҳои тахассусӣ барои довталабон:

        - барои ишғолкунанадагони мансаби сармутахассис – таҳсилоти олӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии корӣ;

        - барои ишғолкунандагони мансаби мутахассиси пешбар ва нозири мизи ҳарбии бақайдгирӣ - таҳсилоти олӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 2 сол собиқаи умумии корӣ;

        - барои ишғолкунандагони мансаби мутахассис – таҳсилоти олии касбӣ ё миёнаи касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ.

        Довталабон ба комиссияи озмунӣ ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:

1.Ариза ба номи раиси ноҳия барои иштирок дар озмун.

2.Варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо бо 3 дона расми андозаи 3х4

3.Шарҳи ҳол.

4. Нусхаи шиноснома.

5. Нусхаи ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот (диплом).

6. Нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ.

7. Маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ, шакли 086У

8. Маълумотнома аз нозироти андозҳо.

9. Нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда.

Ҳуҷҷатҳои довталабон дар давоми 15 рӯзи баъди нашри эълони озмун дар шӯъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия қабул карда мешаванд.

                                                                                                                                          Комиссияи озмунӣ.