ВОКУНИШ
ТЕРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ҲАМЧУН ВАБОИ АСР
- Подробности
- Опубликовано 13.02.2020 13:39
Мафҳуми терроризм ва экстремизм имрӯз яке аз мавзӯъҳои асосии нигаронии мардуми солимфикри сайёра гардидааст. Хусусан дар давлатҳое, ки дар ҳоли даргириҳо ва ҷанг қарор доранд, ҳар рӯз даҳҳо амали ғайриинсонӣ ба вуқӯъ мепайвандад.
Амалиётҳои даҳшатбори гурӯҳҳои террористӣ ҷони ҳазорҳо нафар сокинони осоиштаи давлатҳои гуногуни дунёро ба коми худ фурӯ мебарад. Бадтар ва хатарноктар аз ин амалҳои даҳшатбор, ин дигар кардани афкор, ба истилоҳ «мағзшӯӣ» наврасону ҷавонон аст, ки ба воситаҳои гуногуни техникию ҳозиразамон ба амал меоранд, ки хатари раванди террористию экстремистиро садчандон зиёдтар менамояд. Аз ин хотир аст, ки сарони давлатҳои дунё амали ин гурӯҳҳоро маҳкум карда, мубориза алайҳи онҳоро изҳор менамоянд. Аз ҷумла Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои баланди байналмилалӣ сухан ронда, изҳор намуданд, ки : «Тероризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон таъсир карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст». Дарҳақиқат гуфтаҳои Президенти муҳтарам заминаҳои воқеӣ дорад. Чаро ки созмонҳое, чун «Ал-қоида», «Ан-нусра», «Ҳизб-ут -таҳрир» сад дар сад ифротиянд ва ҷиҳати ноором кардани вазъияти кишвару минтақа маблағҳои ҳангуфт сарф карда, гурӯҳҳои террористиро маблағгузорию омода месозанд. Мардуми кишвари мо, ки солҳои 90-ум ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидаю азоби онро кашидааст, бояд ба тамоми ҳастӣ дарк намоянд, ки терроризму экстремизм чӣ маъно доранд. Хусусан корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни мактаббачагону наврасон бояд зиёдтар ба роҳ монда шавад. Вазифаи ҷонии сарони ҳар оила ва хусусан омӯзгорон, аст ки ба мактаббачагону фарзандон фаҳмонанд, ки чунин амалҳои ноҷо чӣ гуна оқибатҳои сангину нохушро ба бор меорад. Махсусан волидон дар ин кор набояд бетараф бошанд, чунки танҳо бо дастгирию ёрии онҳо ва омӯзгорону аҳли ҷомеа чунин амалҳои бадро пешгирӣ кардан мумкин аст. Барои ин кор бояд талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро ба инобат гирифта риоя намоянд. Танҳо дар ин маврид бо фардои неки фарзандони худ ором ва осуда зиндагӣ карда метавонем.
Акрамзода Б.