Сб11232024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ВОКУНИШ

ПИРӮЗИИ МО АЗ САРҶАМЪИИ МОСТ

Имрӯзҳо сари масъалаи терроризм, хусусан терроризми динию мазҳабӣ, ки  асоси терроризми бунёдгароро ташкил медиҳад сухан бисёр меравад. Зеро ин табақа кирои гуфтугӯ надоранду эшон   аҳли гуфтугӯ ҳам нестанд ва бо онҳо муколама амрест хеле маҳол. Ба ақидаи бунёдгароҳо гӯё   ҳақиқати маҳзро танҳо онҳо медонаду боқӣ ҳама  ботилу гумроҳ ва ҳеҷгоҳ ҳақ нестанд.

Ҳол онки танҳо як мисол шахсияти террористони бунёдгароро чун оина равшан месозад: магар шахси худкуш    сари масъалаҳои  динӣ, ахлоқӣ, ҳақиқат, фазилат ва мақоми шоистаи инсон, аз тақво ва парҳезкорӣ, аз ҳадафи зиндагию маъною мафҳуми диндорӣ ва он чӣ марбут ба инсону инсоният мебошад тассавурот дорад? Агар дошта бошанд ҳеҷ гоҳ даст ба чунин амалҳои террористӣ нахоҳанд зад.

Зеро ҳамагуна динҳо покизагиву парҳезкорӣ аз  амалҳои ношоиста маҳсуб меёбад. Ва ба қавли бузургони олами ислом:

Ислом  на фақат савму салот аст,

Илм асту  низом асту  ҳаёт аст.

 Аммо онҳое, ки ба терроризму ифротгароӣ печидаанд ҳеҷ огоҳӣ    ва хабаре аз    дину ва инсоният надоранд, ба ин хотир барои ҷомеа хеле хатрафзо маҳсуб ёфта амалҳои  анҷом додаи онҳо ба атрофиён        ба ҷойи фоида хеле зарароваранд.

Чи тавре ҳамагон огоҳӣ доранд, имрӯз ҳамаҷо терроризми динӣ реша давондааст ва он хатарноктарин навъи терроризм маҳсуб меёбад. Зеро онҳо аз номи ислом бар зиди ислом ва зарари он  мубориза мебаранд.

 Ба ин хотир  пеш аз ҳама  ба таърихи истилоҳи террор таваҷҷуҳ намуд. Истилоҳи мазкур  нахустин маротиба солҳои 1793–1797  дар Инқилоби  Фаронса аз тарафи якобинчиён истифода шудааст. Аз рӯи фаъолияту  корҳои ифлос чун қатлу куштор  ва ғоратгарии пешгирифтаи онҳо  ин истилоҳ  ба   калимаи арабии «таррор» гумон дорем наздикӣ дорад. Зеро «таррор» дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ»  маънои роҳзану одамкуш, кисабуру дузд ва   ба маънои ҳилагар, маккор ва айёр омадааст. Бо дар назардошти ҳамин хислатҳо дар инқилоби Фаронса   калимаи «террор»-ро   аз калимаи «таррор» гирифта бошанд.

 Ба ҳар ҳол чизе ки набошад, мо даҳшати амали терористонро дар давлатҳои Шарқ    ҳамарӯза мушоҳида мекунем. Як нигоҳ кунем ба  ҳамсоядавлатҳои Афғонистону  Покистон ва дуртар дар Сурия, Ироқу Лубнон ҳатто дар давлатҳои Аврупо низ тез тез даҳшатҳои террористӣ ҷони садҳо инсонҳои бегуноҳро  мерабояд. Ва бо ин даҳшатҳои худ онҳо иҷрои ҳадафҳои худро баён медоранд. Афсус, ки аксаран ин амалҳои ношоитси террористӣ аз номи дини мубини ислом амалӣ мешавад, ҳеҷ рабте ба ин дини пок надорад.

Ҳол онки ислом дини парҳезгорӣ буда, эътиқодмандони худро аз иҷрои амалҳои  номатлубу зиддиинсонӣ нигоҳ медорад, сулҳпарварироаз рисолати муҳими имонӣ медонад.  

Афсус, ки айни ҳол гаравидан ба гуруҳҳои террористӣ аз ҷониби сокинони кишвари мо ҳам зиёд ба чашм мерасад. Ҳодисаи қатли сайёҳон дар ноҳияи Данғара аз ҷониби чанд тан аз гуруҳи террористӣ, ки аз ҷониби хоҷагони беруна  роҳбарӣ мешуданд, тасдиқи гуфтаҳои болоист. Ҳамчунин  беш аз  1000 нафар ҷавони гумроҳи тоҷик дар сафҳои гурӯҳи террористии бо ном «Давлати исломии Ироқу Шом» меҷанганд.

Боиси афсус аст, ки дар аксари  амалҳои террористӣ аъзоёни фаъоли ТТЭ ҲНИ,  ки дар кишвари мо фаъолияташ мамнуъ эълон гардидааст, даст доранд. Имрӯзҳо ҳарҷо, ки роҳбари ин ташкилоти террористӣ Муҳиддин Кабирӣ қадам мегузорад онҷо шуру низоъ хоҳад хест. Ин шояд аз табиати ӯ маншъа мегирад. Яъне чи тавре Ҷомии бузургвор мегӯянд:

Неши ақраб на аз рӯи кин аст,

Муқтадои табиаташ ин аст.

Дирӯз тавассути  шабакаҳои иҷтимоӣ  ин лидери террористони тоҷик ба суолҳои мардум бояд посух мегуфт. Боз чи дуруғу дассисае бофт ин   ҳунари азалии уст. Инҷо бояд ақли солим пеш ояд, ки  ин ҳамон террористест, ки бо ҷомеаи навин сухан мекунад  ва террорист имони комил надорад.

Аз ин хотир ҳар фарди соҳибхиради ҷомеаи Тоҷикистон бо дарки баланди ватандорӣ дар атрофи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷамъ омадаву баҳри  якпорчагии кишвар, Ваҳдати миллӣ, баҳри  сулҳу субот дасти ба даст бошем.

Тавоноиву пирӯзии мо бар терроризм  аз сарҷамъии мост.

Тиллои  Мирзоназар