Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ВОКУНИШ

МАРОСИМИ САВГАНДЁДКУНИИ

САРКАРДАГОНИ ГУРӮҲҲОИ МУТАШАККИЛИ ҶИНОЯТИИ ХОРУҒ ВА РӮШОНУ РОШТҚАЛЪА ДАР НАЗДИ ҚОНУН (Изҳороти навбатии Ситоди байниидоравии таъмини амният дар ВМКБ)

Октябрь 24, 2018 11:51

ДУШАНБЕ, 24.10.2018./АМИТ «Ховар»/. 15-уми сентябри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолони вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон аз афзоиш ёфтани сатҳи ҷинояткорӣ изҳори нигаронӣ намуда, ҷиҳати таъмини волоияти қонун, тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, мусодираи силоҳу аслиҳа, лавозимоти ҷангии ғайриқонунӣ, ошкор ва пешгирӣ кардани қочоқ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷоннок намудани фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ  супоришҳои қатъӣ доданд .

 Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар вилоят Ситоди байниидоравии мақомотҳои таъмини амният таъсис дода шудааст ва фаъолияти он идома дорад.

Ситоди байниидоравӣ дар ҳамкории зич бо мақомотҳои дахлдор ва шаҳрвандони ба ору номуси шаҳри Хоруғ дар самти ислоҳи камбудиҳои аз ҷониби Сарвари давлат таъкидгардида ба як қатор натиҷаҳои назаррас ноил шуданд.

Натиҷаи фаъолияти якмоҳа дар ҷаласаи васеи Ситод бо иштироки фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии ВМКБ муҳокима гардид.

Дар робита ба дархосту муроҷиат ва аризаҳои хаттии сокинони вилоят, бахусус шаҳри Хоруғ ба нақшаи фаъолияти Ситоди байниидоравӣ тағйироту иловаҳо ворид карда шуд ва бо дастгирии ҳамаҷонибаи сокинони шаҳри Хоруғ тадбирҳои амниятӣ  пурзӯр гардидааст.

Бояд зикр кард, ки ба ҳолати то 22-юми октябри соли равон аз саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ Аёмбеков Толиб Абдраҳмонович, Мамадбоқиров Мамадбоқир Карамалишоевич, Мамадасламов Ёдгоршо Шомусалламович, Мазоров Хурсанд Мирзоҳаётович, Шанбиев Мунаввар Наврӯзбеккович ва сокинони алоҳидаи шаҳри Хоруғ ва дигар ноҳияҳои вилоят 201 адад силоҳи оташфишон, аз ҷумла: 76 адад «Автомати Калашников», 3 адад «Пулемёти Калашников», адад Гранатамёт, 1 адад Комплекси зенитӣ, 40 адад «Таппонча», 13 адад «Карабин», 66адад дигар намуди силоҳ, 38 адад норинҷак, зиёда аз 5350 адад лавозимоти ҷангӣ ва 960 грамм маводҳои тарканда мусодира карда шуд.

Фаъолияти пурсамари кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ ва шаҳрвандони боазму иродаи шаҳри Хоруғро дар мусодираи силоҳи оташфишон ва лавозимоти ҷангии ғайриқонунӣ қобили зикр аст.

Ситоди байниидоравӣ бори дигар ҳушдор медиҳад, ки бояд то охирин силоҳу аслиҳаи ғайриқонунӣ  ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ супорида шавад.

Имрӯз фурсати он расидааст, ки мо ҳама якҷоя дар зери шиори “Ваҳдати миллӣ — асоси зиндагии шоиста” кору фаъолият намуда, ба амали созандагӣ машғул шавем.

Бояд ёдовар шуд, ки Сарвари давлат дар масъалаи мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини волоияти қонун ва ба тафтишот ҳозир намудани ҷинояткорони дар ҷустуҷӯбуда нигаронии ҷиддӣ намуданд.

Дар натиҷаи роҳандозии чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ аз 21 нафар ҷинояткорони дар кофтукоб қарордошта  14 нафари онҳо ихтиёран бо аризаи худиқрорӣ ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ҳозир шуданд. Ситод аз 7 нафар ҷинояткороне,  ки дар ҷустуҷӯ қарор доранд, талаб менамояд, ки ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳозир шаванд, чунки ҳоло ҳам дер нашудааст.

Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат Ситоди байниидоравӣ ҷиҳати таъмини нақшаи даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар чорабиниҳои фаҳмондадиҳиро мақсаднок ба роҳ монда, дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ нақшаи муқарраршударо 120 % иҷро намуд.

Мутобиқи моддаи 14-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд танҳо ба мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳатии аҳолӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад.

Тибқи моддаи 19-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 11-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» ба мақомотҳои мазкур ҳуқуқ ва ваколат дода шудааст, ки ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои вобаста ба огоҳонӣ ва пешгирии ҷиноятҳое, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба салоҳияти мақомоти амнияти миллӣ ва ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мансубанд, шахсони воқеъиро барои роҳ надодан ба ҳаракатҳои ғайриқонунӣ расман огоҳ кунанд.

22-юми октябри соли равон аз ҷониби Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ дар ВМКБ, Раёсати Вазорати корҳои дохилии ҶТ дар ВМКБ ва Прокуратураи вилоят мутобиқи қонунгузории ҷорӣ саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Шуғнону Роштқалъа Айёмбеков Толиб Абдраҳмонович, Мамадбоқиров Мамадбоқир Карамалишоевич, Мамадасламов Ёдгоршо Шомусалламович, Мазоров Хурсанд Мирзоҳаётович, Шанбиев Мунаввар Наврӯзбеккович, Раҷабов Зоир Карамхудоевич ва Аловатшоев Амриддин Бозоровичро ба бинои Прокуратураи ВМКБ даъват гардида, дар алоҳидагӣ нисбати онҳо огоҳии расмӣ эълон карда шуд. Нисбати ҳар яки онҳо Протоколи огоҳии расмӣ тартиб дода шуд, ки он ҳамчун санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ эътироф мегардад. Номбурдагон ба Протоколи огоҳии расмӣ шахсан имзо гузоштанд.

Аз онҳо қотеъона талаб карда шуд, ки ба амалҳои ҷинояткорона қатъан хотима бахшанд. Махсусан минбаъд ба содир намудани ҷиноятҳои зерин роҳ надиҳанд:

— ташкилу роҳбарии гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, иттиҳоди ҷиноятӣ;

— даъват ва ҷалби ҷавонон бо мақсади содир намудани бетартибиҳои оммавӣ, ғасби биною иншооти давлатӣ;

— қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк;

— таҳқири намояндаи ҳокимият;

— авбошӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳу аслиҳа;

— гузаронидани ҷамъомадҳои афроди ҷиноятпеша (сходка);

— роҳ надодан ба содир кардани  ҳаракатҳои ғайриқонунӣ бар зидди амнияти давлату ҷомеа.

Ба саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ мафҳуми ҷиноятҳои моддаҳои зерини Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба категорияи ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин дохил мешаванд, пурра маънидод карда шуд:

— 187- Ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ);

— 182- Ғасби бино, иншоот, воситаҳои иттилоот ва алоқа;

— 188- Бетартибиҳои оммавӣ;

— 189- Барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ;

— 195- Ғайриқонунӣ соҳиб шудан, ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан, нигоҳ доштан, интиқол додан, гирифта гаштани силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш;

— 200- Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан;

— 201- Муносибати ғайриқонунӣ бо воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ;

— 237- Авбошӣ;

— 255- Қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк;

— 330-Таҳқири намояндаи ҳокимият.

Саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ як-як ӯҳдадор шуданд, ки дар сурати риоя накардани талаботҳои дар огоҳии расмӣ зикршуда ва содир намудани кирдорҳои дар боло баёнгардида  омодаанд, дар назди қонун бо тамоми қотеъият ҷавоб диҳанд.

Огоҳии расмиро муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон сардори РВКД дар ВМКБ генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода А.А., сардори РКДАМ дар ВМКБ полковник Меликов М.Э., муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Навҷувонов А.Ш., муовини Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исҳоқӣ А.Н., сардори Раёсати назорати тафтишоти пешакӣ дар мақомоти прокуратура, мушовири адлияи дараҷаи 1 Содиқзода Р.М., Прокурори ВМКБ Асозода Д.А., Прокурори раёсати Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наботов М., муовини якуми раиси ВМКБ   Мирзонаботов А. дар ҳузури намояндаи ҷомеаи шаҳрвандӣ Иргашев Ф. эълон намуданд.

Муҳимтарин вазифаи шаҳрвандӣ ва қарзи фарзандии ҳар як сокини мамлакат, бахусус, наврасону ҷавонон аз он иборат аст, ки Тоҷикистони азизамонро сидқан дӯст доранд ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд.

Бояд аз гузаштаи пурифтихору ибратомӯзи миллати фарҳангиву сулҳдӯст, соҳибмаърифату тамаддунсоз ва ободгару созандаи тоҷик сабақи мардонагӣ гирифта, ба Ватани аҷдодии худ, давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва миллати тоҷик ҳамеша содиқона хизмат намоянд.