ВОКУНИШ
ХУШБАХТИИ ДУНЁ – ДАР ВАҲДАТ
- Подробности
- Опубликовано 28.06.2016 10:17
Иоана ШАРИФОВА, сокини деҳаи Обисангбур.
Ман зодаи Ҷумҳурии Молдова мебошам. Бо ҳукми тақдир аз соли 1987 бо ҷавони файзободӣ – Гадоалӣ Шарифов хонадор шуда ба Файзобод омадам. Соҳиби 5 нафар фарзанд мебошам. Тӯли ин солҳо ончунон бо обу хоки ин диёр дил бастаам, ки ягон зарра бегонаю мусофир будани худро эҳсос намекунам. Чун бонувони тоҷик либос мепӯшам, панҷ вақт намозамро мехонам. Баъди ба нафақа баромадан дар хоҷагии деҳқониам, ки аз деҳа дар масофаи чанд километр аст, рафта меҳнат мекунам. Шукр мекунам, ки муқими чунин диёри биҳиштосою сабздоман гаштаам. Имрӯзҳо, ки дар арафаи ҷашни Ваҳдат қарор дорем, ҳодисаҳои қариб ду даҳсола гузаштаро пеши назар меорам. Бо айби гурӯҳе Тоҷикистони азиз ба гирдоби бало гирифтор шуд. Миллатҳои гуногун, ки як умр бо мардуми тоҷик дӯстона зиндагӣ мекарданд, аз нобасомониҳо дар тарсу таҳлука афтоданд. Қисме аз онҳо ба ватанҳои падарии худ ва қисме берун аз ҷумҳурӣ зиндагӣ ихтиёр карданд. Пайвандони ман низ аз даргириҳои Тоҷикистон хабардор шуда маро маҷбур мекарданд, ки бо аҳли оилаам барои ҷон ба саломат бурдан ба Молдова биёям. Ман, ки бахту фарзандони худро дар ин диёр ёфта будам, ба хешовандонам ҷавоби қатъӣ додам, ки нияти ба ягон ҷо рафтан надорам. Он чи дар тақдирам аст онро мебинам. Ва солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ки дар шуъбаи ёрии таъҷилӣ ҳамшираи шафқат шуда кор мекардам, шабу рӯз пайи ҳифзи саломатии мардум будам. Имрӯз, ки бо талошҳои пайгиронаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистони биҳиштосо тантана намудааст, ман мегӯям: “Обу хокам Тоҷикистон аст!”.
Зебуннисо ҚУРБОНОВА, собиқадори меҳнат.
Бонувон аз азал ваҳдатхоҳу ваҳдатсароянд. Зеро Худо накунад, агар ҷангу ҷидол, нооромие дар ягон гӯшаи дунё сар занад, дили онҳо пеш аз ҳама хун мешавад, дар гирдоби ташвиш меафтанд. Ёд дорам солҳои вазнини ҷанги шаҳрвандӣ модарони мо ҷон дар каф мекӯшиданд, ки фарзандони раҳгумкардаашонро ба роҳи рост ҳидоят намоянд. Миёни мардум гашта сиёсати сулҳҷӯёнаи ҳукумат ва Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро тарғибу ҷонибдорӣ менамуданд. Он модароне, ки дар ин ҷанги бародаркуш аз фарзандону пайвандони худ монда буданд, имрӯз бештар ба қадри ваҳдат мерасанд. Онҳо орому осуда фарзандони худро ба хизмати Ватан мефиристонанд ва ба онҳо талқин мекунанд, ки Ватан барояшон чун модар муқаддас аст. Воқеан, Ваҳдат хони пурнон, осудагии виҷдон ва пойдории имони мо, модарон мебошад. Мо, модарони ба ваҳдатрасида суботу осудагии ватанро ба ягон арзиши дунёӣ иваз намекунем.
Гул ХАЛИФАЕВА, мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия.
Маҳз истиқлолияту ваҳдати миллӣ буд, ки мақоми бонувони соҳибмаърифат дар арсаи сиёсат, иқтисодиёт, фарҳанг, илму маориф устувор гардид. Ба имзо расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” роҳкушои рисолати зан-модар гардид. Таъсиси квотаи президентӣ имконияти гирифтани донишу касбу ҳунарро барои духтарон фароҳам овард. Аз соли 1987 то имрӯз 186 нафар духтарони диёр тибқи квота соҳибмаълумоту соҳибкасб гардиданд. Дар ноҳия аз ҳисоби занон 8 нафар вакили ноҳиявӣ, 37 нафар вакили ҷамоат, 18 нафар дар вазифаҳои роҳбарикунанда, 8 нафар сарварони мактабҳо ва ғайраҳо гувоҳ аз тантанаи ваҳдат аст.
Мо, бонувон ба неруи Ваҳдат, рисолати Ваҳдат, ба сиёсати Ваҳдат эътимод бастаем. Пуштибонӣ аз ваҳдат омили сулҳу субот, рушду пешрафт ва созандагист. Хушбахтии дунё аз Ваҳдат сарчашма мегирад.
Сафарзода Зумрат УБАЙД, омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умуми рақами 4.
Ваҳдат ва ягонагии имрӯзаи миллати тоҷик ва ҷомеаи Тоҷикистон ба саъю талош ва кӯшишҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Бо заҳматҳои шабонарӯзӣ, талошҳои баҳамоварии мардум ва аз мафкураи калавандагӣ ва бетарафӣ берун намудани омма имкон ба вуҷуд овард, ки ҷумҳурии азизи мо рӯз ба рӯз рушду камол ёбад. Аз ҷумла мардуми диёри мо ба душворию мушкилиҳо нигоҳ накарда аз пайи ободӣ ва бунёдкорӣ камар бастаанд. Имрӯз бо меҳнати бунёдкоронаи мардум таҳти роҳбарии раиси ноҳия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабзода Миралӣ симои ноҳия куллан тағйир ёфта истодааст. Дар ин раванд мо, омӯзгорон пайваста кӯшиш менамоем, ки насли наврасро дар рӯҳияи ватандорию ватанпарастӣ, ифтихор аз таъриху тамадддуни ниёгон ва ҳуввияти миллӣ тарбия намоем
Суҳбаторо М.ТАҒОЕВА,
хабарнигори “Набзи Файзобод”.