Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ВОКУНИШ

ИФРОТГАРОӢ ХАТАРИ БУЗУРГ ДАР ОЛАМИ ИСЛОМ

Инак   дар рӯзҳое, ки аҳли мусалмонони дунё  ҷашнимавлудипайғамбарамонро  мегузаронанд, боз  ифротие даст ба  қатли одамон зад. Ҳамлаи маргталабона дар шаҳри Кобули Афғонистон беш аз 50 кушта бар ҷой гузошт.                               

Маргталаб 20 ноябр ба толори ҷашние ҳамла кард, ки дар он руҳониёни афғон ҷамъ омада буданд. Магар  ҳамин аст мусулмонии террористоне, ки  дар роҳи  ислом ба даст яроқ гирифтаанд. Ҳол онки ислом  ҳамагуна амали зуроварию зулму ситам ва хушунатро  барои инсонҳо  равон намебинад.  Пас ин ислом нест, ин гуруҳҳои ифротии хунхореанд, ки зери байрақи ислом  барои мақому мансаб ва сарвату боигарӣ хуни ноҳақ мерезанд.

Гурӯҳҳои ифротгароии динию тафаккури ифротӣ ва  созмонҳои террористӣ ҳамчун як хатари бузурги минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, имрӯз амният ва мавҷудияти аксари кишварҳои мусулмоннишинро зери таҳдиди ҷиддӣ қарор додаанд.

Тавре маълум аст, гурӯҳҳои муосири ифротгароии динӣ, намояндагони мазҳабҳои гуногуни исломӣ, хусусан пайравони мазҳаби шиъа ва тамоми шохаву равияҳои онҳоро дар ҷумлаи мусулмонон ҳисоб намекунанд.

Дар баробари ин террорҳои бешумор дар Покистон, Афғонистон, Ироқ, Сурия ва дигар минтақаҳо баёнгари он аст, ки  озодии зиёди мазҳабӣ  таассубро дар ҷомеа зиёд карда ҷавононро  ифротӣ месозад. Чунки мардум ҳам зери бори таассуби динӣ  монда дар баробари мавъизаҳои ҷиҳодии таблиғгаронии мазҳабӣ хомӯширо интихоб мекунанд ё қисме бо қадри имкон ба онҳо ёрӣ мерасонанд.

Гурӯҳи ифротии ба ном «Давлати исломӣ» дар кишварҳои чандмазҳабӣ нишон додаст, ки онҳо аз таъқибу фишор ва қатли оми пайравони мазҳабҳои дигар худдорӣ намекунанд. Масалан, дар чанд муддати дар Афғонистон ба ҳокимият расидани гурӯҳи «Толибон» дар чандин минтақа қатли омми қавми ҳазора, ки аз аҳли ташайюъ ҳастанд, сурат гирифт. Дар ду соли ҳокимияташ бар баъзе минтақаҳои Ироқ ва Сурия даҳшатноктарин   амалҳои зиддифарҳангӣ ва зидди тамаддуниро ба намоиш гузошт, ки барои ҳамагон маълум аст. Онҳо баробари ишғоли шаҳрҳо  чун қабилаҳои ваҳшӣ вориди тамоми ёдгориҳои ҳунариву фарҳангии бостониро бо табару зоғнулу арраҳои барқӣ мешикастанд ва китобу мусаввараву нигораҳоро пора мекарданд.

Умуман, набард бо ҳунару фарҳанг, ҷанг бо мактабу маориф, душманӣ бо илму огоҳӣ,  нафрат ба таъриху тамаддун ва зиддият бо рушду ободӣ як ҷузъи унсурии моҳияти ин гурӯҳҳои ифротӣ мебошад. Онҳо таълимоти исломиро аз фарҳанг, аз ҷумла аз фарҳанги исломӣ ҷудо карда, онро аз арзишҳои олитарин чун илм, огоҳӣ, раҳму шафқат, ҳамзистӣ, некӣ, зебоӣ, созандагӣ ва ғайра холӣ мекунанд.  Яъне, фаҳмиши онҳо аз ислом як фаҳмиши дур  аз фарҳанг ва дур аз арзишҳои тамаддунофарини исломӣ аст. Онҳо як «Ислом» - и  холӣ, тира ва торики худро сохтаанд, ки умумияте бо таълимоти асили исломӣ надорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланди байналмилалӣ доир ба ин масъала ба аҳли башар гушрас намуда таъкид сохтааст, ки терроризм-ватан,миллат ва дину мазҳаб надорад.

Бинобар ин имрӯз вазифаи шаҳрвандӣ ва давлатдории мо ин аст, ки бояд чунин тафаккури миллаткуши гурӯҳҳои ифротӣ ҳаргиз ба Тоҷикистон роҳ наёбад. Зеро ин масъала барои мардум ва давлати Тоҷикистон на як «баҳси байни мазҳабӣ», балки як масъалаи буду набуди давлату миллат хоҳад буд.

Имрӯз зарурати он расидааст, ки мардуми кишварамон бо маънавиёти пешрафтаву худогоҳона дар муқобили ҳар гуна ифродгароӣ ва зуҳуроти номатлуби замони худ қарор гирад.Тоҷикистониён на бояд аз рӯи эҳсос бо масъалаҳои ҷиддӣ ва сиёсӣ бархурд кунанд, балки дар муқобили ҳар гуна мушкилот шуҷоатмандона истодагарӣ намуда дар шинохти нуқтаҳои заифу камбудиҳо ба хотири пирӯзӣ бар онҳо тарҳу барномаҳои мушаххас дошта бошанд.

                                                                                            Н. РАСУЛПУР