Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ВОКУНИШ

ҶАМЪИЯТИ МАТЛУБОТ ФАҚАТ ИҶОРАПУЛӢ ҶАМЪ МЕКУНАД

Рӯзҳои  боронӣ агар ба бозори пӯшидаи ноҳия ва  беруни он коратон афтад, аз рафта пушаймон мешавед. Ҳеҷ боваратон намеояд, ки  шумо дар яке аз бозорҳои  дар гузашта номдори минтақа қарор доред. Аз кӯлҳои пури об попӯшатон пури об мешаваду аз шаршараи селофанӣ, ки фурӯшандаҳои бечора  ба хотири нигоҳдошти сифати молашон кашидаанд, сару танатон... Магар ҳамаи ин манзара наход ба чашми ягон масъул нарасида бошад. Ё вазифаи  роҳбарияти ҷамъияти матлубот (раисаш Ҳ.Қурбонова) ва кормандонаш танҳо аз ҷамъоварии иҷорапулӣ иборат аст?! Мерасида бошад рӯзҳое, ки бозори Файзобод мисли пешин ободу  зебо гардад?

Суратҳои гирифтаи мо  навиштаҳоямонро комил мегардонад.

«НФ».