ВОКУНИШ
ДАР ВАРШАВА МУҲИДДИН КАБИРӢ АЗ НОМИ ИСЛОМ БА МАНФИАТИ ХУД СУХАН МЕГӮЯД
- Подробности
- Опубликовано 13.09.2018 16:17
Дар ҷаҳони муосир гурӯҳҳое мавҷуданд, ки бо роҳи дуруғпароканӣ ва тавтеапардозӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то дар фазои маҷозӣ ба зеҳнҳои одамон таъсиргузорӣ намуда, афкори пучу хуруфазадаи роҳбарону масъулони ТТЭ ҲНИ-ро дар баъзе сомонаҳои ифротии бо забони тоҷикӣ интишоршаванда, ки фаъолияти иғвобарангеза ва сиёҳкорӣ доранд тарғиб намоянд.
Аксари ин нафарон он қадар пурпӯсту беномусанд, ки бо ҷиноятҳои бешумори анҷомдодаашон бо шурӯъ кардани ҷанги дохиливу зери хатар гузоштани ҳастии давлату миллат дар солҳои 90-уми қарни гузашта ва дубора даст задан ба исёнандозиашон дар соли 2015 ибрат нагирифтаву боз нашармида аз манофеъи миллӣ ва адлу инсоф аз минбарҳои баланди нишастҳои ҷаҳонӣ чун нишасти ҳуқуқи башар дар Варшава ҳарф мезананд. Имрӯз дастандаркорони ин ҳизби террористӣ гӯё ба истилоҳи худ даъво аз манофеи миллӣ мекунанд, худ то куҷо ин мафҳумро шинохтаву дарк кардаанд. Магар ҳаминҳо набуданд, ки солҳои 90-ум ноамнию бесуботиро эҷод кардаанд ва вуҷуди Тоҷикистонро ба ҳайси давлат зери суол бурданд.
Ҳол он ки Муҳиддин Кабириву пайравонаш хуб медонанд, ки мафҳуми миллат фақат ба дин ва ё мазҳаб ба анҷом намерасад, зеро он фаротар аз ин мафҳумҳо буда, дин метавонад танҳо ҷузъи унсуре дар сохтмони миллат бошад ва табиати як миллат наметавонад бовару эътиқодҳои мухталиф дошта бошад. Вале барои онҳо манофеи миллӣ, ки иборат аст аз маҷмӯи манфиатҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, хуқуқӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, илмӣ, муҳим ва зарур аз ҳаёт арзёбӣ мегардад. Вобаста ба ин бе ҳеҷ ваҷҳ ҳизби динӣ, ки чорчӯбаи фаъолияти хешро дар асоси назарияҳои динӣ таъсис медиҳад, наметавонад ҷавобгӯи манфиатҳои як миллат бошад ва онҳоро дар субот нигаҳ дорад. Дар ҷомеаи имрӯзаи ҷаҳонӣ низ таҷрибае вуҷуд надорад, ки азҳоби сиёсие, ки аз дидгоҳи диниву мазҳабӣ баромад мекунанд, тавониста бошад миллатро пӯё ва шукуфо намоянд, зеро назариёти догматикии эшон наметавонад, ҳамаи пешрафту дигаргуниҳои ҷаҳони имрӯзаи инсониро таъмину инкос намояд.
Аз ин рӯ, дар ҳар кишваре, ки низоми сиёсии динӣ ҳоким аст, дар он ҷо ҳарф задан аз озодию демократия ва таъмини ҳуқуқуҳои инсон ғайриимкон аст. Ҳамин аст, ки чи дар тӯли таърих ва чи дар низоми сиёсии ҷаҳони муосир сабук тарин низомҳо, низоми сиёсии динӣ мебошад. Дар чунин навъи низом дигарандешӣ, озодандешӣ, баробарҳуқуқӣ вуҷуд надорад. Хушунат, вопасгароӣ, беҳуқуқӣ, бадгардонӣ хоси ин гуна кишварҳои дорои низоми исломист.
Аз тарафи дигар нафаре ё ҳизбе, ки дастури давлатҳои дигарро анҷом медиҳад бо пулу сармояи бегонагон фаъолияти хешро анҷом медиҳад, чӣ гуна метавонад дифо аз манфиатҳои миллӣ дошта бошад? Чунин нафарон ҳатман на аз манфиатҳои миллии худ, балки аз манофеи хоҷагону сармоягузорони хориҷиашон ҳимоят менамояд, ки ин дар зиндагиномаи Кабирӣ ва пайравонаш аз ҲНИ бараъло ҳис шуда истодааст.
Дар ҳоле, ки барои чунин нафарон (наҳзатиҳо) азму иродаи озод вуҷуд надорад ва худашон ба тафсили дасти бегонагон табдил ёфтаанд, чӣ гуна метавонанд дигаронро ба озодӣ ва демократия раҳнамун созанд? Дастандаркорони ТТЭ ҲНИ боре воқеиятро тавассути расонаҳо иброз намедоранд, ки дар онҳо иродаи озод вуҷуд надорад, зеро иродаи озод дар ҳизб ё гурӯҳе вуҷуд дошта метавонад, ки он аз назари молиявию иқтисодӣ худкифо бошад.
Бечоранолӣ, худро мазлум нишон додан ба хотири ҷалби бештари тарафдорон ва барои расидан ба ҳадаф барои сарварони ин ташкилоти террористӣ муҳим аст, вагарна бӯе аз гуманизму инсонсолорӣ надорад, зеро дар таърих бадтарин ва қабеҳтарин кушторҳо ба дасти гурӯҳҳое сурат гирифтааст, ки хешро бардурӯғу ҳомии дину мазҳаб эмол доштаанд ва аз боварҳои мардум сӯиистифода намудаанд. Вақте чунин нафарон аз миллат ҳарф мезананд, дурӯғ мегӯянд, зеро барои ин қабил фаҳмиши миллате, ки мутобиқи замон муосир мебошад, вуҷуд надорад. Дар баробари ТТЭ ҲНИ айни ҳол мисоли воқеии гуфтахои боло ДИИШ, Ҳаракати Толибон, Боко ҳарам ва ғайраҳо буда метавонанд.
Барои наҳзатиҳо таҳти сарварии Муҳиддин Кабирӣ дин ва бовариву эътиқоди мардум як навъ бизнес ба ҳисоб меравад, аз ин рӯ шак нест, агар онҳоро дӯкондорони дин биномем. Барои дӯкондорони дину миллат бовару эътиқодашон ва манфиату ҳайсияти фардиашон аст. Гоҳе ки аз демократия ва ҳуқуқи башар ҳарф мезананд, боз ҳам дурӯғ мегӯянд ва маккорӣ мекунанд, афроде, бо чунин тафаккури террористӣ ҳамеша пайгири ҳукуматҳои истибдодиянд.
Аз ин рӯ, аз ҳуқуқи башар ҳарф задани сарварони ин ташкилоти террористӣ, гул задани ҷомеаи ҷаҳонист. Ришу дасторро канор задани роҳбари ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ ва галстуку шиму кастюм пӯшиданаш ҳам як навъ маккорист, ки бо ҳилла мехоҳанд нишон бидиҳанд, ки як марди ҳозиразамон ҳастанд. Хол он ки ин марди ҳозиразамон дар андешаи он ҳаст, ки ҳар рӯз бояд чандин амалҳои террористӣ ташкил намуда, садҳо нафаронро ҳалоку захмӣ намояду давлати исломие, ки мақсад паст задани ҳуқуқи инсон аст барпо намояд.
Аз ин рӯ, даъвоҳое, ки фирориёни ТТЭ ҲНИ дар хориҷи кишвар роҳандозӣ мекунанд, гӯё онҳо демократия, ҳуқуқи башар ва адолати иҷтимоиро мехоҳанд, ҳарфҳои фиребгаронаю дурӯғпардозонае беш нест. Онҳо танҳо аз ин роҳ мехоҳанд мағзҳои содабоварро ба худ моил гардонанд. Аз тарафи дигар онҳо на ҳомии манфиатҳои миллӣ, балки ҳомии пардаҳои сиёсии хоҷагони хориҷии хеш мебошанд.
Анвар САЪДУЛЛОЕВ, сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Ҷамоати деҳоти Мискинобод