ВОКУНИШ
НУРИ РОҒУН ЧАШМИ БАДХОҲОНРО ХИРА МЕСОЗАД
- Подробности
- Опубликовано 23.11.2018 13:40
Ҳафтаи қабли воқеае, ки Тоҷикистони азизи моро дар арсаи ҷаҳон муррифӣ намуд воқеан ҳам боиси ифтихори ҳар як фарди миллати тоҷик маҳсуб меёбад. Мавриди истифода қарор гирифтани чархаи аввали НБО Роғун, ки ин воқеаи таърихиро дар ҳамаи кунҷу канори Тоҷикистон мутантан таҷлил намуданд, беш аз 200 хабарнигор аз расонаҳои гуногуну бонуфузи дунё инъикос карданд.
Маросими баистифодадиҳии агрегати якуми ин иншооти бузурги гидроэнергетикӣдарсархатихабарҳоивоситаҳоиахбориоммаиватанивухориҷӣқарордошта, азҷонибиагентиҳоииттилоотиибонуфузибайналмилалӣазАмрико, Италия, Германия, Россия, Япония, Британияи Кабир, Чин, Покистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистонвадигардавлатҳовасеъинъикосгардид.
Дар навбати худ агентии иттилоотии«RussiaToday»бо номи«Тоҷикистонагрегатиякуминеругоҳеро, кидарҷаҳоназимтаринмегардад, бакордаровард»дар сомонаи худ видеогузориш чоп кард. Дар гузориш гуфта мешавад, ки «сарбанди аз ҳама баланд дар Тоҷикистон, дарОсиёиМарказӣҷойгираст.Манзараиҳайратангезазбаландӣмиқёсилоиҳавазебоииминтақаронишонмедиҳад. БаландиисарбандиНБО«Роғун»ба 335 метр расида, аз сарбандҳои баландтарини мавҷудаиҷаҳон—«ҶингПингИ»-иЧин (305 метр) ва «Гувер»-иИМА (221 метр) пешхоҳадгузашт.
Воқеан ҳам ин рӯйдод бори дигар тоҷику Тоҷикистонро ба ҷаҳониён наздиктар гардонд, зеро он бозгӯи сулҳу оромӣ ва тенҷию осмони соф дар кишвари мост. Кишваре, ки чанд тан нотавонбину нохалаф, ки зодаи ин сарзамину обу хоканд ва имрӯз чун бузургшуданду устухоне аз хоҷагони хориҷӣ насибашон гашт, санг сӯи ватану ҳаммилатонашон мепартоянд. Аз зери нохун чирк мекобанду одаташон шудааст, ки камбудиеро ба сарварону масъулони кишвар бор намудавҷу атрофаш ҳангома барпо кунанд.
Ана атрофи сохтмони НБО Роғун ҳам онҳо кам доира «нанавохта» буданд. Ба чор тараф ҷор мезаданд, ки дар даҳсолаҳо барқи Роғун истеҳсол нахоҳад шуд. Мекушиданд ҳама саҳмгузорону хайрхоҳон ва инвесторҳои хориҷии ба иқтисоди мамлакатамон сармоягузорро бо таҳлилҳои пучу беасос ва по дар ҳавои иқтисоддонҳои зархаридашон гурезонанд.
Саҳифаҳои иҷтимоиро дар интернет барои худ минбар сохтаву дуруғу иғворо ба арши аъло расонида буданд. Бале ҳамаи он аъзоёни ТТЭ ҲНИ ва дигар созмонҳои тундгарою ифротӣ ва хоҷагони шофбуруташон, ки мақсадашон чун ба Сурияву Ироқ, Афғонистону
Лубнон табдил додани кишварҳои Осиёи Миёна буд, тирашон хок хурд.
Ба ҳамаи дуруғу иғвои онҳо дар Тоҷикистон касе аҳамият надод. Сокинони Тоҷикистон зери Парчами мамлакат ва пешвои худ, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҷамъ омадаву бо рағми рустамона Роғунро бино карданд. Маҳз ҷаҳду талош ва кӯшишҳои пайвастаи Бунёдгузори неругоҳи Роғун Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан аз зулмот ба рӯшанӣ буд, ки шебу фарозҳои зиёде дошт ва мо аз он бо сари баланд гузаштем, расидем ба 16 ноябр, рӯзи тавлиди рӯшноӣ.
Акнун нури Роғун чашми бадхоҳонро хира сохтаву дар тамоми олам бо он ёвагӯиҳошон шарманда кард. Зеро бунёди Роғун собит сохт, ки онҳо беш аз ёвагӯён каси дигаре нестанд. Ҳақиқату ҷавонмардӣ ва ростиву покии мардуми тоҷик ба хоки сиёҳ яксонашон хоҳад кард.
Н.Рустоӣ.