ВОКУНИШ
ТЕРРОРИЗМ МАНШАИ БАДАХЛОҚӢ
- Подробности
- Опубликовано 16.10.2018 11:08
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси олӣ доир ба зуҳуроти ниҳоят хатарноки аср – терроризм ва экстремизм, ки дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир ва рӯз аз рӯз густариш пайдо кардани он таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд.
Вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди мусаллаҳшавии бошитоб, нишонаҳои марҳалаи нави «ҷанги сард» боиси нигаронӣ шудаат.
Ҷанги шаҳрвандӣ, ки солҳои 90-уми асри гузашта дар ҷумҳурии мо рух дод, таваҷҷуҳи тамоми мамлакатҳои ҷаҳонро ба худ ҷалб намуд. Сабаби асосии ба амал омадани ин ҷанг таъсири қувваҳои беруна буд. Имрӯз мардуми мо дарк намуданд, ки шомил шудан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро боиси ҷангу хунрезиҳо хоҳад шуд.
Мо, омӯзгорон дар ҳар як соатҳои таълимӣ ба хонандагон оиди хатари шомил шудан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва хатари онҳо ба ҷомеа суҳбатҳо мегузаронем. Дар дарсҳо зиракиву ҳушёрӣ, ҳисси баланди ифтихори ватандориву ватандӯстӣ ва худшиносии миллиро дар байни хонандагон тарғиб менамоем. Мо, аҳли зиё сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ менамоем. Шукронаи тинҷию оамонии имрӯзаро менамоем. Дар баробари ин амали зишти созмонҳои террористиву экстремистиро маҳкум менамоем.
Н. МИРЗОЕВ, омӯзгор.