ВОКУНИШ
ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ ПЕШГИРӢ АЗ ОН ВАЗИФАИ АҲЛИ ҶОМЕА АСТ
- Подробности
- Опубликовано 13.03.2019 09:48
Терроризм ва экстремизм ҳамқадами доимии инсоният буда дар асри Iто мелод дар Яҳудистон амал мекард. Ин гурӯҳи хунхор ва ҷонибдорони онҳо римиён, донишмандон, устодон ва ашрафи олимақоми яҳудиро нобуд мекарданд. Падарони дини Христианӣ бошад ин амали ношоистаи онҳоро иҷозат медоданд. Мазҳабҳои алоҳидаи дини ислом бошад, аз давраи пайдоиш куштори халифа, сардорон ва рақибони сиёсии худро террору нест менамуданд. Дар ибтидои асри 20 терроризм ба сатҳи давлатӣ баромад. Дар заминаи аз байн рафтани Иттиҳодияи Шуравӣ, кишварҳои соҳибистиқлолу мустақил пайдо шуданд, ки ба зидиятҳои сиёсӣ барои ба даст овардани ҳокимият дучор гардиданд. Боиси таассуф аст, ки аз ин раванди таърихӣ Тоҷикистони соҳибистиқлол низ дар канор намонд. Ихтилофи андешаҳо, мансабхоҳон ва дигар гурӯҳҳои зархарид ба зиддиятҳои мусаллаҳона табдил ёфта, боиси пайдоиши гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ дар мамлакат гардиданд. Хусусан тайи ин муддат дар мамлакат Ҳизби Наҳзати Ислом рӯи кор омад ва шахсиятҳои соҳибэҳтирому давлатӣ, зиёиён, кормандони соҳаҳои илму фарҳанг қурбонии ин ҳизби манфиатхоҳ гардиданд. Хушбахтона бо кӯшишу талошҳо пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии аҳолии кишвар ҷанги шаҳрвандӣ хотима ёфт, сулҳи комил ва оромии қатъии сиёсиву иҷтимоӣ дар Тоҷикистон барқарор гардид. Имрӯз ҳар як сокини кишвар вазифадор аст, ки сулҳу осоиштагӣ ва истиқлолияти кишварро ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ дораду зиракии сиёсиро аз даст надиҳад. Зеро мақсади терроризм на куштор, балки ба даҳшат овардан, тарсонидан, ба воҳима андохтан, рӯҳафтода намудани одамон мебошад. Таҷрибаи ҷомеаи ҷаҳонӣ огоҳ месозад, ки экстремизм чун дигар зуҳуроти номатлуби ҷомеа, асосҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дорад. Аз ин рӯ пешгирии он вазифаи шаҳрвандии ҳар узви ҷомеа мебошад. Дар робита ба ин зарур аст, ки мунтазам вохӯриҳои ҷавонону наврасонро бо хизматчиёни ҳарбӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат ва фаъолони ҷомеа гузаронидан аз манфиат холӣ нест. Вале чи тавре огоҳӣ дорем ба замми чунин суҳбату вохӯриҳо баъзе аз ҷавонон ба роҳи хато рафта ба ҳизбу созмонҳои террористиву экстремистӣ дохил шуда обрӯи миллат ва ватани худро зери по месозанд. Ин ҷавонон дар рӯҳияи худпарастӣ камол ёфта, танҳо манфиати худро аз ҳама баланд медонанд. Ба ҳамин хотир онҳо азми давлатҳои Ироқу Сурия намуда ба ташкилотҳои экстремистиву террористӣ дохил шуда, ба ҷони садҳо одамон хатар ворид месозанду ҳизбу ҳаракатҳои исломӣ онҳоро барои чунин амалҳои номатлуб, одамкӯшиву одамрабоӣ ташвиқу тарғиб мекунанд, ки гӯё бо ин амалашон гуфтаи Худо ва Пайғамбари исломро ба ҷо оварда сазовори биҳишт мешуда бошанд. Вале чунин рафтори онҳоро Қуръони карим маҳкум карда мефармояд, ки муъмин бародари муъмин аст ва ба ҷои ин бояд корҳои хайру савобро ба анҷом расонанд. Тайи солҳои охир зиёда аз 100 давлати дунё нишони ҳадафҳои террористӣ ва экстремистӣ қарор ёфта, садҳо ҳазор нафар ҷон бохта, садҳо ҳазор нафар зарари моддӣ дидаанд. Бо вуҷуди чорабиниҳои аз ҷониби масъулин дар самти мубориза бо терроризму экстремизм анҷомёфта 55 нафар шаҳрвандони ноҳияи мо низ ба ин гурӯҳҳои ифротӣ шомил гашта, дар задухӯрдҳои хунини минтақаҳои даргири Ироқ ва Сурия ҷалб гардида буданд. Миллати тоҷик таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷаҳониён таҷрибаи нодири сулҳи комилро нишон додаем. Вале бархе аз бадхоҳони миллат, аллалхусус роҳбарони ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ кӯшишу талошҳои пайгирона, сиёсати ватандӯстонаву миллатпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро надида мегиранд ва ба пешравию комёбиҳои бадастовардаи тоҷикон санги маломат мезананд. Вале чи тавре Ҳазрати Бедил мефармояд:
Бедил ту маяндеш зи гуфтори рақибон,
Ғавғои сагон кам накунад ризқи гадоро.
Т. Соҳибназар,
раиси Шӯрои куҳансолони Ҳаракати
Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳия.