Пт11162018

Last updateЧт, 15 Нояб 2018 2pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ЭЪЛОН

НУҚТАИ БАҚАЙДГИРИИ ДОВТАЛАБОН ДАР НОҲИЯ ФАЪОЛ МЕШАВАД

Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ифтитоҳи бинои нави Маркази миллии тестӣ таъкид карда буданд, аз соли 2014 сар карда, Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули донишҷӯёнро ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути низоми нави имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба роҳ мондааст. Вобаста ба ин, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Маркази миллии тестӣ» тайи ду соли охир бақайдгирии довталабонро дар маркази шаҳру ноҳияҳо мегузаронад. Бо дархости Маркази миллии тестӣ   мушовирони кабинети методӣ Нарзиев Ҳайбулло, Назирзода Шердил, Ҳошимов Фарҳод ва Амруллозода Ҳакимҷон рӯзҳои 7-8 феврали соли равон дар муассисаи таълимии №100 - ш. Душанбе дар семинари омӯзишӣ иштирок намуда, корманди муваққатии Маркази миллии тестӣ интихоб гардиданд. Бояд қайд намуд, ки тавассути кормандони муваққатӣ  бақайдгирии довталабон  дар Маркази эҷодии кӯдакону наврасони ноҳия  аз  2 апрел то 30 апрели соли равон баргузор мегардад. Аз ин рӯ ба Шумо, хатмкунандагон,  дастур дода мешавад, ки ҷиҳати омода шуданатон то рӯзи бақайдгирӣ аз «Роҳнамои довталаб - 2018» истифода намоед.

Касбу ихтисосро ҳатман бо ихтиёри худ интихоб намоед, зеро ки бо ин касбу ихтисос Шумо тамоми умр кору зиндагӣ мекунед.