ВОКУНИШ
ОЛАМИ ДАРДУ ҒАМ
- Подробности
- Опубликовано 22.04.2019 15:49
Мо аз телевизион борҳо дидаем, ки филмҳо, намоишҳои театрӣ, мутахассисони соҳаи тиб оқибатҳои марговари маводи мухадирро мефаҳмонанд, ба он хотир, ки одамон аз нашъамандӣ, аз ин роҳи хатои зиндагӣ, аз ин олами дарду ғам рӯ гардонанд, хоса ҷавонон, ки умри Худододро барбод медиҳанд, бадтар аз ин хонаи падару модари худро хароб карда, умрашонро кӯтоҳ мегардонанд.
Намоишҳо, гуфторҳои радио, маводҳои мавзӯии матбуот бо хотири он аст, ки ҷавонон аз зарари ин кори бад – ба қавли хумориён, «доруи сафед» огоҳ бошанд, аз далелҳои нишондодашуда дарси ибрат гирфта, аз истеъмоли ин маводи одамкуш даст кашанд. Тавре табибон собит кардаанд, ба ин дарди бедаво дар ибтидои гирифторӣ даво бахшидан мумкин аст.
Чи хеле медонем, манбаи асосии истеҳсоли маводи мухаддир Ҷумҳурии Афғонистон аст. Дар ин кишвари ноором, ки чилсола фарогири ҷангҳои дохилист, ҳамасола дар садҳо гектар кукнор парвариш мекунанд. Ва ин гиёҳи барои истеҳсолкунандагонаш манфиатовар бо роҳҳои гуногун, гуфтан мумкин, ба ними ҷаҳон паҳн мешаваду ҳазорҳо нафарро ба марг мерасонад. Одамон, хусусан ҷавонон, аз рӯи ҳавою ҳавас, назарбаландии беадабона аввал андак-андак, сонӣ (дар сурати гирифтори ин бало шудан), ба таври фаровон ва мунтазам банди нашъамандӣ мешаванд. Албатта дар ибтидо падару модарон, агар дошта бошанд, аз ин рафтори фарзандонашон огоҳ нестанд. Волидайн ҳамон вақт огоҳӣ меёбанд, ки аллакай ҷигарбандонашон мубталои ин дард гардидаанду онҳоро хонахароб кардаанд. Нашъамандӣ ҳамин гуна хосият дорад: пул, ки наёфтӣ, чизу чораи хонаро рӯшоду пинҳон рабуда «доруи сафед» муҳайё мекунӣ.
Аз вақте ки нашъамандӣ ҳамчун омили марговару харобкор дар кишвар рӯ зад, ҳазорҳо нафар гирифтори ин беморӣ шуда, шумораи зиёди ҷавонон ҷон ба Ҷаббор супориданд. Далелҳои мавҷуда аз ҳалокати чандин нафар сокинони Файзобод рӯшанӣ меандозанд. Тасаввур кардан мумкин нест, ки наздикони онҳоро чӣ гуна ҳавои дарду ғаму мотам фаро гирифта буд. Ҳарчанд давоми солҳои 2005-2018 сездаҳ нафар аз бемории норасоии масунияти одам ва нашъамандӣ фавтида бошанд ҳам, мутаассифона, имрӯз низ гирифторони ин касал ё худ дӯстдорони «доруи сафед» дар ноҳия ҳастанд.
Бисёриҳо тааҷҷуб мекунанд, ки «охир дар Файзобод (умуман дар ҷумҳурӣ) кукнор намекоранд, ҷавонҳои инҷо аз куҷо героин пайдо мекарда бошанд?» Ҷавоб ҳамин аст: «Савдои соядор ҳама чизро ҳал мекунад». Гурӯҳҳое ҳастанд, ки шуғли асосиашон савдои ғайриқонунии маводи мухаддир аст. Боз ба ҳамон намоишҳои телевизион такя мекунем. Ва мову шумо бо чашми сар мебинем, ки шуғлварзони ин амалро мақомотҳои танобкаш бо даҳкилою бисткилою панҷоҳкило ва аз ин ҳам зиёдтар маводи мухаддир дастгир мекунанд. Ана ҳамин қабил савдогарон аз «дӯстони» афғонашон нашъаро харидорӣ карда, аз даст ба даст мегузаронанд, ва, хулоса, ба дасти ҷавонони Файзобод ҳам мерасад.
Чандин сол аст, ки дар Тоҷикистон Агентии мубориза бар зидди маводи мухаддир фаъолият дорад. Аз ҷониби ин ташкилот чорабиниҳои зиёди амалӣ гардонда мешаванд, то гардиши ғайриқонунии нашъаҷаллобӣ кам гардад. Дар сатҳи баланд қарор доштани мубориза алайҳи интиқол, истеъмол ва фурӯши маводи мухаддир ба ҳамин хотир аст, ки ин дарди вазинин аз миён бардошта шавад. Дар сатҳи поён бошад, мақсад он аст, ки пеш аз ҳама падару модарон ғамхору парастори фарзандон бошанд, аз ҳолу аҳволашон пурсон шаванд, бо кӣ, дар куҷо шишту хез карданашонро донанд, то онҳо ба ин олами бедармонӣ ворид нагарданд.
Таъкид. Дар такя бо маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон иттилоъ медиҳем, ки дар охири соли 2017 дар Тоҷикистон 7067 нафар гирифторони бемории нашъамандӣ ҳастанд. Бояд зикр кунем, ки ин шумораи бақайдгирифтагон аст. Шояд даҳҳо нафари дигар, ки гирифтори ин дард ҳастанду аз табобат худдорӣ менамоянд, аз қайд берун мондаанд. Ҳол он ки дар Тоҷикистон тебобати бемории нашъамандӣ ройгон асту ному насаби нашъамандон махфӣ нигоҳ дошта мешавад.
Ҷ.БАҲОРОВ.