Вс11242024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ВОКУНИШ

НАҲЗАТИЁНИ БАДХОҲ

Ифротгароию террористзм падидаи нав нест. Ҳанӯз дар давраҳои қадим зуҳур карда буду, гоҳ-гоҳе аз худ дарак медод. Он на фақат дар доираи дин аст, балки дар дигар масъалаҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ дида мешавад. Сиёсикунонии дин яке аз масъалаҳои сарбастаи низоми сиёсӣ дар кишварҳои Шарқи мусалмонӣ гардидааст. Давлатҳои дунявӣ ифротгароии диниро надоранд. Бадкунии давлатдории дунявӣ – демократӣ аз нуқтаи назари динӣ хатогии маҳз аст, ки онро гурӯҳҳои муайян дар муборизаҳои сиёсии худ истифода мебаранд ва динро парчами худ намуда, дар давлатҳои мусалмонии Шарқ оташи ҷангҳои ифротгароёнаро меафрӯзанд. Ҳизбу ҳаракатҳои дорои хусусияти динидошта одатан низоми давлатдории миллиро хилофи дини ислом, омили асосии паст задани дин дар ҷомеа мещисобанд. Хушбахтона имрӯз дар байни сокинони кишвари мо ба ин тамоюл баҳои дурусти худро медиҳанд ва чунин мешуморанд, ки фақат давлати дунявӣ-демократӣ метавонад динро тараққӣ дода, роҳҳои дурусти онро пешаи мардум гардонад. Аз сӯи дигар мутаассифона, дар тасавури баъзе афроди ҷомеа ақидаҳои нодурусти динӣ ҷой дорад, ки онҳоро ба гурӯҳҳои ифротгарою террорситӣ шомил мегардонад ва ақидаи носолими динии худро мехоҳанд, ки дар ҷомеаи демократӣ – дунявӣ амалӣ созанд. Онҳо мехоҳанд, ки ҷаҳон мувофиқи хости онҳо шакл бигирад. Гурӯҳҳои бадрафтор ва террористӣ барои ноил шудан ба нақшаҳои худ аз дин моҳирона истифода мебаранд. Ба монанди собиқ раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ, ки пайваста мехоҳад бо чунин роҳ сохти давлатдориро тағйир диҳад.

Вазъияти ногувори амният дар ҷаҳон, фаъолиятҳои гурӯҳи ифротгарию террористӣ тақозо менамояд, ки мо сади роҳи амалӣ шудани ниятҳои онҳо шавем ва ҳамеша дар корҳои ободонию созандагӣ ва рушди устувори иқтисодиёти ҷумҳурӣ саҳми худро гузорем.

Мо бояд насли наврасро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, худогоҳӣ ва инсондӯстӣ тарбия намоем. Зеро содагиву сабукандешӣ ва гаравиш ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоиву террористӣ ғайр аз пушаймонӣ чизи дигаре ба миён намеорад.

Нилуфар ДАВЛАТОВА, омӯзгори МТМУ №16