ВОКУНИШ
ХУДШИНОС БОШЕМ, НА БЕГОНАПАРАСТ
- Подробности
- Опубликовано 18.01.2019 16:31
Мардуми ҷаҳон ба халқи тоҷик аз он ҷиҳат тан додаанд, ки дар таърихи мавҷудияти хеш аз ғараз ба касе даст набардоштааст, ҷаҳлу хунрезиро раво надидааст, то озор надидааст, озор надодааст. Бо ин сатрҳои устоди калом Бозор Собир диққат диҳед:
Аз хуни Сиёвушем, ҳамхуни Сиёвушем,
Аз ҷомасафедонем, ҳар ҷома намепушем.
Ҳамсоли «авесто»-ем, ҳам оташи Зардуштем,
Мо оташи Зардуштӣ нокушта намекуштем.
Тоҷикон бо таърихи бою ғании фарҳангӣ, хулқу хӯи одамдӯстона аз намояндагони халқҳои дигар фарқ мекунанд. Зишткорӣ, бадбинӣ, ҳавобаландию риёкорӣ дар вуҷуди ниёгони мо ҷо намегирифт. Чӣ бадбахтист, ки дар асри гузаштаи таърих падидҳои номатлуб ва ба табиати халқи тоҷик носозгор аз қабили даҳшатафканӣ(терроризм), ифротгароӣ(экстремизм)-ю тундгароӣ(радикализм) аз ғарб ворид гардид. Ва ин даҳшат фарзандони бефаросати моро фаро гирифт, ба шууру майнае роҳ ёфт, ки арзишҳои муҳими одамдӯстӣ, ватандӯстию пос доштани хизмати арзандаи модарро дарк намекунад.
Ҳодисаҳои даҳшатбори ҷанги шаҳрвандии кишвар аз китоби таърихи миллат сутурда намешаванд. Ақидаҳои таҳмилшудаи ифротӣ, таълимоти манфури душманони бегона падарро бо писар, бародарро бо бародар зид кард. Ва чӣ шуд? Тоҷикистон қариб 150 ҳазор ҷони зиндаашро аз даст дод. Зарари иқтисодӣ ба миллиардҳо расид. Бояд бигӯем, ки ҷанги дохилӣ, албатта ба дахолати душманони хориҷии мо, ба терроризму экстремизм замина гузошт. Ҳамин хел шуд, ки ҷавонҳо ба насиҳати падару модар гӯш надоданд. Ин касофатист!
Акнун мешунавем ва медонем, ки садҳо нафар фирефтаи таълимоти бегона шуда ба ваъдаҳои дурӯғ бовар карда, «барои ҳимояи ислом» ба давлатҳои ҷангзадаи исломӣ рафтаанд. Мутаассифона, чанде аз таълимгирифтагони мактабҳои ноҳияи Файзобод ҳам гирифтори ҳамин фанд гардидаанд.
«Набзи Файзобод» аз ҳасрату надомат ва ашкрезиҳои сокини деҳаи 75-солагии деҳаи Дурахшони ҷамоати Чашмасор Ғаюр Розиқов, ки се писараш ба Сурия рафтаанд, навишта буд. Ашки бобои Ғаюр ҷигарсӯзу ҷонкоҳ буд. Бояд бигӯем, ки дар Файзобод экстремистон аз ҳама зиёд дар деҳаи Чашмасор таъсир гузоштаанд. Аз ин ҷо зиёда аз 40 нафар шомили гурӯҳҳои тундраву иртиҷоӣ шуда, то зиндагии орому осудаи кишвари хешро паси даст карда, ба Сурия рафтаанд. Кӣ медонад, ки чӣ рӯзгоре доранд ин «муборизони роҳи ислом»?!
Наход дар мавкураи мо ғунҷондани ҳамин чиз мушкил бошад, ки инсон умри на он қадар дарози худро бояд осоишта гузаронад. Ҳар кас мубориз бошад, бояд барои зиндагии бофароғат, барои ободию шукуфоии Ватан, барои чеҳраи хандони модар ғайрату тавоноиашро сарф кунад, на ин хизмати бегонагонро ба ҷо биёрад!
Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша аз хатари терроризму экстремизм таъкид мекунад. Афзоиши ин хатарро бори дигар дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшрас намуд. Сардори давлат мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомиро вазифадор кард, то ҳушёрию зиракии сиёсӣ ва баланд бардоштани донишу малакаи касбӣ бар зидди терроризму экстремизм тақвият диҳанд. Зарур медонем, дар ин радиф гӯем, ки
бояд масъулияти падару модарон, омӯзгорони муҳтарам дар бобати таълиму тарбия баландтар гардад. Мактаби бузурги панду насиҳати бузургонамон дар тарбияи имрӯзаи наврасон мақоми хосае дошта бошад.
ҶӮРАБЕК МУМИН