Вс11242024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ВОКУНИШ

ТЕРРОРИЗМ ВА ТЕРРОРИСТ - ДУШМАНИ МИЛЛАТ

 

Терроризм имрӯз дар ҷаҳони муосир доман паҳн кардааст, ки мақсади ягонааш халалдор намудани ҳаёти осоиштаи мардум мебошад. Терроризм чун рӯйдоди хавфноку мушкил дар замони муосир ба ҷомеаи инсонӣ дар баробари фишору ҳамлаҳои психологӣ, инчунин хисороти молию маънавиро низ ба миён оварда, нобоварию бадбиниро нисбати гурӯҳҳои иҷтимоӣ миёни кишварҳо тавлид менамояд.

Имрӯз ҳизби наҳзати ислом дар хориҷ ва дохили кишвар чунин амалро таҳти роҳбарии пешвои гурезаашон Муҳиддин Кабирӣ ба душ дорад, ки мехоҳад ҳаёти осоиштаи мардуми тоҷикро халалдор намояд.

Мардуми тоҷик аллакай дӯстро аз душман ҷудо намудааст ва фирефтаи чунин шахсони бадхоҳи миллат намешаванд, гарчанде ки Муҳиддин Кабирӣ дар расонаҳои хабарӣ иғвоҳои зиёдро мебардорад.

Дар чанд соли охир терроризм чун проблема дар ҷаҳони муосир доман паҳн намуда, он сол то сол дар амалисозии ниятҳои нопокашон ҳатто аз техникаву технологияи муосир истифода мебарад.

Дараҷаи хатар, ки терроризм дорад, кишварҳои абарқудратро водор намудааст, ки қонунҳо қабул намоянд то ба онҳо имкони амалиёт надиҳанд.

Аз ҷумла Ҷумҳуриии Тоҷикистон дар масъалаи мубориза ба муқобили терроризм ва экстремизм бетараф нест.

Коллективи омӯзгорони муассисаи таълимии рақами 10 низ доири ин масъала мавқеи роҳбарияти кишварро пурра дастгирӣ намуда, ба фаъолияти ҳизби наҳзати исломӣ ҳамчун ҳизби террористӣ баҳо мегузорад. Пас аз тамошои филмпораҳо даҳшати кори нопоки террористон ба мо бори дигар аён шуд.

Бори дигар мо амалҳои нопоки терроризм ва эктремизмро маҳкум менамоем. Мо набояд фирефтаи ваъдаҳои ин гурӯҳҳои шайтон шавем ва мо то ҷон дар рамақ дорем, бар зидди террористону ифротгароён муборизаи беамон мебарем, зеро онҳо душманони аҳли башаранд.

Омӯзгорони МТМУ №10