ВОКУНИШ
ВАТАНФУРӮШИИ ҲИЗБИ НАҲЗАТ
- Подробности
- Опубликовано 15.10.2018 13:44
Ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳизби ҲНИ, ягона ҳизбе бо мақсадҳои ғаразнокаш миёни аҳолии кишвар нуфӯзе пайдо накарда барҳам хӯрд.
Чунончи медонем ин ҳизби террористӣ аз рӯзҳои аввали фаъолияташон барои аз худ намудани ҳокимияти давлатӣ, ташкили гурӯҳҳои ғайриқонунии яроқнок ва ташкил намудани гурӯҳҳои террористӣ кӯшиш мекард. Имрӯз қисме аз роҳбарони ин ҳизби фаъолияташ манъшуда берун аз ҷумҳурӣ бо дастгирӣ ва сарпарастии хориҷиён бо истифода аз ҳар гуна буҳтон ва суханони беасос ба воситаи шабакаҳо аз худ дарак медиҳанд. Онҳо бо ин кирдорашон мехоҳанд, ки фазои орому осудаи моро халалдор намоянд. Вале онҳо ва пайравонашон дарк накардаанд, ки мо, тоҷикистониён аз кирдори ин ҳизб бохабарем ва сулҳу оромии Ватанро чун гавҳараки чашм ҳимоя мекунем.
Ман боварӣ дорам, ки мардуми тоҷик побанди ақидаҳои ҲНИ нахоҳад шуд. Чунки терроризм ва экстремизм ба мо бегона аст. Мо, шаҳрвандони тоҷик бо пуштибонӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ободӣ, гулгулшукуфии Ватани азизамон камари ҳиммат мебандем.
Азизова М. МТМУ №34