ВОКУНИШ
…ҲАР НУҚТАРО МАКОН БУВАД
- Подробности
- Опубликовано 12.02.2020 10:20
Мақоли «Ҳар суханро ҷоеву ҳар нуқтаро маконе»-ро натанҳо дар мавриди ҳарф ё сухан гуфтан дар маҷлисе, балки дигар ҷо, ҳини амали номақбуле низ истифода мебаранд. Яке аз чунин мавридҳо ба ҳангоми хариду истифодаи либос ва истифода аз рӯсарию пӯшиданиҳост. Албатта ки ин мавзӯи нав нест, вале мавзӯе аз доғҳои рӯз аст, ки то ҳол на дар мактаб ва на дар кӯча ҳалли худро пурра ёфтааст.
Тақлидҳои ноҷои хоҳаракони мо ба миллату кишварҳои бегона, ки онҳоро ба бегонапарастӣ ва аз таърихи дину оини миллатамон фарсахҳо дур мебарад на танҳо зиён ба худашон, балки теша задан ба решаи қавми ориёнажодамон аст. Истифода аз либосҳои сиёҳу русариҳои идае аз хоҳарони мост, ки мардуми шиатабори Эрон онро ба бар мекунанд, имрӯз низ дар кӯчаҳо мушоҳида мешавад. Мазҳаби мо, мазҳаби имоми Аъзам ва дини мо, дини мубини Ислом мебошад, ки дар ин дини поку муққаддас ҳаргиз хушунату зуроварӣ тавсия дода намешавад. Онҳое, ки худро пайрави ин дини мубин медонанд, донишу таҷрибаашонро тавассути ақлашон, бо иҷрои амалҳои нек, аз қабили саховатмандӣ, дастгирии табақаи ниёзманд, бунёди марказҳои таълимию маърифатӣ нишон медиҳанд, на дар пушидани либосҳои ғайри точикӣ. Дар андешаи ман аз атласи Хуҷанд дида барои духтари тоҷик либоси зебо нест. Қобили қабул аст,ки тарроҳони тоҷик барои духтарони мактабӣ ва корхонаҳо атласро либоси ягона дар фасли баҳору тобистон пешниҳод намуданд. Дар кӯчаву бозор имрӯз ба хоҳарону занони сиёҳпӯшу сатру ҳиҷобдор кам ҳам бошад баъзан дучор меоем, аммо бовар аст, ки моли куҷо будани либосу русариашро намедонанд. Истифода аз либоси бегона моро аз урфу одатҳои миллӣ, таърихи бойи ниёгонамон дур месозад. Инро бояд донист, ки фарзандони миллати куҳанбунёди мо барои нигоҳ доштани анъанаҳои бойи миллиамон чи қадар пофишориҳо кардаанд. Тарғиби либоси зебову шинами тоҷикӣ, ки моли миллати куҳанбунёди тоҷик аст вазифаи аввалиндараҷаи хар ватандор бояд бошад. Барои ин на танҳо дар мактабҳои миёнаву олӣ, балки дар маҳалҳо низ барои тарғиби либоси миллӣ ва дурӣ ҷустан аз урфу одатҳои ғайр ҳар нафари мо кори аз дастамон меомадаро бояд дареғ надорем. Табақаи пешсафи ҷомеа аз ҷумлаи фаъолони шаҳрвандӣ корҳои фаҳмондадиҳиро миёни бонувон, хусусан духтарону занҳои хонашин зиёдтар ба роҳ бояд монанд.
Бо ин амал мо тоҷик-қавми ориётабору куҳанбунёд будани худро ҳам барои ояндаҳо ва ҳам барои ҷаҳониён муаррифӣ карда метавонем.
Р. Назир, рӯзноманигор.