Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ВОКУНИШ

ҲАДАФИ НОПОКИ НАҲЗАТИЁН

                                 Агар саҳеҳтар назар афканем, пушида нест, ки ҳадафи асосии ин ҳизб аз байн бурдани давлати демократии ҳуқуқбунёду дунявӣ мебошад. Саркардагони ҳизби мазкур мехоҳанд дар доираи як мазҳаб ё як равияи ба мо бегона давлати худро бунёд кунанд. Яъне даъвои аслии инхо ин аст, ки бояд дар Тоҷикистон ҳамин гуна як давлати ба андешаи онҳо исломӣ  бунёд карда шавад. Онҳо бештар кӯшиш мекунанд, ки мафҳуми давлати демократӣ-дунявиро ҳамчун як мафҳуми зиддидинӣ муаррифӣ намоянд. Ба ибораи дигар роҳбарони ин ҳизби наҳзат ба мардуми Тоҷикистон ва созмонҳои байналхалқӣ фаҳмонданианд, ки Тоҷикистон як кишвари зиддидинӣ ва зиддиисломӣ мебошад. Албатта андешаву афкори соҳибони ҳизби наҳзати исломӣ, ки фаъолияташ дар кишвар манъ шудааст, ғалат ва хилофи меъёрҳои Конститутсияи Тоҷикистон мебошад. Дар шарҳи Конститутсияи Тоҷикистон ба таври равшан омадааст, ки низоми идораи Тоҷикистон зидди ягон адён нест. Бояд ёдовар шуд, ки дар пушти ин ҳизби аз фаъолият боздошташуда гурӯҳ ва шабакаҳое пинҳон ҳастанд, ки пешрафти иқтисодиёт, фаноравӣ, бедории миллӣ ва аминияту оромишро дар Тоҷикистон намехоҳанд. Роҳбарони ин ҳизб як шохаи тероризми байналхалқӣ буда, мардуми бофарҳанг ва боэмони Тоҷикистон ниёз ба идеологияи онҳоро надоранд.

Мо, зиёиён, бояд пеш аз дигарон дар ҷомеа симои аслии роҳбарони ҳизби наҳзати исломиро ба таври равшан фош намоем, то мардум ба суханони онҳо эътимод надошта бошанд. Дин ахлоқ, ибодат ва сулҳу оромиш аст. Дин таҳдид ва қатлу куштор, тахриб ва тундгароӣ нест. Дин эҳтиром ба пирон ва хурдсолон аст. Вале намояндагони ин ҳизби маҳкумшуда, динро барои ғаразҳои нопоки худ истифода мебаранд. Онҳо якҷо бо гурухои «Ал-Қоида», «Толибон», «ДИИШ» пайваста, нақшаҳои ғаразноки худро мехоҳанд дар Тоҷикистон амалӣ созанд. Инчунин ҷавононро ба иттиҳодияи

террористӣ ва экстремистӣ шомил намуда, ниятҳои нопоки худро амалӣ сохтанианд.

Вобаста ба ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2004 инҷониб ошкоро алайҳи гурӯҳҳои бадхоҳу ҳаракатҳои иртиҷоӣ мубориза мебарад. На танҳо дар қаламрави Тоҷикистон, балки дар қаламрави Осиёи Марказӣ ва дар миёни дигар давлатҳо якумин шуда аз дини Ислом пуштибонӣ намуда, борҳо таъкид кард, ки Ислом дини террористӣ ва экстремистӣ нест. Исломро ба терроризм омезиш кардан иштибоҳ аст. Вале, муттаасифона, баъзе ҷавонони бехабар аз таълимоти мазҳаби ҳанафӣ ба доми фиреби созмонҳои экстремистӣ ва ҳизби наҳзатӣ меафтанд ва онҳо ҳам роҳи гурез надоранд. Онҳо дар Афғонистон, Сурияву Ироқ мусулмонҳоро сар мебуранд, занону кӯдаконро зинда ба зинда оташ мезананд. Биноҳои маъмуриро вайрону валангор намуда, осори таърихиро ба коми оташ мекашанд. Тамоми рафтору кирдори онҳо хилофи таълимоти дини мубини ислом, Қуръони азимушаън ва хилофи таълимоти Паёмбари Ислом ҳазрати Муҳаммад (с) мебошанд. Аз ин хотир, мо ҳизби наҳзати исломиро ҳамчун ҳизби террористӣ-экстремистӣ шинохта ниятҳои нопоки роҳбари он Муҳиддин Кабириро маҳкум мешуморем.

М. Кабиров, директори  МТМУ №21.