ВОКУНИШ
ҶАРАЁНҲОИ ТЕРРОРИСТӢ СӮИ НЕКӢ НАМЕБАРАНД
- Подробности
- Опубликовано 14.02.2019 17:36
-ДУНЁИ АНДЕША-
Солҳои охир як қатор ҷараёнҳои номатлуби диннӣ сокинони як қатор давлатҳо аз он ҷумла мамлакати моро ҳам ба ташвиш овардааст. Зеро ин ҷараёнҳо ифротгаро бо тамоми зуҳуроташ ҳамчун ҷараёнҳои иртиҷоӣ худро нишон додаву доираи зиёди минтақаҳои дунёро фаро гирифтааст.
Пушида нест, ки яке аз хатарноктарин зуҳури терроризм ин аст, ки дар заминаи эътиқоди динӣ ба вуҷуд меояд. Зеро пайдост, ки амалҳои террористӣ бо таълимоти динӣ тақвият дода мешаванд.
Боиси қайд аст, ки айни ҳол намояндагони гуруҳҳои ифротгаро бештари ҷавонони тоҷикро, ки дар кишварҳои бегона, хусусан дар Россия ба сифати муҳоҷири кору фаъолият доранду дар мавридҳои пайдо накардани кор , ки боиси даромади зарурӣ барои хурондани аҳли байташон мегардад бо пешниҳоди соҳиб шудан бо маблағҳои калон фиреб кардаву ҷониби худ мекашанд.
Ҳамин аст, ки шомилшавии қисме аз ҷавонон ва занону духтарон ба фиреби «пули калону орзуҳои ҳавоӣ» ба чунин гуруҳҳои ифротгаро, ки ба муқобили мусулмонони дигар меҷанганд, зиёд мешавад. Мутаассуф бисёре аз онҳо дар ин мулкхои бегона қурбони дурӯғҳои хоҷагонашон мешаванд.
Аксаран онҳое, ки худро ватандӯсту ҳомии насли ҷавон ва муҳоҷирони кории дур аз Ватан мегиранд, чун намояндагони ТТЭ ҲНИ дар суханронихои худ пуштибонӣ аз шомилшавӣ ба чунин ҳизбу ҳарактҳои хатарзоро мекунанд. Вокеан хам ин яке аз ҳадафҳои онҳост гох ошкору гох пардапӯшона пуштибони чунин ҳаракатҳоро дастгири менамоянд! Ҳол онки замоне масъулини ТТЭ ҲНИ бо масъулияти баланди ватандорӣ дар маъвизаҳои ҳаррӯзаи худ сари масъалаи воридшавӣ ба чунин ҷараёҳои номатлубӣ ҳадафҳои манфӣ дошта, овози баланд дошта мекарданду дар пас худ хамватанони хешро ба ифротгарои даъват.
Аз ин хотир вазифаи аҳли ҷомеа аст, ки ба падару модарон ва наздикони чунин роҳгумзадаҳо оқибати амали куркуронаи шомилшавӣ ба чунин гуруҳҳо ва ҷангиёро фаҳмонанд. Яъне дар раванди муқобили чунин гуруҳҳо истодан фаъол бошанд. Ба он монеъ шаванд, ки чунин ҷавонони гумроҳ фирефтаи ваъдаҳои гуруҳҳои тундрав нагардидаву хоину хиёнаткор ба Модар- Ватани худ гарданд.
Хуб аст,ки бо ташаббуси ниҳодҳои амниятӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, фаъолон дар маҳалҳо тарзи нави ташвиқот зидди чунингуруҳҳо, яъне шакли хона ба хонаро амалӣ карда, бори дигар падару модронро огоҳӣ доданд, ки аз ҳолу аҳволи муҳоҷирони худ пурсида истанд ва нагузоранд, ки ба чунин гуруҳҳо майл дошта бошанд. Бояд сари масъалаҳои давлату ватандорӣ, худшиносию худогоҳӣ, ифтихори миллӣ маълумоти зарурӣ дошта бошанд.
Аз фарҳанги муносибату либоси ниёгон огоҳӣ дошта бошанд. Зеро имрӯз фарҳаги бегонапарастӣ дар кишварӣ мо инкишоф меёбад. Чун ба бар кардани ҳиҷобу сатр ва сиёҳпушӣ. Мусаллам аст, ки ҳамаи ин аз бехабарии эшон аз тарзи либоспушии гузаштагонамон башорат медиҳад.
Аз ин хотир бояд ба он бикушем, ки насли ҷавонро дар руҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, худшиносию худогоҳӣ тарбия ёфтаву шукри истиқлоли Ватану давлат, шукри суботу оромӣ ва ваҳдати ҷомеаро дошта бошанд.
Н. Расулпур.